Бахшҳо
21 июл 2017 13:01Тоҷикистон / Сиёсат

Идомаи суолу ҷавоб бо вазир: Аз ҲНИТ дар феҳрасти “ШОС” то “мусалмон”-шавии қотилон дар маҳбас

Хабаргузории "Озодагон" идомаи суолу ҷавоби хабарнигорон бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистонро, ки имрӯз, 21-уми июл сурат гирифт, пешниҳоди хонандагон мекунад.

Суол: Хабари “Ховар” дуруст аст, ки ҲНИТ ба феҳрасти гуруҳҳои террористии Созмони ҳамкории Шанхай ворид шудааст?

Вазир: Ин як расмиёт дорад. Расмиёти давлатӣ ва байнидавлатӣ. Дертар ҳам бошад, ҲНИТ-ро ҳамчун ниҳоди террористӣ ба қайд мегиранд. Ниҳоди зиддитеррористии СҲШ ҲНИТ-ро ба феҳрасти террористӣ ворид мекунад.

Суол: Дуруст аст, ки “Ниҳонӣ” тахаллуси шоирии шумост?

Вазир: Бошад! Чаро не? Ҳамаи роҳҳое, ки ба фоидаи ҷамъиятанд, барои нишон додани аҳамияти амнияту тартибот мо аз роҳҳои гуногун истифода мебарем. Шеър ҳам менависем, мақола ҳам менависем.

Суол: Нархи иваз намудани рақами давлатии мошинҳо қимат аст, имкони арзонкунии он нест?

Вазир: Нархи расмии ивази рақами давлатӣ 420 сомонӣ аст, аз ин ягон сомонӣ зиёд надиҳед. Дар мавриди имконият арзонкунӣ, боз супориш медиҳам, ки омӯзед, агар имкон бошад, арзонтар кунед.

Суол: Алайҳи шиканҷа чӣ чора меандешед?

Вазир: Яке аз масъалаҳои мубрам, ки ҳар як рӯз ман дар бораи он гап мезанам, дар ҷаласаҳо, ҳангоми таъиноту барканорӣ таъкид мекунам, ки аз шиканҷа дур шудан даркор. Роҳҳои кушодани ҷиноят зиёд аст. Ман доим таъкид менамоям, ки бигзор ҷиноят нокушода монад, аммо тариқи шиканҷа ҷиноятро бори шаҳрвандон накунед. Шикоятҳо ҳаст дар ин маврид. Аммо баъзан ҷинояткорҳо беасос шикоят мекунад. Худаш одам мекушд, таҷовуз мекунад, аъзои ДИИШ аст, вақте дастгираш мекунем, мегӯяд маро шиканҷа карданд. Муроҷиатҳоро баррасӣ мекунем, аммо бисёри онҳо тасдиқи худашро намеёбанд.

Суол: Таблиғи ифротгароӣ дар маҳбасҳо густурда аст, баъзан ҷавонон бо ҷурми ҷиноятҳои сабук маҳбасӣ мешаванд, аммо он ҷо зери таъсири таблиғоти густурда қарор мегиранду хатарноктар шуда, ба озодӣ мебароянд. Роҳи ҳалли ин мушкилро дар чӣ мебинед?

Вазир: Ин мушкили иҷрои ҷазои ҷиноӣ аст ва он воқеан ҷой дорад. Вобаста ба шароит ва имкониятҳо маҳбасҳо ҷудо карда мешаванд. Баъзан ифротгарою одамкушу таҷовузгар таҳти таъсири таблиғот дар маҳбас гӯиё “мусалмон” мешаванд. Ин ба иродаи суст бастагӣ дорад ва чунин афрод дар куҷое набошанд, таҳти таъсири гуруҳҳо қарор хоҳанд гирифт. Супориши роҳбари давлат аст, ки ин масъалаҳо дида мешаванд.

Суол: Дар масъалаи шиносномагирӣ ва гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ миёнаравҳо хеле зиёданд ва ин ба нархи ҳуҷҷатҳо низ таъсир мерасонад. Раёсати амнияти дохилии шумо дар ин самт чӣ кор карда истодааст?

Вазир: Бархе миёнаравҳо аз худи ҳамин амнияти дохилиянд. Рост мегӯям. Набошад, барои чӣ дастгир намекунанд? Ин бахшҳо бо мардум сарукор доранд ва шикоятҳо низ дар ин бора ҳастанд. Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар доираи қонун амал намоянд, зеро маҳз чунин корҳо обрӯи мақомоти милисаро мерезонанд. Дар ин масъала боз чораандешӣ мекунем.
Мӯҳр
лоик
Чаноби вазир! Чаро шиносномаи хоричиро шахрвандони Киргизистону Узбакистон дар 1 ё 2 руз сохиб мешаванду шахрванди Точикистон то як мох ва хатто зиёд интизор мешавад? Ё шиносномаи хоричии мо дар Мадагаскар чоп мешавад??

Шахрванд аз пойтахт
Чаноби Вазир!!! Аз Шумо хихиш менамоем, назоратро аз болои макомоти шиносномадихи пурзур намоед. он кадар бенизомию тамаъкорие, ки дар ин чост....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)