Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 19 июн 2019, 00:36

Муҳоҷирони “гумшуда” аз Тоҷикистон: Сарнавишт ва ё чизи дигар?

24 июл 2017, 16:27

Як сол қабл Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон теъдоди ашхоси “гумшуда” ва ё шумори онҳоеро, ки “бедарак” шудаанд, беш аз 1600 нафар унвон карда, эълон дошт, ки аксари эшон ба кишварҳои дуру наздик ба муҳоҷират рафта, дигар аз худ дарак надодаанд.

Ба иттилоъи созмони мазкур, ҳисобҳои муқаддамотӣ ҳокӣ бар онанд ки аз ин шумора, сеяки онҳо дар муҳоҷирати кории Русия “гум” шудаанд. Аммо ин омор ба назар чандон саҳеҳ наменамояд ва то ҷое ба мо рӯшан шуд, як чунин пажӯҳишу омор дар ихтиёри вазороту идораҳои марбутаи Тоҷикистон мавҷуд нест. Гуфта мешавад, то ҳанӯз дар ин росто сохторҳои зидахли кишвар феҳрасти ягонаро омода, таҳия ва нашр накардаанд.

Ҷустуҷӯ ва ковишҳои мо низ дар ин раванд, яъне дақиқ кардани теъдоди муҳоҷирони гумшуда ба мушкил мувоҷеҳ гардида, сабабҳои объективӣ ва субъективӣ барои идомаи тадқиқот “садди сангин” гардиданд. Аз як тараф, вуҷуд надоштани омори мушаххас дар ин самт, аз сӯи дигар посух нагуфтани масъулини бархе аз идораҳои бонуфуз, ки ба онҳо муроҷиат кардем, кори моро мушкилтар мекард. Аммо ин “амр” барои мо поёни кор набуд ва аз роҳ барнагаштем. Саъй кардем, ки то ҷое имконият дорем,зимни ин таҳқиқот ба бархе аз паҳлӯҳои норӯшани ин раванд равшанӣ андозем. Созмону агентиҳои ғайриҳукуматӣ, ки низ маҳаки асосии фаъолияташон ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва ироаи ҳар гуна кӯмакҳои маънавӣ ба хонаводаи онҳо мебошад, барои ба маҷрои муайян даровардани вазъияти мавҷуда иқдомҳоеро амалӣ мекунанд, аммо мушкил ҳамоно боқӣ мемонад.

Зарфияту тавоноӣ ва салоҳияти дафтари душанбегии Созмони байналмилалии муҳоҷират, Кумитаи Салиби Сурхи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар то ҷое ин “холигоҳ”-ро пур мекунад, вале бе дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ, бе ҳамкории танготанги ҷомеъаи шаҳрвандӣ ин тарҳ нокомил хоҳад монд.

Маврид ба тазаккур аст, ки на ҳамеша мақомоту идораҳои ҳукуматӣ дар комил набудани маълумот сабабгоранд, балки худи ашхоси бедаракшуда, аз ҷумла муҳоҷирини “ғайбзада” хоҳиши тамос доштан бо пайвандонашонро надоранд. Дар навбати худ, наздикону ақрабои онҳо дар бораи “гумшудагон” ба ҷои зарурӣ муроҷиат намекунанд. Бо гузашти вақт баъзе аз “гумшудаҳо” пайдо мешаванд ва далелҳо низ рӯйи даст ҳастанд.

ДИДОРЕ, КИ 23 СОЛ ТӮЛ КАШИД

Тобистони соли 2012. Модар баъди суҳбат бо амаку бобо ва бибии Бахтиёр (номи қаҳрамонон бо хоҳиши онҳо иваз шудааст) пешниҳод кард, ки зан бигирад, аммо ӯ розӣ нашуд. Пешниҳоди модарро ба он хотир напазируфт, ки ин ҳама сол интизори падар буд ва ҳоло бе ширкати қиблагоҳ тӯй кардан намехост. “Ҳамагӣ 3-сола будам, ки падарам барои кӯмак ба хонавода ва пайдо кардани шароити беҳтари зиндагӣ аз хона баромад. Албатта, ман инро нағз дар хотир надорам, зеро хурд будам ва ба дарки ин чизҳо намерасидам.Ҳамаи ин ҳодисаро ба ман баъдтар вақте худро шинохтам, модарам нақл кард”,- иброз дошт Бахтиёр ва нигоҳи маънидоре сӯи модараш андохт.

Апаи Зайнаб, ки то ин замон хомӯш менишаст, ба суҳбати мо ҳамроҳ шуда, китоби хотироташро ба қавле варақгардон кард. Ӯ гуфт, зимистони соли 1989 буд, ки бо ҳамсари ояндааш - Исмат, дар коргоҳи тавлиди яхдонҳои мавсум ба “Помир”-и шаҳри Душанбе шинос шуданд ва пас аз ду-се моҳ ақди никоҳ бастанд. Баъди як сол Бахтиёр ба дунё омада, зиндагии онҳоро рангу таровати дигар бахшид..., аммо хурсандии ҷуфти хушбахт дер давом накард. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, куллияи нақшаҳои ононро барбод дод. Мисли дигар хонаводаҳо оилаи онҳо низ аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ мекашид, гоҳе мешуд, ки Исмат ба хона ҳатто бе нон бармегашт. Ба болои ин, коргоҳ батадриҷ аз фаъолият мемонд. Роҳбарият коргаронро гуруҳ-гуруҳ аз кор мураххас мекард. Дар ин миён сарвари хонаводаи онҳо низ бе ҷои кор монд. Ҳамин тавр, Исмат тасмим гирифт, ки ба Русия меравад.

“Рафту дигар нопадид шуд. Дурусттараш як соли аввал кам ҳам бошад, пул мефиристод, занг мезаду ҳолу аҳволамонро мепурсид. Соли 1994 (он вақт Бахтиёр чаҳор сол дошт- аз муаллиф) падараш телефон карда гуфт, ки ҷои корашро иваз мекунад ва бо ҳамин алоқа бо ӯ канда шуд”,- илова кард апаи Зайнаб.

Ҷустуҷӯ ва кофтукоби хонавода беш аз 20 сол идома кард, аммо бенатиҷа. Касе дар бораи Исмат ва сарнавишти ӯ чизеро намедонист, худи ӯ ҳам дигар аз вуҷудаш дарак намедод. Пайвандон аз интизорӣ хаста шуда, маъракаи ёдбудашро баргузор карданд. Фақат Бахтиёр буд, ки ба ҳеч ваҷҳ “марг”-и падарро қабул надошт. Исрор мекард, ки падараш рӯзе борхалтаи қанду сақич дар пушт аз дари хона медарояд. Дар ин миён Бахтиёр мактабро хатм карду ду бор ба муҳоҷират рафта баргашт. Дар Санкт-Петербурги Русия дар бӯстонсарои “руси нав” кор карда, маблағи хубе пасандоз кард. Дар он ҷо низ нишони падарро меҷуст, аммо бефоида...

Соли 2013 пас аз бозгашт аз Русия арӯси интихобкардаи модарашро пазируфта, ба занӣ гирифт. Рӯзи тӯй низ чашм ба роҳи падар буд, аммо ӯ боз ҳам пайдо нашуд...

МӮЪҶИЗАИ “ОДНОКЛАССНИКИ”: “МОДАРҶОН, ИН АКСИ ПАДАРАМ АСТ?!”

Бахтиёр, ки таҳсилро ба таври ғоибона Донишгоҳи политехникӣ ба анҷом расонида буд, тарзи дурусти истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетро хуб медонист. Ба гуфташ, аввали соли 2016 бо ҷавони русе аз вилояти Саратов дар шабакаи “Одноклассники” шинос шуд. Маҳз ҳамин ҷавон ба Бахтиёр мегӯяд, ки дар деҳаи онҳо марди осиёӣ, ки зоҳиран тоҷик аст, бо хонуми рус зиндагӣ мекунад. “Аз ӯҳдаи иҷрои ҳама кор мебарояд, устои хуб, ҳалиму ҳалолкор аст, аммо зиёд май менӯшад”,- ҷамъбаст мекунад он ҷавон.

Бахтиёр аз ин дӯсти наваш хоҳиш мекунад, ки оё имкони акси мардро дастрас кардан дорад? Ӯ баъди ду рӯз чанд аксро мефиристад. Ҳарчанд дар сурат мард андоми ғариб дошту бо ришу мӯйлаби расида буд, дили Бахтиёр гувоҳӣ дод, ки ӯ падараш аст. “Вақте писарам суратҳоро ба ман нишон дод, қариб буд беҳуш шавам. Дар рӯ ба рӯям Исмат, Исматеро, ки 23 сол боз гум, бе ному нишон буд, дидам”.

Бахтиёр дигар интизор шудан намехост. Аз ҷои кораш, ки ба ҳайси муҳандис-барномасоз дар созмони байналмилалии мустақар дар Душанбе фаъолият дошт, мураххасӣ гирифта, ба Русия рафт. Пас аз даҳ-дувоздаҳ рӯз бо падараш ба Душанбе баргашт. Он замон ҳамсар ва писари 3-солааш Исматро то дари ҳавлӣ гусел карда буданд, ҳамакнун ӯро набераи 3-солааш, Фарзон ҳамроҳ бо модару бибиаш пешвоз гирифтанд...

СОДИҚҶОН БОШАД БАРГАШТАНӢ НЕСТ, ЗЕРО БАРҶОМОНДА АСТ...

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, як муҳоҷири кории тоҷик аз вилояти Суғд баъд аз 16 соли гумномӣ дар Русия, ба пайвандонаш дарак додааст, ки зинда аст. Гуфтанист, ӯ Содиқҷон Мирзоқулов, сокини 53-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, чанде қабл ба пайвандонаш аз шаҳри Тюмени Русия хабар додааст, ки зинда аст, аммо аз он ки бемори барҷомондаву дар хонаи пиронсолон аст, намехоҳад ба ватан назди ҳамсару фарзандонаш баргардад.
“Бемору барҷомонда ба ватан баргаштан намехоҳад. Мегӯяд, ки аз назди модарам сиҳату саломат Русия рафта будаму ба чӣ ҳол афтодам. Агар баргардам, модари пирам маро дида, аҳволаш чӣ мешавад?”,- иброз доштааст хоҳари ӯ.

Мирзоқулов гуфтааст, ки пояшро дар Ханти-Мансии Русия сармо зада, бемору барҷомонда шуд ва ҳамватанони савобталаб вайро ба Тюмен оварда, дар хонаи пиронсолон ҷо карданд...

ЧАРО МУҲОҶИРОН “ҒАЙБ” МЕЗАНАНД?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳолатҳои ба муддати мадид “гум” шудани шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия марбути чанд омили рӯҳӣ буда, дар мавридҳои алоҳида аз ҳамдигар тафовути комил доранд. Як масъули баландпояи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, ин мушкил, яъне бедарак шудани муҳоҷирон фақат марбути Тоҷикистон нест ва дар раванди ҷаҳонишавӣ амрест табиӣ ва чанд сабаб дорад. “Шаҳрвандоне, ки солҳои тӯлонӣ дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд ва ё зиндагӣ доранд, раванд (протсес)-и мутобиқшавӣ ё худ интегратсияро пушти сар мекунанд. Шахсоне низ ҳастанд, ки ҳатто зану оилаашон намедонанд, ки онҳо дар куҷо ҳастанд. Онҳо дар кишвари муҳоҷират урфу одати ҳамон ҷоро қабул мекунанд, фарҳанги дигарро мепазиранд, ҳалқаи дӯстону шиносҳояшон дигар мешаванд ва тағйироти равонӣ дар зеҳни онҳо ба вуҷуд меояд. Ҳамин сабабҳо боис мегарданд, ки муҳоҷир аз кишвари иқомат (зодгоҳ) ва хонавода то ҷое дур шавад. Бархеи онҳо майзада ва ботамом аз решаҳои авлодӣ дур мешаванд”,- иброз дошт ин мансабдор.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳарчанд чунин ҳодисаҳо ба чашм мерасанд, аммо ба гунае нест, ки хусусияти оммавиро касб карда бошад. Ба ҳар сурат, ин мушкил пешорӯи ҳукумат ва ҷомеъа қарор дорад, илова кард ӯ. “Бо назардошти ҳамин авомил, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар охири соли 2015 бо роҳбари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҶТ оқои Андре Пакуе мулоқот намуд. Ҳадафи аслӣ аз ин вохӯрӣ шиносоӣ ва муҳокимаи барномаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шахсони беному нишон гумшуда буд”,- афзуд манбаъ.

Дар нишасти мазкур масъалаҳои ҷалби оилаҳои бесарпаноҳ ба омӯзиши касб ва мусоидат ба шуғл низ баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои ҳамкорӣ бо сохторҳои вазорат дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

Дар ҳамин ҳол, ин масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муътақид аст, “агар муҳоҷир дар кишвари қабулкунанда бо шаҳрванди он давлат издивоҷ кунаду соҳиби хонаву дар шавад, риски бештари ҳамон ҷо монданаш бештар аст. Ин низ равандест табиӣ ва ногузир”.

Аз ин масъул суол кардем, ки “оё ҳолати ба асорати гуруҳҳои ҷиноӣ афтодан ва ё ғуломи корӣ гирифтани шаҳрвандони кишвар ба қайд расидааст, ё не”, ӯ гуфт, як чунин таҷрибаро ёд надорад ва дар ин маврид далеле низ мавҷуд нест.

Зимнан, бархе аз коршиносони соҳа ба тағйир ёфтани ақидаи муҳоҷирон, афтидан ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ ва қочоқбарҳо ишора карда, далел меоранд, ки ин сабаб мешавад ва бисёре аз гумшудаҳо аз худ дарак намедиҳанд.

МУРУРЕ БА ОМОР ВА АРҚОМ

Дар шароити феълӣ, дар баробари терроризм, экстремизми динӣ ва ҷиноятҳои кибернетикӣ хариду фурӯши одамон, инчунин ғайб задан (бедарак)-и шаҳрвандон низ ба яке аз мушкилтарин проблемаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Муқовимат бар зидди ин падидаҳои номатлуб яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ, пеш аз ҳама ба зиммаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилӣ дар чанд соли пеш (маълумоти ҷадид дар ин бора вуҷуд надорад, ҳамчунин дар сойти расмии ВКД дар ин бора оморро пайдо кардан ғайриимкон аст- аз муаалиф) дар маҷмӯъ нисбати 614 гумшуда кофтукоб эълон шудааст. Аксари ин афрод аллакай ёфт шуда, алъон қисми ками боқимондаи эшон ҷустуҷӯ мешаванд. Ба қавли манбаъ, омилҳои “ғайбзанӣ” ё худ “бедаракшавӣ” мухталифанд, аз ҷумла муҳоҷират, ҷанҷоли оилавӣ, мушкилоти рӯзгор, нофаҳмӣ миёни аъзои хонавода, мубталои касали рӯҳӣ будани чанде аз онҳо. Сарчашмаи хабар мегӯяд, ки “аз ин ҳисоб 232 нафарашон ноболиғон буда, 227 каси онҳо ёфт шудаанд, 5 нафари дигар ҳанӯз дар кофтукоби мақомот қарор доранд”.

Як манбаъ дар Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ки нахост номаш ифшо шавад, иттилоъ дод, ки дар соли 2016 - 21 ҳолати хариду фурӯши одамон (бедарак шудан, қочоқ) ба қайд расидааст, аз ин 10-тоаш нисбати ноболиғон мебошад. Аммо дар мавриди “бедарак” шудани муҳоҷирон ва ё қочоқ (хариду фурӯш)-и онҳо иттилои саҳеҳ ҳанӯз рӯи даст нест.

Тавре қаблан ишора гардид, дар солҳои охир зиёда аз 1600 шаҳрванди Тоҷикистон аз мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмиалӣ дар ҷустуҷӯи хешу ақрабои гумшудаашон кӯмак хостаанд.

Бархе аз хонаводаҳо то ҳанӯз пайвандони худро меҷӯянд, ки дар солҳои ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон бенишон шудаанд, аммо гумшудаҳои бархе аз хонаводаҳои дигар ба солҳои осоишта рост омада, бештар бо муҳоҷират рабт мегирад. Ба иттилоъи барномаи хадамоти ҷустуҷӯи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, наздикони афроди гумгашта бояд ноумед набошанд, зеро ҳар сол то 16 нафар аз чунин афрод зиндаву саломат ёфт мешаванд, зеро кормандон ва ихтиёриёни 168 созмону ҷамъият бо ҷустуҷӯи афроди гумшуда машғуланд ва аксаран муваффақ низ мешаванд.

“ЭТМОС” ДАР 7 СОЛ 80 “МУҲОҶИРИ БЕДАРАКШУДА”-РО ЁФТ

Каримҷон Ёров, роҳбари созмони ғайритиҷоратии “Этмос”, ки ба масоили марбути ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирин дар Русия сару кор дорад, мегӯяд, аз оғози фаъолияти ташкилоташон дар ФР ҳудуди 80 нафарро, ки қаблан “гум” шуда буданд, ёфта ба пайвандонашон супоридаанд ва ё суроғаи эшонро дастрас намудаанд.

“Як қисм зан гирифтаанд, як қисм арақхӯр, ҳатто чанд нафар “бомж” шуданд... Дур намеравем, як ҳамсинфамро, ки зиёда аз нӯҳ сол гум шуда буд, аз як деҳа ёфтем, ки роҳбари бомжҳои маҳаллӣ буд. Вақте бачаҳои ташкилот бо ӯ ҳамсӯҳбат шуданд, худро намояндаи дигар миллат муаррифӣ кард. Вале пас аз он ки аксашро оварда, ба хешонаш нишон доданд, бо доштани риши баланд ҳам ӯро шинохтанд. Мо бо хешовандонаш ӯро маҷбур карда, аз ҳалқаи “дӯстони улфатӣ” берун овардем. Ҳоло дар ватан аст ва зиндагии осоишта дорад”,- афзуд Ёров.

Сарвари созмони “Этмос” мегӯяд, ҳамин тавр ду нафари дигарро, ки яке зодаи Рашт ва дигаре аз Хатлон буданд, пайдо карда, барои онҳо маълумотномаи бозгашт ба ватан омода сохта, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Ин ду тан беш аз 10-11 сол аз худ дарак намедоданд.

Мушкили дигар дар маҳбусин ва онҳое аст, ки бо ному насаби дигар дар Русия фаъолият мекунанд. Ӯ қайд кард, “чанд нафари дигарро ҳам пайдо кардем, аммо мутаассифона дар маҳбасанд ва бо ному фамилияи тақаллубӣ. Агар яке аз онҳо аз шарм ба пайвандону созмонҳои дифоъ муроҷиат накарда бошад, дигаре ҳамин роҳро ба қавлаш дурусттар ҳисобидааст. Ҳоло пушаймонанд ва дар зиндон, албатта на бо номи худашон”.

Мавсуф гуфт, ҳайратовар аст, ки баъзе аз афроди ёфтшуда, намехоҳанд, суроғаашон ба пайвандонашон гуфта шавад. Зеро онҳо дар хориҷа (асосан Русия) кору зиндагии хуб доранд ва ба Тоҷикистон баргаштанӣ нестанд: “Вақте бачаҳои ташкилоти мо нафарони гумшударо пайдо мекунанд, ба онҳо мегӯянд, аз Тоҷикистон шуморо фалон нафар ҷустуҷӯ дорад, мешиносед? Агар нафари гумшуда тасдиқ кунад ва бигӯяд, ки суроғаамро надиҳед, мо ба пайвандонаш мефаҳмонем, ки шахси мавриди назаратонро ёфтем, аммо ӯ намехоҳад ба хона баргардад. Мо ба иҷозаи ҳар нафар нишонӣ ва суроғаашро ба пайвандон медиҳем”.

Зимнан, оқои Ёров аз бедарак шудани ду бародар- Бобозода Замонҷон Зоирӣ, соли таваллудаш 11 январи соли 1990 ва Бобоев Зафар Зоирович, соли таваллудаш 17 январи соли 1989, ки аз ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд мебошанд, хабар дод. Ба қавли ӯ, ҳама гуна тамосу алоқа бо ин бародарон аз 26 ноябри соли 2016 қатъ гардидааст. Бори охир онҳоро дар шаҳраки Чехови Маскав дидаанд, ки ба тарафи вилояти Твер раҳсипор будаанд.

Ҳоло кормандони ташкилоти “Этмос” ва пайвандони эшон ба мақомоти марбутаи Русия муроҷиат карда, ҷустуҷӯи онҳоро идома медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, мо намунаи зиёди маргу мир ва бедарак шудани муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия дорем ва ҳар кадоме тақдиру сарнавишти алоҳидаро дар бар мегирад. Ва ҳоло онро дар намунаи як хонавода мебинем...

3 БАРОДАР ҚУРБОНИ РОҲИ МУҲОҶИРАТ

То оғози солҳои 90-и асри гузашта оилаи Назаровҳо дар деҳаи Поймазори ноҳяи Ванҷ ба сар мебурданд, сипас ба шаҳраки Рохарви маркази ноҳия кӯчиданд. Аз ин хонавода 3 бародар: Иброҳим, Рустам ва Қудрат ба муҳоҷират рафта, яке шаҳди маргро чашид ва дуи дигар беному нишон шуданд.

Иброҳим, ки фарзанди бузурги хонавода буд, пас аз як муддати кор дар бозори “Черкизово” ба беморӣ печида, шаби хунуки ноябри соли 1997 аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ бо кӯмаки ҳамватанон ба ватан интиқол ёфт, аммо сарнавишти Қудрат, ки дар роҳи сафар “гум” шуд, ҳанӯз асрори нокушода аст. Беш аз 20 сол ҳамсару фарзандонаш роҳи ӯро мепоянд.

Рустам Назаров, ки ҳамсоли муаллифи тадқиқот буд, баъдтар, дар соли 2008 дар ноҳияи Одинтсовои назди Маскав бедарак шуд. Кофтукобу ҷустуҷӯи ӯ аз ҷониби пайвандону мақомот ҳанӯз ҳеч натиҷа надодааст. Касе дар бораи тақдири Рустам чизеро намедонад.

МЕҲРИДДИНРО 10 СОЛ БОЗ ҶУСТУҶӮ ДОРАНД

Пайвандони Ширинбеков Меҳриддин Авазбекович тайи даҳ соли ахир дар ҷустуҷӯйи ӯ буда, ба ҳама созмону хадамот ва мақомоти марбута муроҷиат карда, унвонии куллияи ташкилоту диаспораҳои ҳамватанон дар Русия дархости кӯмак ирсол кардаанд. Садриддин Ширинбеков, бародари Меҳриддин мегӯяд, ӯ соли 1987 ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 59-и шаҳри Душанберо дар соли 2005 хатм карда, ба Русия ба мардикорӣ рафт.
“То октябри соли 2007 пайваста занг мезад ва аз аҳволаш моро хабардор мекард. Дар ҷойи охирини кораш-маркази тиҷоратии «Шибанкова», ки дар кӯчаи Шибанковаи шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав буд, ӯро Максим меномидаанд” .

Аммо ин ҳама сол талошҳои пайвандон барои пайдо кардани Меҳриддин самар надодааст. Хешовандон мегӯянд, бо ин ҳама номаълумӣ ором намешинанд ва кофтукоби азизи гумшудаашонро идома хоҳанд дод...

ҲУҚУҚИ МУҲОҶИР АЗ ШАҲРВАНД КАМТАР НЕСТ, АММО...

Вақте шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ё он кишвари дуру наздик ба мақсади муҳоҷирати корӣ сафар мекунад, дар шароити нав ва давлати қабулкунанда бо мушкилоти мухталиф рӯбарӯ мешавад. Сабти ном, гирифтани патент барои иҷозаи кор, ёфтани ҷои зист, бархӯрд бо пулис, муносиботи дурушти бархе аз шаҳрвандон, поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирин ҳарчанд солҳои ахир беҳтар шудааст, аммо ҳанӯз ба чашм мерасад.

Улуғбек Авазов, ҳуқуқшиноси созмони “Маркази ҳуқуқи инсон”-и Тоҷикистон мегӯяд, миёни Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои минтақа санаду созишномаҳои зиёде дар мавриди муҳоҷират ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо қабул шудааст ва истифодаи дурусту саҳеҳ аз ин аснод барои муҳоҷирон аз фоида холӣ нест. Аз ҷумла, “Эъломия дар бораи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо дар қаламрави ИДМ” аз нахустин созишномаҳоест, ки раванди муҳоҷиратро ба танзим медарорад ва ҳуқуқу манофеи онҳоро ҳимоя мекунад.

Дар ин санад паҳлуҳои мухталифи муҳоҷират тавзеҳ ёфта, паҳлуҳои қонунии ҳимояи муҳоҷирону хонаводаҳои эшон шарҳу тафсир шудааст. Ба қавли ӯ, на танҳо созишномаву аҳднома ва тааҳудот, балки Сафоратҳо, консулгариҳо, ташкилоту хадамоти гуногун, инчунин Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), ВКД ва сохторҳои он, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар амри ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон муваззафанд. Фақат худи муҳоҷирину хонаводаи онҳо бояд аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд, то ба доми фиреб наафтанд, ё “гум” нашаванд.

“Тайи 7 соли ахир ҳолатҳое вуҷуд доштанд, ки хонаводаи муҳоҷирон барои пайдо кардани пайвандони гумшудаашон дар қаламрави Федератсияи Русия ба ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии муҳоҷират муроҷиат карданд. Дар навбати худ аз ҷониби ҳуқуқшиносони ин ташкилоти байналхалқӣ асноди зарурӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба ВКД, ВКХ ва мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар ироа гардиданд”,- илова кард Авазов.

БОЗ ЯК МУШКИЛИ “МУҲОҶИРОНИ ГУМШУДА”

Соҳибназарон бар ин андешаанд, ки дар сурати бедарак шудани пайвандон дар муҳоҷират ҳатман ба мақомоти зирабт хабар бояд дод, зеро дар сурати баръакс мушкили дигар болои мушкил зам мешавад ва заминаҳои ҳуқуқии пайдо кардан ва ё дифоъ аз ҳаққи "муҳоҷири бедаракшуда" ба сифр баробар мегардад.

Савлат Муҳиддинов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, агар ба мақомоти давлатӣ дар бораи “гумшудаҳо” маълумот ироа нагардад, тасмимгарӣ дар ин росто бефоида ва кори беҳуда ба назар мерасад. “Бархе аз хонаводаҳои тоҷикистонӣ, ки падар ё дигар узви хонаводаашон дар муҳоҷирати корӣ бедарак шудаанд, таваккал карда ва умед доранд, ки рӯзе гумшудаашон ба пойи худ баргашта меояд. Агар муроҷиат кунанд, аз мақомоти милиса ёрӣ мепурсанду бас”,-илова мекунад Муҳиддинов.

Номбурда афзуд, агар хешовандони гумшуда баъди се сол ба додгоҳ муроҷиат накунанд, ҳамоно ӯ дар феҳрасти зиндаҳо боқӣ мемонад. “Барои мурда эътироф кардани нафари гумшуда пас аз се сол ба додгоҳ бояд муроҷиат кунанд. То ба додгоҳ муроҷиат накунанд аз гум шудани онҳо чанд соле гузашта бошад ӯ наметавонад мурда эътироф шавад. Пас аз он ки додгоҳ шахси гумшударо мурда эълон кард, пардохти ҷубронпулӣ ва дигар кумакҳои моддӣ ба хонаводаи мавсуф имконпазир мешавад”,- ҷамъбаст кард ҳуқуқшинос.

ЗАРУРАТИ ТАЪСИСИ НИҲОДИ ВИЖА

Дар ҳоле ки Созмони байналмилалии Ҳилоли Аҳмар 1600 сокини Тоҷикистонро ба унвони афроди гумшуда ё "бедарак" эълон мекунад, вале мақомот мегӯянд, теъдоди дақиқи гумшудаҳо аз Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест.

Зимнан, коршиносон теъдоди муҳоҷирони кории тоҷики гумшуда дар хориҷ аз Тоҷикистонро садҳо нафар медонанд, аммо Хадамоти муҳоҷират дар ин бора маълумоте комиле дар даст надорад. Бояд тазаккур дод, ки то ин соат дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар мавриди муҳоҷирони бедаракшуда иттилоъ вуҷуд надорад. Дар сайти расмии ВКД низ ҳамин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Агар аз як сӯ муроҷиат накардани пайвандон сабаби номуайянӣ бошад, аз ҷониби дигар ҳамоҳанг набудани кори мақомот дар ин самт арзёбӣ мегардад.

Фақат дар ин ҷода аз хадамоти Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони кории Тоҷикистон” метавон тақдир кард, ки дар бахши махсуси сомонаи ин ҳаракат рӯйхат (феҳраст)-и муҳоҷирони гумшуда дар қаламрави Федератсияи Русия тартиб шудааст, аммо он низ чанд соли ахир таҷдид нагардидааст ( http://tajmigrant.com/spisok-propavshix-bez-vesti-grazhdan-respubliki-tadzhikistan.html те)

Вуҷуд надоштани ниҳоди вижаи ҷустуҷӯи гумшудаҳо, омода набудани феҳрасти воҳиди ашхоси дар муҳоҷират бедаракшуда, ҳамоҳанг набудани кори мақомот дар ин росто аз умдатарин мушкилоте маҳсуб мегарданд, ки рӯёрӯи пайвандони “гумшудаҳо” қарор дорад.

PS: ҳангоме ин матлаб ба нашр омода мешуд, Созмони тозатаъсиси хайрияи "Фонд таджика” дар Русия аз пайдо шудани боз як муҳоҷири гумшуда- Иззатулло Холмуродов, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дода, гуфт, ки аллакай бо кӯмаки ҳамватанони хайрхоҳ ӯро ба ватан фиристодаанд.

Хилватшоҳ МАҲМУД


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Садриддин Ширинбеков

  • 24 июл 2017 16:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сипоси зиед бародари гамшарикам Хилватшохи Махмуд !

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!