Бахшҳо
01 авг 2017 14:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Парвандаи Хадамоти гумрук нисбати як ҷавон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод дар вилояти Суғд нисбати як сокини шаҳри Истаравшан, ки дар Сурия қарор дорад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Торнамои расмии ин ниҳод мегӯяд, хабари дар Сурия будани ин ҷавони 30-сола дар пайи як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шудааст. “Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Т.Х.соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, тахминан моҳҳои сентябр ва октябри соли 2015 ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанаш бо даъвати шахсони номаълум ба иттиҳодияи ҷиноятии Ҳаракати Исломии Узбекистон, ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳҳои ифротгаройии террористии ҷамоати “Ансоруллоҳ” шомил шуда, тахминан моҳи июни соли 2016 тариқи пинҳонӣ ба давлати Туркия, сипас барои иштирок намудан дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафта, барзидди қувваҳои ҳукумати Сурия ширкат варзида истодааст”,-хабар медиҳад манбаъ.

Торнамои Хадамоти гумрук дар идома таъкид кардааст, “дар кирдори шаҳрванд Т.Х. аломатҳои таркиби ҷиноят, яъне ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дида мешавад”.

Дар зимн, нисбат ба ин сокини Истаравшан бар пояи моддаи 401 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба додситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.
Мӯҳр
Он ки дар дастгохи давлати кадрхои саводнок ангуштшумор мондаанд, дигар чои бахс нест. Лекин мушохида мешавад, ки хабаргузории шумо хам сохибкасбиаш дар сатхи матлуб набудааст... Ин иттилооти пахн кардаи шумо тамасхур ва таасуфро ба вучуд меорад. Аввалан, Хадамоти гумрук салохияти огози павандаи чиноятиоо надорад. Дуюм, дар кадом асос гумрук парванда огоз намуда, боз додситониро (прокуратураро) вазифадор мекардааст)))) Сеюм, вазифаи гумрук назорати интиколи бору махсулот тавассути сархади иктисодии давлат мебошад, на назорати омаду рафти одамон. Умуман, ин хабар, ба фикрам, фейк аст...

Гумрук парвандаи чинояти огоз кардааст, акнун навбати кумитаи танзими чашну маросимхо, кумитаи кор бо занон

Махмасиид
О ин одам бо таври кочок марзи Точикистонро тарк намудааст, ки парвандаи чинояти огоз мекунед? Прокуратура, Милиса, Амният ба кучо нигох мекунад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)