Бахшҳо
24 июл 2017 16:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Иштирокчиёни DigitalCampTcell ду ҳафта аст ки ба сохтани сомонаҳои тиҷоратӣ машғуланд

Ҳафтаи дуюми омӯзишҳо дар DigitalCampTcell дар ҳоли анҷомёбист. Дар ин муддат иштирокчиёни лоиҳа барномаи таълимии гуногунҷабҳаро азхуд карданд.

Дар ду ҳафтаи оянда онҳо маълумоти бештар дарёфт мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, идеяҳои тиҷории худро омода ва амалӣ созанд.

Идеяҳое, ки иштирокчиёни лоиҳа бо он кор доранд, аз ҷиҳати мазмун ва муҳтаво бисёр гуногун аст. Иштирокчиёни дастаҳо ва шахсони инфиродӣ ба рушди лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ, эҷодӣ ва бахшҳои рақамӣ фаъолият доранд.

Ҳар идея беназир аст: дар инҷо барои таҳияи студияи эҷодӣ, пешбурди “кибер-спорт” дар Тоҷикистон, фурӯши маҳсулоти шустушӯйӣ кор карда истодаанд.

Миёни дигар идеяҳо, пешниҳодҳои ҷолиб дар бораи минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон, мағозаи ашёҳои косметикӣ, интернет-мағозаҳо бо доираи васеъ низ ҳастанд.

Ҳафтаи аввали омӯзиш, дастаҳо маводи зиёдро аз худ карданд: тамоюлҳои технологияи ҷаҳонӣ, сохтани нақшаҳои тиҷорӣ аз рӯи барномаи canvas, тадқиқотҳои маркетингӣ ва арзёбӣ, кор бо муштарӣ ва кор бо гуруҳ, муайян намудани шунавандагони мақсаднок ва каналҳо ва муошират бо он, роҳи татбиқи фикрҳо дар амал, идеяҳои эҷодӣ ва таҳияи инкишоф, маркетинг рақамӣ, ҷузъи молиявии соҳибкорӣ.

Бо дастаҳои роҳнамоҳо - кормандони ширкат, ки дар соҳаи худ таҷрибаи чандинсола доранд, инчунин мутахассисони маҳаллӣ аз ташкилотҳои гуногун кор мекунанд.

Дар алоҳидагӣ бо дастаҳо Кети Пиртсхалава ва Заррина Газарян - ташкилкунандагон ва роҳбарони лоиҳа DigitalCamp, Ҷафар Нурматов, директори филиали Суғдии Tcell, Алишер Холиқназаров – маркетолог, Гулнор Атобек, директор оид ба аудит “Делойт” , Алишер Холиқов, мененҷери маҳсулот, Искандар Мирзоғаниев, мушовири эҷодӣ ва дизайнер, Мансур Ҳоҷибобоев, барномасоз ва ороишгари веб ва дигарон кор карданд.

Ҳафтаи дуюм ва сеюм дар DigitalCamp ба веб-дизайн DigitalCamp бахшида шудааст. Курси даҳрӯза барои иштирокчиён имкон медиҳад маълумотҳои бештар дар соҳаи дизайни веб, дастгоҳи сомонаҳо, мафҳумҳои асосии забони HTML ва CSS гиранд. Иштирокчиён ҳамчунин бо барномаҳои эҷоди саҳифаҳои интернетӣ ва меъмори сомонаҳо шинос мегардад. Ин машғулиятҳои амалӣ ҳаммаи донишҳои заруриро барои барои сохтани сомонаи шахсӣ барои тиҷорат медиҳад.

Баъди гирифтани таҷрибаи зарурӣ ва хотимаи омӯзиш, даста ба ҳакамон маҳсулоти тайёр ниҳоӣ худро пешниҳод менамояд. Дар пайи ин 3 дастаи беҳтарин ғолиб интихоб гашта, соҳиби ҷойи лозима, маблағ ва туҳфаҳои арзишманд мегарданд.

Иштирокчиёни  DigitalCampTcell ду ҳафта аст ки ба  сохтани сомонаҳои тиҷоратӣ машғуланд


Ҳадафи озмуни DigitalCampTcell рушди нерӯи инноватсионӣ ва ҳавасмандии ҷавонон барои эҷоди технологияиҳои соҳибкории муосир бо истифода аз имконоти технологияҳои муосир аст.

Лоиҳаи DigitalCampTcell моҳи июн эълон гашта 50 пешниҳод барои ширкат дар он ворид гашт. Ҳамаи иштирокчиён бояд бо идеяҳои тиҷории беназир барои ширкат дархост мефиристоданд. Баъди суҳбат бо роҳнамо ва шарикони лоиҳа 15 гуруҳ сохта шуд, ки тули ду ҳафта боз курсҳои омӯзишӣ мегузаранд. Миёни онҳо гуруҳҳои иборат аз чанд нафар, ки омодаанд рӯи идеяҳои тиҷорӣ кор кунанд ва ҳамчунин иштиркчиёни алоҳида, соҳибкорони ҷавон, ки хостори дарёфти донишҳои наванд, ҳастанд.

Шарики лоиҳа AccelerateProsperityTajikistan. Accelerate – ин бизнес-инкубатор аст, ки захираҳо ва донишҳоро сармоягузорӣ карда, соҳибкории хурду миёнаро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад ва барои сохтану рушд додани нақшаҳои тиҷорӣ кумак мекунад.

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.
AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)