Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 22:48

Қодирзода: Донишгоҳҳо хостори то 25% боло бурдани нархи шартномаи таҳсил шудаанд (ВИДЕО)

27 июл 2017, 12:27

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, бархе донишгоҳҳои кишвар хостори то 20-25 дарсад боло бурда нархи шартномаи таҳсил шудаанд.

Қодирзода имрӯз, 27 июл бо зикри ин нукта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд, аммо хадамот пешниҳоди донишгоҳҳоро дар мавриди то 25 дарсад боло бурдани нархи шартнмаи таҳсил рад намуд. Ӯ гуфт, вақте пешниҳоди афзоиши нархи шартномаи таҳсид дар донишгоҳҳо ироа мегардад, онҳо вазъи иҷтимоии мардум ва ҳолати молиявии донишгоҳҳоро ба назар мегиранд: “Мо таҳлили зиёд мегузаронем, ҳарчанд пешниҳодҳо аз 20 то 25% буд, вале мо ба ин сатҳ баланд намекунем. Болоравии нархҳоро аз 8 то 10% муқаррар мекунем”.

Ҷаноби Қодирзода илова намуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ тибқи қоидаҳои муайян кардани арзиш ва пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии кишвар ва муроҷиати чунин муассисаҳо, нархномаҳои 32 муассисаи таълимиро дар гуруҳҳои шартномавӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба мувофиқа расонд.

Вай мегӯяд, аз моҳи марти соли равон арзиши хизматрасонии имтионҳои марказонидаи дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ мавриди бозбинӣ қарор дода шудааст: “Дар натиҷа нархи хизматрасонии мазкур ба андозаи 220 сомонӣ муайян ва ба мувофиқа расонида шуд, ки баландшавӣ нисбати сатҳи амалкунанда 10%-ро ташкил медиҳад”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кадом зарар? магар барои 2 дона вараку 1 калам 220 сомони ин зарараст? ё тавба! ана ёбу хон.
Посух додан
  • танхо ба боло

  • 27 июл 2017 15:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офаааааррииииннн! Танхо ба боло мухтарам Раис танхо ба боло!!! Нархоро чунон боло бардоред то хамон баландии 165 метраи Парчамро дареб кунанд!!! Бо ба инобат гирифтани сатхи ичтимоии мардум танхо ба боло!!! Шармандаги аз ин беш намешавад!!!!!
Посух додан
  • Махмасиид

  • 27 июл 2017 18:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О ин идора баръакс баландравии нарххоро дастгири мекунадку?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро дар чумхури ягон муассисаи таълтимии тахсилоти олии касбии хусуси нест, мухтарам раис? Магар ин соха танхо монополияи давлати аст? Дар ин бора хам кам-кам бо Хукумат кор кунед, ба хотири ракобат дар бозори тахсилот.... Мешад-ми?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!