Бахшҳо
31 июл 2017 14:18Ҳуқуқи инсон

Парвиз Кова: Масъалаи Афғонистон содда нест

Бо вуҷуди кумаку дастгириҳои зиёд, сол ба сол вазъи сиёсии Афғонистон бадтар мешавад. Аммо оё ин кумаку дастгириҳо куҷо мешаванд ва чӣ натиҷа медиҳанд? Кӣ манфиатдор нест, ки дар ин кишвар оташи ҷангу хунрезӣ хомӯш карда шавад? Вақтҳо охир аз ин зиёд мегӯянд, ки кушишҳо барои ба кишварҳои ҳамсоя ва аз ҷумла ба Тоҷикистон интиқол додани нооромиҳои он сӯйи марз сурат мегиранд. Тоҷикистон, ки ҳамеша дар саргаҳи мубориза бо терроризм ва ифротгаро қарор дорад, яке аз наздиктарин шарикони Афғонистон маҳсуб мешавад. Дар Афғонистон доираҳои зиёди коршиносиву хабарнигорӣ аз иқдомоти Тоҷикистон истиқбол мекунанд ва ба ин андешаанд, ки хатарҳо асосан аз сӯйи ҳамсояи дигарашон тарҳрезӣ мешаванд. Вобаста ба ин мавзӯъ бо Парвиз Кова, муҳаррири масъул ва яке аз муассисони рӯзномаи “8-и субҳ”-и Давлати Исломии Афғонистон суҳбат доштем.


С.Кабиров: - Дидбони расонаҳои озоди Афғонистон аз баъзе расонаҳои Афғонистон интиқод кард, ки бо истифода аз вожаҳо дар матни ахбор ба таассуби қавмӣ ва мазҳабӣ доман мезананд, ки ин вазъият кишварро ба хатари ҷанги қавмӣ ва мазҳабӣ монанди Сурия рӯ ба рӯ мекунад. Воқеан ҳам, чунин ҳолат ҷой дорад ва то куҷо бонги изтироби Дидбони расонаҳои озоди Афғонистон ба ҷост?

Парвиз Кова: - Афғонистон як кишвари касирулқавм аст. Ақвоми зиёд зиндагӣ мекунад. Барои ин ки мо тавонем масири собитро барои эҷоди ҳамдилӣ бипаймоем, ногузир ҳастем, ки аз истифодаи вожаҳое, ки асабият халқ менамояд ва ба навъе нобовариро дар байни ақвоми мухталиф рушд медиҳад, ҷилавгарӣ намоем. Бояд иттиҳоди ҳамагониро дар Афғонистон тақвият диҳем. Истифода аз вожаҳое, ки дарз эҷод мекунад, фосила эҷод мекунад, истифода аз онҳо бидуни шак, дар расонаҳои ҷиддии Афғонистон маҳдуд аст, роиҷ нест ва комилан як масъалаи муртабит ба рисолати иҷтимоии мо аст.

С.Кабиров: - Таъсиси Шӯрои олии наҷоти Афғонистон аз ҳисоби лидерони се қавм (Дӯстуму Атову Муҳаққиқ) дар Афғонистон то куҷо метавонад боиси иттиҳод гардад?

Парвиз Кова: - Масъалаи сиёсии Афғонистон хеле содда нест. Бояд дар ҷомеаи Афғонистон зиндагӣ кард, бофтҳои иҷтимоӣ, бофтҳои сиёсиро мутолиа кард, чеҳраҳои сиёсатгузору асаргузорро дар сиёсати Афғонистонро шиносоӣ намуд. Фикр мекунам, ки эътилофҳо ба манзури расидан ба як иҷмои миллӣ ва барои расидан ба сулҳ дар Афғонистон ва барои суботи кишвар матраҳ бошанд, кори хуб аст. Вале агар чунин эътилофҳо бештар ба манзури даст ёфтан ба қудрат аз ҷониби неруҳои сиёсӣ бошад, кори хуб нест ва ин ҳимояти мардумро наметавонад ба даст орад. Чун мо дар гузашта эътилофҳои зиёдеро дар Афғонистон шоҳид будем. Масалан, чеҳарҳое ки ба тозагӣ эътилоф карданд, қаблан вориди эътилофҳое шуда буданд. Иттиҳодҳое доштанд, аммо фурӯ пошид, шикаст ва ин нишон медиҳад, ки як ҳадафи воҳид дар пайи ин эътилофҳо вуҷуд надошта, ба ин далел ин эътилофҳо шикананда буда. Ман фикр мекунам, ки агар мехоҳанд эътилоф бикунанд бояд содиқона дар пайи таърифи манофеъ ва аҳдофе, ки бихоҳанд бирасанд, бошанд ва то замоне, ки ба ҳадаф нарсанд, мутаваққиф накунанд. Чунин чизро мутаассифона, дар Афғонистон мо надорем.

С.Кабиров: - Баъди ворид шудани Амрико ва ҳампаймононаш ба Афғонистон шоҳиди роҳбарии се чеҳра дар Амрико шудем: Ҷорҷ Буш, Барак Обама ва акнун Доналд Трамп. Президенти кунунии Амрико дар барномаи пешазинтихоботӣ дар мавриди мубориза бо терроризм ва вазъияти Афғонистон ҳарфҳои зиёде гуфт, вале бо омадани ӯ ба сари қудрат чандин ҳамлаҳои хунин дар Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Оид ба ин мавзӯъ назари Шумо чист?

Парвиз Кова: - Фикр мекунам боз ҳам мо бояд ба унсури байналмилалӣ ё ҷаҳонии терроризм назар дошта бошем. То замоне, ки терроризм ба унвони як падидаи сиёсати хориҷӣ аз ҷониби Покистон истифода шавад, дар ин қисмат на Амрико коре карда метавонад ва на кишварҳое, ки неруҳои Афғонистонро омӯзиш медиҳанд. Ин худ нишон медиҳад, ки бо мо наҳвае дар робита ба овардани фишор болои Покистон иқтидом бикунем. Он чи ки аз суханони Доналд Трамп бармеояд, онҳо мехоҳанд сиёсати возеҳтарро дар робита ба Покистон тарҳрезӣ бикунанд ва Покистонро ба унвони як кишваре, ки аз терроризм ҳимоят мекунад, зери фишор қарор бидиҳанд ва ин худ ҳаракати хуб ҷиҳати мубориза бо терроризм дар минтақа ҳаст. Дуруст аст, ки мо дар Афғонистон бештарин гуруҳҳои террористии фаъолро дорем. Аммо дар назар дошта бошем, ки тамоми онҳое ки дар Афғонистон ҳастанд, афғон нестанд. Аз кишварҳои мухталиф ҳастанд. Онҳо фазои хуберо дар Афғонистон барои анҷоми амалҳои терорристӣ пайдо карданд. Мо бояд ин террористонро ба унвони таҳдиди билқувва барои кишварҳои минтақа бишносем ва муштарак бо онҳо мубориза барем.

С.Кабиров: - Аз вуруди неруҳои НАТО, Амрико ва ҳампаймонанашон ба Афғонистон 16 сол сипарӣ шуд, вале ДИИШ аз Ховари Миёна ба Афғонистон кӯч мебандаду ба бовари баъзе аз мақомҳои амниятии Афғонистон Русия ба толибон аслиҳа кумак менамояд. Чаро ин таззодҳо дар ин миён ҷой доранд?

Парвиз Кова: - Ман фикр мекунам, ки васл шудани гуруҳҳои ДОИШ аз Шарқи миёна ба касоне, ки иддао мекунанд, ки узви ДОИШ ҳастанд, дар Афғонистон як кори мумкин нест. Инҳо аз лиҳози ҷуғрофиёӣ ба ҳам васл нестанд. Дар васати инҳо Эрон қарор дорад, ки худ ба сифати яке аз муҳраҳои зидди ДОИШ дар минтақа аст. Бинобар ин, касоне ки ба унвони аъзои ДОИШ дар Афғонистон фаъолият мекунанд, афроде ҳастанд, ки бештар аз Покистон меоянд.

Иддаоҳое вуҷуд дорад, ки русҳо барои толибон ва соири гуруҳҳо аслиҳа доданд, ки бо ДОИШ мубориза кунанд. Аммо фикр мекунам, ки мо дар маҷмӯъ тавофуқ дошта бошем, ки гуруҳҳои террористӣ дар ҳеҷ замоне ба нафъи ҳеҷ касе нест ва дар ҳеҷ замоне барояшон на аслиҳа ва на манобеъ супорида шавад. Чун мо имрӯз мехоҳем ҷангро миёни толибу ДОИШ ташдид бикунем фардо агар яке аз инҳо пирӯз шавад, мубориза ба он сахт мешавад. Ман фикр мекунам, ки неруҳои амниятии Афғонистон ба сурати бисёр ҷиддӣ ҳам бо Толибон ва ДОИШ ҷанг мекунанд. Кумаке, ки агар дар ростои мубориза бо бунёдгароӣ ва терроризм дар минтақа дошта бошем, бояд аз тариқи Ҳукумати Афғонистон анҷом бидиҳем.

С.Кабиров: - Як замон теъдоди неруҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистон ба 70 ҳазор ҳам расид. Аммо мебинем, ки кумакҳои низомӣ вазъро ба қадри лозим беҳбуд набахшид. Пас бояд кишварҳо ба Афғонистон чӣ гуна кумак расонанд?

Парвиз Кова: Масъалаи Афғонистон содда нестПарвиз Кова: - Мубориза бо терроризм аз соли 2001 шурӯъ шуд, то соли 2014 бештар рӯёрӯи низомӣ буд. Афғонистон куҳу дарраву ҷангал дорад, ба ин хотир ҷанг барои неруҳои амниятии афғон ва хориҷӣ мумкин нест. Чунки дар ин ҷангҳо ҳазинаи тарафи муқобил кам аст, вале барои артиш зиёд аст. Бинобар ин, баъд аз соли 2014 тарҳи масъаллаи омӯзиши неруҳои амниятии Афғонистон дар таваҷҷуҳи кишварҳои кумаккунанда қарор гирифт ва ҳоло сарбозони зиёдеро омӯзиш медиҳанд. Оҳиста-оҳиста артиши мо тахассуситар мегардад ва ин худаш кумаки дарозмудаттар барои Афғонистон аст.Чун неруҳои дохилӣ бо фарҳанг, ҷуғрофиё ва мардум ошно ҳастанд ва метавонанд бо мардум роҳат робита барқарор намоянд. Вале барои неруҳои хориҷӣ ин масъалла як каме сахт аст. Мо таҷрибаи ҷангҳои мутаадид ва мухталиферо дар Афғонистон доштем ва ин барои мо нишон дод, ки неруҳои хориҷӣ бо мардум робитаи мустақим наметавонанд барқарор кунанд. Чунки ба ҳар ҳадафе дар Афғонистон қарор доранд ва ин худаш баҳси мубориза бо терроризмро осеб мерасонад.

С.Кабиров: - Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ дорад. Вазъ дар марз чи гуна аст? Ба назари Шумо, чӣ гуна хатарҳо ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд?

Парвиз Кова: - Ба сурати табиӣ марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон як марзи обӣ аст. Дарёи Омӯ марзро таъин карда, ин худ убуру мурури мардумро душвор мекунад. Неруҳои марзӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва метавонанд марзҳоро посбонӣ бикунанд, вале инчиро мо дар Афғонистон надорем. Чунки неруҳои мо кам аст ва ҳам пули кофӣ барои пардохти ин неруҳоро надорем.

Ҳамон қадар, ки барои Афғонистон, убури террористон ба хоки Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Ба ҳамон паймона неруҳое, ки аз Осиёи Миёна ба навъе бо ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террорист робита доштанду имрӯз ба Афғонистон меоянд, ин ҳам қобили нигаронӣ аст. Барои мардуми Афғонистон он гуна ки амнияти худашон муҳим аст, амнияти кишварҳои дӯст ва ҳамсояаашон муҳим аст Биноан, фикр мекунам, ки кишварҳо ба сурати наздик ба ҳам кор бикунанд... Хушбахтона, мо робитаи хубе бо Тоҷикистон дорем. Ҳадди ақал, дар 15 соли гузашта, самимитарин дӯсти Афғонистон дар минтақа Тоҷикистон будааст. Мо якдигарро кӯмак кардем. Дар канори якдигар истодем. Пружаҳои муштараки иқтисодӣ дорем. Ин худ масири рафтан ба ҳамкориҳои бештарро амалан мусоид сохтааст.

Сафарбек КАБИРОВ
Бознашр аз рӯзномаи “Имрӯз News”, шумораи 170 (1407) аз 20 июли соли 2017

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)