Тарҷумаи футбол: Фанат-дилбохта, шортӣ-ронӣ, плейоф-бозибадар... (ВИДЕО)
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар ҳамкорӣ бо телевизиони “Варзиш” беш аз 50 калимаи соҳаи футболро тарҷума кардаанд.
Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, худи калимаи футболро тарҷума намекунанд, зеро ин мафҳум аллакай қабул шудааст: “Аммо мафҳумҳои марбути футболро тарҷума кардем. Шоҳмоти моро гирифтанд, бо забонҳо тарҷума карданд, чаро мо мафҳумҳои футболро тарҷума накунем. Забони тоҷикӣ бисёр бой аст ва мувофиқ ба меъёрҳои забон мафҳумҳоро тарҷума мекунем”.
Зулфониён дар идома гуфт, “шортӣ, дар Шоҳнома ҳамчун ронӣ зикр шудааст. Капитани командаро сардаста, плей офф-бозибадар бурунбозӣ, комбинатсия- баҳамсозӣ, голкипер-дарвозабон, штанга-сутуни дарвоза ё паҳлӯчуби дарвоза, прострел-ростпарто, навес-ҳавопарто, сейв-тӯбқапӣ, дебютант-навбозингар, шитки-соқа, гейтрӣ-соқаҷӯробак, фанат-дилбохта, трансфер-гузариш, сейрплей-бозии ҷавонмардона ва ғайраҳоро тарҷума кардем”.
Ин масъули Кумита афзуд, тарҷумаи мафҳумҳои варзиш ва дигар соҳаҳо феълан идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |