Бахшҳо

Хайр Русия, салом Аврупо-самти нави муҳоҷирати тоҷикон (ВИДЕО)

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, коҳиши муҳоҷирати шаҳрвандон ба Русия идома ёфта, тайи шаш моҳи аввали соли равон 237 ҳазору 70 тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаанд ва ин нисбати нимсолаи аввали соли гузашта 2,4% кам мебошад.

Дар ин бора Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки мақомоти тобеяш барои роҳёбии муҳоҷирони тоҷик ба Аврупо талош доранд ва феълан гуруҳи муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон кор мекунанд: “Давоми соли ҷорӣ, мо ба як ширкати ватанӣ барои бурдани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Олмон ва дигар давлатҳои Аврупо иҷозат додем ва ин ширкат шаҳрвандони моро он ҷо назорат хоҳад кард. Шартномаҳои меҳнатие, ки бо кордиҳанда баста мешавад, ҳатман мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд, зеро мо бояд ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони худро баъди ба дигар давлат рафтани онҳо ҳимоят карда тавонем”.

Хонум Тағойзода зикр кард, ки бурдани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Аврупо мушкилӣ дорад, зеро Аврупо ба мутахассисони баландпоя ниёз дорад. Вазири меҳнат мушкили забониро яке аз монеаҳои дигар дар роҳи муҳоҷирони тоҷик ба сӯи Аврупо хонд: “Аммо сари ин масъала корҳо рафта истодааст, курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ ва омӯзиши ин ё он ихтисос роҳандозӣ шудааст”.


Мӯҳр
мухочир
То кай мардуми точик дар хорича сарсону саргардон мегардад,чаноби вазир?
Оё аз хешу табори Шумо нафаре дар мухочирати кори дар хорича ,хусусан дар Россия хаст ё не? Ва Шумо хамчун вазири мухочират аз ахволи мухочирони кори дар Руссия хабар доред,ки чи тавр дар азобанд?

Омӯзиши забони англисиро дар макотиб ва донишгоҳҳо васеъ бикунед. Бояд ҳар рӯз дарс хонда шавад. Вале беҳтараш онки фанҳои гуманитарӣ бо забони тоҷикӣ дарс дода шавад, фанҳои дақиқ бошад, ба забони англисӣ. Ин кори яку дусола нест, вале марҳила ба марҳила ба ҳамин система гузаштан мумкин. Тоҷикистон бояд бо мурури замон аз зери таъсири геополитикии Русия барояд, вагарна ҳеҷ вақт рушду тараққиро намебинад. Ҳамеша бозори арзони мардикор хоҳад монд.

Чӣ, вазифаи вазирии шумо фақат аз бурдани тоҷикон ба муҳоҷирати меҳнатӣ иборат аст? Дар бораи масъалаи "бо кор таъмин кардани онҳо дар Тоҷикистон" фикр накардаед. Агар фикр накарда бошед, як фикр кунед!

О бисер мухочироне ки каблан рафта буданд, баъзеашон барнамегарданд, бвъзеашон шахрвандии Русияро гирифта истодаанд..

саид
АСЛАН САБАБИ АСОСИИ ЗИЁД ШУДАНИ МУХОЧИРОН ИН ТАВАЧЧУХИ КОСТАИ ВАЗОРАТИ МЕХНАТ МЕБОШАД , ОИДИ ИН РАВАНД САБАБХОИ ЗИЁД МАВЧУДАНД,КИ БОЯД ТАНХОИ БАР ЗИММАИ ВАЗОРАТ ГУЗОШТА ШАВАД БОЯД ВАЗОРАТ ТО ЧОЕ АЗ ХУКУМАТ ЧИХАТИ ТАЪСИС ДОДАНИ ЧОЙХОИ НАВИ КОРИ МУРОЧАИТ КУНАД.....ИН РАВАНД МЕТАВОНАД КИ БА ЗИЁДАШАВИИ ТЕЪДОДИ МУХОЧИРОН МОНЕА ШАВАД..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)