Бахшҳо

ВИДЕО: Ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ дар бораи сокинони аз хобгоҳ рондашуда

Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иддаои собиқ истиқоматкунандаҳои хобгоҳи “Душанбесохтмон”-ро, ки гуфтанд, ғайриқонунӣ аз манзилҳояшон берун шудаанд, беасос хонд.

Ғанизода дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, хобгоҳ пурра дар тавозуни донишкада гузаронида шуда, ба ҳайси хобгоҳи умуми донишҷӯён мавриди истифода қарор мегирад. “Айни ҳол таъмири бино идома дорад ва аз моҳи сентябр донишҷӯён онҷо иқомат хоҳанд кард. Маблағи иқомат барои як донишҷӯ дар моҳ 30 сомонӣ муқаррар шудааст”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи вай, баъди ба тавозуни донишкада гузаронидани хобгоҳ онҳо ба додгоҳ муроҷиат намуданд ва дар пайи қарори суд ба воситаи судиҷрочиён хобгоҳ холӣ карда шудаст: “Мо дар доираи қонун амал карда истодаем”.



Моҳи июни соли равон як гуруҳ аз истиқоматкунандаҳои хобгоҳи “Душанбесохтмон”, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ-28-и пойтахт ба “Озодагон” гуфтанд, як моҳ мешавад, ки дар кӯча зиндагӣ доранд. Бештари онҳо, ки собиқ кормандони “Душанбесохтмон” ҳастанд, мегӯянд, бино барои оилаҳои кормандони “Душанбесохтмон” соли 1975 сохта шудааст. Шаъмигул Саидова, собиқ команди “Душанбесохтмон” мегӯяд, аз соли 1987 дар ин макон зиндагӣ дорад, аммо 24 майи соли равон раҳбарияти Донишкадаи давлатии санъат ва дизайн бо кормандони суди ноҳияи Фирдавсӣ омада, аз номи Президент онҳоро аз хонаҳояшон рондаанд: “Ободии диёри мо маҳсули дасти сохтмончиён аст. Чанд нафар ҳам аз номи Президент омада, гуфтанд, ки ин фармони Президент аст, аммо мо ба ин бовар накардем. Мехоҳем бипурсем, ки то чӣ андоза дуруст аст, аз номи ӯ омада гап зада, моро як ҳафта пеш аз Рамазон ронда ба кӯча бароварданд”.

Ба гуфтаи Саидова 40,6 дарсади бино ба собиқадорони меҳнат тааллуқ дошт ва ҳуҷҷатҳо низ қонунӣ буд, ки имрӯз ба назар гирифта намешавад: “Мо ба ҳама мақомот муроҷиат кардем, аммо дар ҳама ҷо моро пеш карданд. Мо борҳо ба Президент навиштем, аммо навиштаҳои мо нарасид. Мо барои як манзили якхонагӣ шуда кор кардем. Он замон техника набуд, фарзандонамонро касал партофта, кор мерафтем. Мо ҳам Ватан дорем, мо ҳам соҳибмулкем, ҷон доштем, мадор доштем хизмат кардем, имрӯз маъюб ҳастем, дастгирӣ кунанд моро...”.

Хонум Саидова мегӯяд, дар вақти набуданаш дари хонаашро шикаста чизҳояшро баровардаанд: “Чи қадар чизҳои мо гум шуд, онҳоро мо сари ин солҳо ҷамъ карда будем. Имрӯз ҳоли моро дидагӣ одам мегиряд, ки ватандорҳоро бин, ки ҳаёташон гузашт, меҳнат карданд роҳи дуздиву дуруғгӯиро надонистанд имрӯз дар кӯча монданд. Соли гузашта барқу обро куштанд, ҳоҷатхонаҳоро канданд ин Рамазон моро пеш карданд”.

Соҳиби нав сохтмончиёни куҳнаро ронд: Баъди даҳсолаҳо кор дар кӯча мондем... (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)