Вазир: Даврае, ки сабзӣ 20 ва картошка 60 дирам буд, гузашт (ВИДЕО)
Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ истиқбол карда, гуфт, даврае, ки сабзӣ 20 дираму картошка 50-60 дирам буд ва деҳқон зарар медид, гузашт.
Сатторӣ имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, картошка имрӯз аз арзиши аслияш 2 баробар қиматтар фурӯхта мешавад: “Вақте маҳсулот арзон мешаваду деҳқон зарар мебинад, касе ин масъаларо ба миён намегузорад. Намегӯем, чаро меваҷоту полезӣ, тарбузу харбуза нисбати ҳамин давраи соли гузашта арзон аст, деҳқон зарар мебинад. Аммо дар мавриди картошка мегӯем. Сабаби асосии баланд шудани нархи картошка дар он аст, ки деҳқон имрӯз, маҳсулоти худро аз арзиши аслии маҳсулот баландтар мефурӯшад. Арзиши аслӣ 1 сомонию 40, 1 сомонию 50 дирам аст. Имрӯз дар бозори “Сомон”, ки ба фуруши яклухт машғул аст, арзиши картошка 3,4-3,5 сомонӣ аст. Аз сари замин 2,5 то 3 сомонӣ харидорӣ мешавад, ба он нархи роҳкиро ва миёнаравҳо зам мешавад ва дар бозор ба фурӯш гузошта мешавад”.
Ӯ афзуд, ки дар маҷмуъ ҷонибдори болоравии нархҳо нест: "Танҳо мехоҳем, деҳқон маҳсулотро аз арзиши аслияш каме боло фурӯшаду зарар набинад. Тарафдорем, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ дастрас бошад. Картошкаро ҷамъ кардем. Аввалин мошинҳо аз Мастчоҳ, Панҷакент, Муъминобод, Шурообод ворид шуданд. Боварӣ дорам, ки нархи картошка арзон мешаваду баланд не".
Вазири кишоварзӣ таъкид намуд, ки фикри деҳқонро ҳам бояд кард, ки мехоҳад маҳсулоташро аз арзиши аслияш баландтар ба бозор барорад: “Деҳқон ҳам мисли мо одам аст, мехоҳад, соҳиби зиндагии шоиста бошад. Ба ҳамин хотир раҳми деҳқонро кӣ мехӯрад? Деҳқон дар кишту фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ озод аст”.
Сатторӣ иддаоро, ки баланд будани нарх, нишони кам будани маҳсулот дар бозор аст, рад карда, афзуд, маҳсулот, аз ҷумла пиёзу картошка дар бозорҳои пойтахт кофист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |