Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 апрел 2019, 01:13

Камбизоат кист? Шарҳи масъули Агентии омор (ВИДЕО)

27 июл 2017, 12:02

Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон 30,3 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи фақр ба сар мебарад.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон имрӯз, 27 июл дар нишасти матбуотӣ дар мавриди роҳҳои муайян намудани мизони фақр дар кишвар гуфт, дар асоси барномаи пешниҳодкардаи Бонки умумиҷаҳонӣ, татқиқоти буҷа дар 3 ҳазор хонавода гузаронида мешавад: “Ин татқиқот доимӣ буда, барои ҳисоби сатҳи камбизотӣ аз ҷониби ин бонк пешниҳод шудааст”.

Ба гуфтаи хонум Ҳасанзода, таҷрибаи муайян намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон яке аз таҷрибаҳои пешрафта дар ҷаҳон мебошад. Он бар асоси усули нави ҷамъоварӣ анҷом мешавад. Тибқи он бояд давоми 3 моҳ миёни 3 ҳазор хонавода пурсиш гузаронида шавад.



Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти хабарӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, сатҳи камбизоатӣ аз рӯи ду нишондиҳанда ҳисоб карда мешавад: даромад ва хароҷоти хонавода: “Ба таври мисол, агар як хонавода 100 сомонӣ даромад дошта бошад ва аз ин 75 фисадашро барои озуқаворӣ сарф кунаду барои дигар маҳсулҳои ғайриозуқаворӣ имконият надошта бошад, ба гуруҳи камбизоатон шомил мешавад”.

Ӯ афзуд, аз рӯи тавсияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ инсон бояд давоми як шабонарӯз 2250 кило колория истеъмол кунад ва дар ҳолати аз ин меъёр кам истеъмол кардан низ шахс камбизоат шумурда мешавад: “Мо дар тамоми минтақаҳо пурсиш мегузаронем ва ҳар сокин дафтари махсус дорад, ки ҳар чизи тановулкардашро қайд мекунад. Барои маълумоти дуруст додан ба онҳо маблағ ҳам медиҳем”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеч чиз нафахмидам. Ин хел муодилахои душвор чи лозим? Сабади истеъмолиро муайян кунед ва касе ба сари хар аъзои оила аз он кам даромад мегирад, камбизоат эътироф кунед. Ба харочоти оила чи кор доред? Ё ин хам танзим кардани шумо?)))))))))))))
Посух додан
  • шахрванд

  • 27 июл 2017 18:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Озодагон"
"Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон 30,3 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи фақр ба сар мебарад."- ин чи маъно дорад? Чиро ба сар мебаранд?
Савод доред?
Посух додан
  • тошболта

  • 27 июл 2017 19:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хеши раис
Посух додан
  • Paymon

  • 28 июл 2017 02:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
YAkum in ki mardumi tojik yakto non doshta boshad alakaj hudro kambizoat nameguyad, sharm mekunad.Baroi hamin ba pursishho umuman nazar nakuned! Duyum az rui guftahoi hudi honum Hasanova ham hisob kunem 80 dar 100-i mardumi tojik kambizoat ast. Mohona 200-300 somon .Inro ba chi boyad sarf kunedu chi boyad dar kissa boki monad?
Посух додан
  • камбизоат

  • 28 июл 2017 12:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
100 сомони дар як руз, як хафта, мох ва ё сол?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!