Бахшҳо

Вазир: Истеҳсоли алюминий кам шуд, ТАЛКО мушкилоти зиёд дорад (ВИДЕО)

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминий 24 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.

Бобозода 26-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, масъалаи мазкур дар ҷаласаи ҳукумат низ баррасӣ гашта, барои пешниҳодҳои дақиқ як моҳ муҳлат дода шуд.

Ба гуфтаи вазири саноат ТАЛКО имрӯз мушкилоти зиёд дорад: “Ҳамчунин бо нарх, сифати маҳсулот ва технологияе, ки дар он корхона истифода мешавад, мо бо ҳамаи тавоноӣ кор карда наметавонем”.

Комилбой Зокиров, мутахассиси раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли алюминий ба 181,2 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,2 миллион сомонӣ кам мебошад: “Дар ин давра 49,5 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст”.



Зокиров далели коҳиш ёфтани истеҳсоли алюминийро сари вақт дастрас нагаштани ашёи хом ва куҳнаву фарсуда гаштани таҷҳизоти корхона хонд: “Ашёи хом аз қабили кокси нафтӣ ва креолит бо мушкилоти зиёд аз хориҷи кишвар ворид мегардад”.

Номбурда гуфт, ширкати алюминийи тоҷик мақсад гузоштааст, ки новобаста аз мушкилоти молии ҷаҳонӣ бо бартараф намудани мушкилиҳо ҳачми истеҳсоли маҳсулотро дар асоси ашёи хоми ватанӣ зиёд намояд.
Мӯҳр
Нодир
Ман дар талко кор мекардам, аз сабаби сари вакт нагирифтани маоши 600сомони, мачбур шудам ба мухочирати кори ба Россия сафар кунам. Дар Точикистон гарчанде Ватан хам бошад, бовар кунед, зиндаги бисер хам мушкил шудааст.

точик
Озоди чоп кун. барои баркарор намудани ширкати алюминийи Точик пеш аз хама Талкоро ки хамчун миёнарав аст аз байн бурдан лозим. як коргари оддии Талко аз сардорони КВД алюминий 10 баробар маоши зиёд мегиранд

Дар ёд дорам,як чанд солхо кабл Х.А.Турачонзода зарурати ба хоричиён ба ичора додани ТАЛКО-ро пешниход карда буданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)