Бахшҳо

Ақибнишинии Саудӣ аз сохтмони парлумони Тоҷикистон: Худоро шукр, Чин грант дод (ВИДЕО)

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон ақибнишинии Арабистони Саудиро аз сармоягузории бинои нави парлумони кишвар тасдиқ карда, изҳор дошт, маблағгузории ин биноро Чин ба уҳда гирифт.

Аҳмадзода имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, маҷмааи нави парлумони Тоҷикистон дар маркази пойтахт бо гранти 100 фоизаи Чин бунёд мегардад. Ӯ ҳаҷми гранти Чинро ҳудуди 230 миллион доллари амрикоӣ гуфт: “Ҳозир грант ҷудо шуд. Корҳои топографӣ оғоз шуд, лоиҳасозӣ аз тарафи пажуҳишгоҳ идома дорад. Сохтмони бинои нави парлумон то охири сол оғоз хоҳад шуд”.

Дар мавриди бинои нави ҳукумат Аҳмадзода изҳор дошт, ки нисбати лоиҳаи он баъзе эродҳо буд ва феълан ислоҳи он идома дорад: “Маблағгузории онро низ Хитой ба уҳда гирифт”.

Дар ҷавоб ба ин суол ки "дар шароити буҳронӣ бунёди чунин маҷмааҳои боҳашамат то куҷо дуруст аст", раиси Кумитаи сохтмон гуфт, “мо бояд Худоро шукр гӯем, ки грант доданд, коргарҳои мо бо ҷои кор таъмин мешаванд. Биноҳои фарсуда буданд, ҳозир ҳамааш нав мешавад. 53 метр гулгашт мешавад, хуб нест? Бинои парлумон аз 4 ошёна иборат аст, аммо хеле баланд бунёд хоҳад шуд”.


Мӯҳр
Бинои Порлумон набояд аз хисоби як давлати хоричи сохта шавад!
Пагох чи гуна ин вакилони мухтарам дифо аз манофеи Миллати мо мекунанд, хол он ки мизи, ки нишастааст аз худаш нест?
Ба Худо Касам рузе мерасад ин чиноихо таана мекунанд, ки биное, ки алон зераш нишастаед моли мост, Ва аз хисоби миллати чин сохта шудааст........

тошболта
дар парлумони нав чанд вакил аз худамон мешаду чандто аз чиноихо ???

101
Инаст натичаи бо умеди оши хамсоя турб тарошидан

О грантро хитой дода бошад оллох причём! Баъд Чин нагуфтаст ки парламент соз онхо гуфтанд ки заводу фабрика созед

сода
А бача баъмеди чинай мочинай нашен ки баъд пула бте гуфта бинора накаша бгира ки сармон бебино мона.

Кош ҳамон порлумон ягон аҳамият дошта бошад. Вакилони хомӯш. Ҳарчи президент гӯяд, ҳамон мешавад. Порлумон гуфта Конгресси Амрикоро мегӯянд. Ана он порлумони ҳақиқист. Бе тасдиқи Конгреси ИМА ягон қарори Трамп намегузарад.

Сири бепул дар мушкаппак,чаноби раис. Чинихо девона нестанд,ки 230000000$-ро ба точикхо бе ягон накша диханд. Как всегда зери коса нимкосаи дигар хаст.

Наход ки бинои Парламенти як кишвари сохибистиклол аз пули мамлакатхои дигар сохта шавад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)