Бахшҳо

ВИДЕО: Ректори Донишкадаи исломӣ дар бораи либоси миллӣ

Масъулини Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам мегӯянд, тарҳи либосҳои миллиеро барои донишҷӯдухтарон омода кардаанд, ки посухгӯи талаботи шариати исломӣ мебошад.

Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори донишкадаи мазкур имрӯз, 21 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо Маркази исломии кишвар, фатво ва назари коршиносонаи онҳо бо ҳадафи “парҳез намудан аз шакли зоҳире, ки бо фарҳанги мо бегона аст”, таҳия шудааст.

Ӯ гуфт, ҳоло 90 дарсади донишҷӯдухтарон ин либосро ба бар мекунанд.

Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар идома гуфт, баъзан чунин андеша баён мешавад, ки пӯшидани либоси арабӣ, эронӣ ё туркӣ нишонаи Ислом аст: “Ман дар як матлаби худ, ки дар нашрияи “Ҷумҳурият” нашр шуд, дар ин робита мисол задам, ки дар Индонезия, кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва ё кишварҳои арабие монанди Миср миёни масеҳӣ ва мусалмон аз назари либос тафовут дида наметавонед. Маънояш ин аст, ки либос либоси динӣ набуда, либоси миллии онҳост”.

Тоҷиддин Асомуддинзода афзуд, “либоси миллӣ бояд дар ҳама ҷо мадди назар бошад ва тибқи эҳтироме, ки дар шариати муқаддаси Ислом ба миллат ва қавм аст, метавонем бо доштани либоси миллӣ тамоми талаботи шариати Исломро ба ҷо биорем”.

Мӯҳр
...вале худаш либоси урупоӣ дар тан дорад! Магар либоси миллӣ фақат ба зану духтарҳо тааллуқ дорад? Тоҷикон чӣ либоси миллӣ доранд?

сарсони саргардон
Дар навор намунаи ин либосхо чаро оварда нашудааст?чунки бовари дорам гардан пушида намешавад бинобар ин либосашон тибки талаботи шариат нест,агар ин либос ба шариат чавобгу бошад чаро факат ба чавон духтарони донишкадаи исломи будааст чаро барои хама тавсия намекунед ки хохаронамон пушанд

беном
Либоси миллии точикон; токи, салла, чомаю челак, эзор ва аз пойафзол муки ва чорук.

Paymon
Вақте либоси миллӣ мегӯянд, фақат зану духтарҳоро дар назар доранд. Либоси миллии мардҳо, чӣ? Чаро дар ин бора касе сухан намекунад. Илова бар ин, агар мардеро дар кӯчаҳои пойтахт ба ҷелаку маҳсииву салла бинанд, ҳама ба ҳайрату тааҷуб ба сӯи у менигаранд. Дар ҳоли ки арабҳо бо либоси миллиашон бемалол дар идораҳои давлатӣ ва шахсӣ фаолият мекунанд. Касе боре ба Дубай сафар кардааст, инро ҳанӯз дар фурӯдгоҳи Дубақ ҳатман дидааст. Мо бояд эътироф кунем, ки либоси миллии мардонаи тоҷикон аз байн рафтааст.

озодхох
э каседа чизе мефора пушидангири барои чи бо дағ даға меге мо давлате (демократи) кани ҳамон да русия аврупо касе чизе мехоҳа пушидан мегира

олими
Бас аст дар бораи либосу либоспуши бахс кардан, Точикистон чумхурии демократи эълон шудааст ва касе,ки чи либосе мепушад пушидан гирад, хуб мешуд,ки хукумат ба иктисодиёт бисёртар ахамият медод ва мардумро бо чойхои кори таъмин мекард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)