Дилшод Назаров ва Кристина Пронженко ба Британияи Кабир мераванд
Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 ва Кристина Пронженко намояндагӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук аз 4 то 13 августи соли равон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир доир мешавад. Ба он 47 қувваозмоӣ – 24 қувваозмоӣ миёни мардон ва 23 қувваозмоӣ миёни бонувон ворид гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, қувваозмоии гурзпартоӣ, ки Дилшод Назаров дар он ширкат мекунад, 9 август шурӯъ гашта, даври финалии он 11 август баргузор мегардад. Кристина Пронженко аз намуди дав ба масофаи 400 метр бо монеа, ширкат мекунад. Рақобатҳои Кристина рӯзҳои 6, 7 август оғоз гашта, дар сурати ба даври дигар роҳхат гирифтан, қувваозмоиҳо то 11 август идома меёбад.
Қаблан Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук соли 2015 дар Пекини Чин сазовори медали нуқра шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |