Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 02:36

Р.Эмомалӣ хост гадоҳо, бегонапарастӣ ва "разбор"-ҳо кам шаванд

24 июл 2017, 18:42

Вакилони халқи шаҳри Душанбе, имрӯз, 24-уми июл таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ бурду бохти пойтахт тайи 6 моҳи гузаштаро баррасӣ намуда, нақшаҳо барои 6 моҳи ояндаро тасдиқ кардаанд.

Тибқи иттилиои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро ба такмили фаъолияти комиссияҳои давлатии қабули иншоот, беҳдошти вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва ҳисобкунакҳои об, барҳамдиҳии қарздориҳо, ифтитоҳи марҳилаи дуюми лоиҳаи обтозакунӣ, беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию муҳандисӣ ҷалб намуд: «Масъулин вазифадор гардиданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати тоза кардани партовҳои маишӣ, сари вақт безарар гардондан ва кашондани онҳо, ба талаботи муосир мутобиқ намудани низоми равшандиҳии шаҳр корҳои амалиро роҳандозӣ намоянд».

Ба иттилои манбаъ ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии сӯхторҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдо чораҷӯӣ намоянд: «Сарраёсати маориф вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои пешгирӣ ва кам кардани шумораи ноболиғони оворагард, талабандагон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ бо саркардагони муноқишаҳо миёни хонандагони муассисаҳо чораҷӯи намуда, то охири сол ба Раиси шаҳр ахбор манзур намояд».

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, «дар иҷлосия таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботро бо сокинони пойтахт оид ба пешгирии пӯшидани сару либоси фарҳанги бегона, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳои зараровари ҷомеа ҷоннок карда шуда, дар самти пешгирии касалиҳои сироятӣ, таъмини қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ корҳои амалӣ ба роҳ монда шавад».

Инчунин Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур додаст, ки барои ба миқдори зарурӣ харидорӣ ва ба бозорҳои шаҳр ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ, муътадил нигоҳ доштани нархҳо ва пешгирии болоравии онҳо дар бозорҳои шаҳр, махсусан дар арафаи иди Қурбон ва ташкили ҷойҳои фурӯши чорвои қурбонӣ ва забҳи он мунтазам корҳои амалиро анҷом диҳанд: «Такмил додани корхонаҳои коммуналии хизматрасонии нақлиётӣ, ба низом даровардани хатсайрҳо, ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдии ҳаққи мусофиркашонӣ, таъмини сару либоси ягонаи ронандагон ва танзими реҷаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳо, пешгирии тамбашавӣ ва интизоршавии дурударози мусофирон, фаъолияти дурусти нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар терминалҳои мусофиркашонӣ дар чор самти шаҳр ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бояд дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба танзим дароварда шавад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Салом

  • 25 июл 2017 00:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо дар кучаи Ахмади Дониш 17, зиндаги мекунем партов яъне мусор дар як холати ногувор мебошад бовар накунед як бор комиссия ташкил карда бинед буи партов хама чоро фаро гирифта аст илтимос моро аз ин холати ногувор халос кунед,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инсоф хам пояи давлат аст.
Ба раиси шахри Душанбе мухтарам Рустамчони Эмомали миннатдории худро расонидани хастамАз он рузе ,ки вазиваи раиси шахрдори бардуши Шумо афтодаас ,руз аз руз,соат ба соат,дакика ба дагика пешраваии тамоми корзо дар хар як чабхахо барои обононии шахр ба чашмхо расида истодааст,ки аз ин пешрави мо шахрвандон бенихоят рози ва болидахотир хастем.Мухимаш дар он аст,ки вакто ки баро ягон коре аз хона берун меои рости хамчунон худро дар дохили шахр руху илхоми тоза гирифта сараввал ба падари бузургворатон пасон ба Шумо рохравон барои хизматхои некатон он кадар миннатдорихои худро мерасонем.Хаминро гуфтани хастам,ки пешрави ва ободию осодагии кишвар на танхо ба рохбарони давлат вобаста аст.Тамоми шахрвандон метавонанд барои он камари химмат баста аз руи он супоришу вазифахое,ки бар душ доранд сарбаландона бояд бароянд.Бинобар ба хотири Шумо расонидани хастам дар хар кучахри калону хурди шахр роххои одамгузар нишон дода шудааст ,ки бо огохихо ишора шудааст дар вакти гузаштани мардумон ронандахои бенихоят зиёд хам хастанд ,ки ба гузаштани одамон халал мерасонанд ва дидаву дониста мошинахои худро ронда гуё ки касеро чашмашон намебинад ба одамон рох намедиханд,ки ин рафтори онхо боиси хотирпарешонии одамон мегардад.Аз Шумохо падар ва шохписари марди Худодода мо шахрвадон бенихоят рози буда доимо дасти дуо мебардорем,чунин нексириштон ба сари мо рзбар ва гамхор буда барои пешрави ва зиндагии бошоистаи халки худ он кадар захматхои бенихоят зиёд мекашед.Хамеша сарбаланду сарфароз ва доимо дар сари мо соябон бимонед мардони пок зоти фариштагон ва поксириштони атои Худованди.Худованд ба Шумо тани сихат умри дароз ва ба корхои рузмарраатон барору комёбихои бенихоят зиёдро бидихад .
Посух додан
  • Орзу

  • 25 июл 2017 08:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як пешниход:
Хамчуноне, ки ба хама маълум аст, дар Иди Курбон шумораи зиёди чорво забх мешавад. Шахрдори ба корхонаи коркарди пуст чихати хамкори бо ахоли ва чамъоварии пусти чорвои забхшуда кор баранд. Зеро хам пуст бепул аст ва хам рохи партов шудану бекора шудан пешгири карда мешавад. Чунин икдом метавонад хам ба бучаи корхонаи пуст (Кожзавод) ва хам ба фоидаи сокинон бошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтарам Р.Эмомали. Дар назди сафорати Казокистон як бинои 9 ошена комат афрохта аст. Мо шохиди он будем ки ин биноро бо чи махсулот ва чи тавр сохтаанд. Аз шумо хохиш дорем,ки як гурухи кори ташкил намоед ва ин биноро аз А то Я тафтиш кунанд. Мо бовари комил дорем, ки ин бино аз санчиши сохторхои дахл дор намегузарад, чунки хама он махсулотхое,ки дар ин бино истифода шуд баьзе аз онхо Б,У буданд. Аз шумо хохиш дорем санчиши ин биноро тахти назорати худ гиред. Зистани инсон дар ин бино тамоман дуруст нест! ташаккур!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтарам раиси шахри Душанбе Р.Эмомали! ин бино дар кучаи Хусейнзода дар назди сафорати Казокистон сохта шудааст. Ягона рох Шумо мухтарам Раис бояд ба назди ин бино ташриф биеред, ва бо чашми худ бубинед. Ба ягон меьерхои стандартии сохтмони ахамият дода нашудааст. Бо бовари гуфта метавонам,ки баьди ташрифи Шумо ин бино аз байн хохад рафт ва ба чои он майдончаи варзиши хоханд сохт. Тамоман мумкин нест ин биноро барои истикомат ичозат дихи. Мо ба Шумо бовари дорем,ки хали ин масаларо тахти назорати худ мегиред!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан, мухтарам раис ки ба мушкилоти мардум ахамияти чидди дода истодаед. Хохиш дорам, як бор масъулонатонро ба Бинохои 9 ошенаи назди Агроинвестбанки Душанбе равон кунед, (хиебони Саъдии Шерози), агар аз буи бади кучахо 5 дакика токат карданд, мо коил. Ахлоти мусоропроводхоро дер мебаранд ва дар ин гармои Душанбе аз буи бади онхо на берун баромада мешавад, аз аз ин кучахо гузаштан.
Илтимосу илтичо дорем, кумак кунед. Мо ба Шумо бовари дорем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!