Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:18

Д.Муродзода дар бораи ҳодисаҳои нохуш дар НБО Роғун (ВИДЕО)

20 июл 2017, 16:38

Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, давоми шаш моҳи солӣ ҷорӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун 21 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд расида, як нафар ҷон додааст.

Дӯстмурод Муродзода, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 20 июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин 21 ҳодиса “як ҳолати фавт, чор ҳолати нохушии вазнин ва 16 ҳолати нохушии сабук дар субъекти хоҷагидорие, ки дар иншоотҳои сохтумони бунёдшавандаи НБО-Роғун фаъолият доранд, рух додааст”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар як ҳодисаи рухдода аз ҷониби корфармо мавриди тафтиш қарор гирифта, санади дахлдор тартиб дода мешавад. “Ҳодисаҳое, ки ба марг оварда мерасонад, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои чораҷӯӣ, тафтиш ва ҳалли масъалаи оғозу рад кардани парвандаи ҷиноятӣ ирсол карда мешавад”,-афзуд ӯ.



Ба гуфтаи Муродзода, вазифаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва куҳкорӣ тафтиши ҳодисаҳои нохуш, муайян намудани андозаи ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳои яквақтаву доимӣ мебошад, ки бояд ба хонаводаи зарардидаҳо расонида шавад: “Зеро ин кафолатҳои конститусионӣ буда, дар Кодекси меҳнат пешбинӣ шудааст”.

Қаблан Раҳим Санъат Асо, раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон низ зимни нишасти хабарӣ аз 12 ҳодисаи нохуш хабар дода буд, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ аз 12 ҳодисаи нохуш 4 кушта ва 8 маҷруҳ ба сабт шуда нисбати соли гузашта 8 ҳолат кам мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!