Бахшҳо

Вазири нақлиёт: Ронандаи мусофирбар дағалона маро фуровард (САДО)

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон дағалии бархе аз ронандаҳои мусофирбарро дар пойтахт тасдиқ карда, изҳор дошт, шахсан худи ӯро низ ронандаи “тангем”-е дағалона аз мошинаш берун карда буд.

Худоёрзода имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе тасдиқ кард, ки дар кишвар, ба вижа пойтахти кишвар ҳолатҳои дағалии ронандаю пулчинакҳои нақлиёти мусофирбар ҷой дорад. Ӯ таъкид намуд, дар чунин ҳолатҳо шаҳрвандон бояд хомуш набошанд ва чунин афроди дағалро ба қавле дар ҷойи ҳодиса “дар ҷояшон шинонанд". Дар акси ҳол, афроди дағал ин тарзи муносибатро ҳамчун як амали муқаррарӣ қабул мекунанд.

Вазири нақлиёт афзуд, дар гузашта давоми 8 сол ба ҳайси муовини вазири нақлиёт кор кард ва рӯзҳои шанбе якшанбе аз хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебурд: "Рӯзе савор шудам, то гардиши микрорайони 33 маро бурд. Он ҷо дар нақлиёт танҳо мондам, ки ба ронанда занг заданд. Баъд ӯ ба ман гуфт, ки фаро ман бояд баргардам. Гуфтам, чӣ хел фароям, бояд маро то охир барӣ. Оқибат маро фуровард, ман номери тангемро гирифтам, рӯзи дигар хадамоти давлатии назорат он ронандаро ба утоқи кориям оварданд, ки меларзид. Гуфт, ман гумон накардам, ки муовини вазир ҳам ба тангем савор мешавад. Посух додам, ки ман ҳамчун муовини вазир не, ҳамчун шаҳрванд савори нақлиёти ҷамъиятӣ шудам. Иҷозатномаи он мардро гирифтанд, хеле гиряю нола кард”.



Вазири нақлиёт мегӯяд, чунин зуҳурот замони шӯравӣ низ буд, аммо русҳо, ки дар кишвар зиёд буданд, афроди дағалро зуд "дар ҷояшон мешинонданд". Ӯ таъкид намуд: “Ҷуръати мо тоҷикон камтар аст. Агар вокуниш накунему дағалонро "дар ҷояшон нашинонем", одаме, ки дағалона рафтор мекунад, ин таври муносибаташро ҳамчун муқаррарӣ қабул мекунад”.

Худоёрзода илова намуд, феълан барои роҳ наёфтани шахсони тасодуфӣ ба ҳайси ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ чора андешида истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дарсҳои омӯзишӣ дар ширкатҳои мусофирбарӣ роҳандозӣ шудааст ва талош мешавад, дар оянда чунин машғулиятҳо бештар карда шаванд.
Мӯҳр
6
Дар хакикат ин проблема дар чомея чой дорад.Бояд ягон чора андешид чунки дар иклими мо чун старекс намешавад салонхо танг бадбуй чиркин мабодо ягон инфексия омада монад чи мешавад?Ронандахо баддахон одаморо чанг мекунанд.Чавобгари кариб ки нест.Намешавад ки факат маршруткахои калона ичоза медоданд.

Мухтарам, Вазири наклиёт, дар хамин фасли гармои тобистон як бор ба хамин маршруткахои Старекс савол шавед, баъди фаромадан Шумо гуё аз "душ" баромадаед. Дар ягон старекс кондисионерхо кор намекунанд, рости онхо кор мекунанд, аммо маблаг сарф мешавад барои хамин онхоро ба кор намедароранд. Мусофирон аз шикоят кардан безор шудаанд ва токат мекунанд. Як бор дар бораи СЕРВИС низ ахамият дихед, о мо дар солхои 90 зиндаги надрем-ку...

Вазири ҳақиқи қанд занед муҳтарам Худоёр Худоёрзода !
Агар 1 ё 2 % ҳаминхел масъулон вазирон бо мо миллати мо роҳбар бошанд ва байни мардум шаҳрвандон каме назорат кунанд аз ҳақиқати ҳоли мардум бохабар мешаванд ,мумкин пешравиҳо тез мушоҳида шаванд.
Лекин касеро ғаме нест ,бо вазир муваффақиятҳо орзумандам шахсан ман бо ҳамин мард қоил ,дуъо мекунем аз инҳам вазифаҳои баландтаринро насибатон гардонад ва арзандаҳам ҳастед....

Барои чи ронандахои дагалро мардум бояд "дар чояш" шинонад?
Ин вазифаи шумо ва хадамоту сохторхоятон бо маъмурияти хамон ширкатхои наклияти мебошанд, ки аз ин ронвндахо гарам гарам пул мечинанд. То кай кори худро ба гардани мардум бор мекунед? Ва ачиб, ки тамоман шарм хам намедоред. Тоза кунед шахрро аз ронандахои тасодуфи, аз "Старексхои" бадбуи бе шароит. Охир, шумо барои ичрои хамин корхо маош мегиред. Барои мутахассисони асил (профессионал) барои ба тартиб даровардан наклияти шахри Душанбе се мох кифоя аст. Вале, хайхот...

Салом
Дар тамоми дунё наклиёти чамъияти дар баланси давлат мебошад бояд график дошта бошанд нарх ро хам батартиб дароред чунки хар руз хазорхо мусофирро хакашонро мехуранд.

мухочир
ахасан Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ..бо чунин тактикаи кориат ...кош дигар вазиру кабир чунин кор мекарданд ...дар байни халк ва чомеа гаштани вазиру кабир ин бисёр корхоро фош мекунад...дигарон ибрат гиранд буродарон......

Vaziri haqiqi az Shumo bovarii komil dorem, ki naqiliyoti musofirkashon hali khudro meyoband.

Кош дигар Вазиру кабир хам ранги Вазири Наклиет кор кунанд, Точикистони мо хам Гулистон мешавад валее афсус!

Дар хакикат хамин Вазир тарифба ниез дорад як одами хоксор аст мана инхел одамора Вазири мардуми гуфтан лозим аст.

859
Илтимос хамон хатсайри раками дуро боз ба хати пештарааш баргардонед чунки пештар бо 1 сомони то сирку купрук мебурд холо бошад 2 сомони талаб мекунанд ахоли бошад зарари моли дида истодааст.Холо аз магозаи мардон то театри чавонон е гулистон ягон маршрут нест,халк мачбур аст бо таксии 3 сомона то он чойхо биравад.Ба замми ин тролейбуси раками 5 тамоман нест харчанд ки симхояшро таъмир карданду аммо худаш то холо нест чаро?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)