Бахшҳо

(ВИДЕО) Пешниҳоди “Барқи тоҷик” барои боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 1-уми август дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ кард, ки хостори боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон шудаанд.

Исмоилзода гуфт, “Барқи тоҷик” барои нигоҳдории иншооти энергетикӣ ва беҳбуди вазъи молию техникӣ ниёз ба болобарии нархи барқ дорад: “Лекин зиёд намудани нархи нерӯи барқ аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои дигар бо қарори ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ҳозир ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Агар бо қарори ҳукумат нарх зиёд шавад, мо ҳамчун иҷрокунанда ин қарори ҳукуматро амалӣ мекунем”.

Аммо раиси “Барқи тоҷик” аз ироаи маълумоти мушаххас, ки чӣ қадар мехоҳанд нархи барқро боло баранд, худдорӣ намуд. Манобеи "Озодагон" мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 15 дарсад бештар кардани арзиши хизматрасонии барқ пешниҳод шудааст, аммо он ниҳоӣ нест ва тасмими охирро дар ин бора ҳукумат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта нархи барқ дар кишвар ҳудуди 16 фоиз боло бурда шуд ва нархи миёнаи фурӯши барқ имсол нисбати соли гузашта ҳудуди 3 дирам қиматтар мебошад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳоди “Барқи тоҷик” барои боло бурдани нархи барқро тасдиқ карда, афзуд, ки феълан хулосаи ин ниҳод ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст. Масъулини зиддиинҳисорӣ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди болобарии нархи барқ худдорӣ намуданд.
Мӯҳр
Раджаб
Бисер хуб мекунед окои вазир нархро бардоред.

исмоил
Холи корхонахои саноати чи мешавад
Дар Кигизистон нархи барк барои корхонахо 2маротиба арзон хаст.

login
Мунтазири он шавед ки КАРЗ зиёд мешавад. Дигар пул намесупоранд. Маош намерасад. Порагири зиёд мешавад. МОШИ МАРУДМ ДИГАР НАМЕРСАД КАМЕ ФИКР КУНЕД НАМЕСУПОРАН ПУЛИ КУВВАИ БАРКРО. Бо халк ба чушу хуруш нахезад. Маоши хадди акал 400 сомон аст.

Беном
Як доллар мешуд хуб мешуд

нафакахур
Оё шумоен дар бораи нафакахурон фикр мекунед

офарин
Бехтарин икдом, канд зан раис, бардоред хама нархоро бардоред. Ба чуз шароити зисту зиндагии мардум, ки барои ин нангу номум лозимаст, дигар хамаро бардоред!!! Боз барои мардум далел хам, биоред ва хатман бигуед, ки дар Амрикову Аврупо нархи барк чи кадараст ва киес кунед, ки дар мо арзонаст! хуллас ба ин макомдорони мо як зин намерасад, ки ба мардум зада савор шаванд!!!


рустам
мебахшен Шумо сатхи зиндагии мардума фикр намекнен чи сабаб шудастки хар сол баркро кимат мекунен.

Як вақт наворе тамошо кардам ,ҷамомади дар Белоруссия бо иштироки Лукошенкову вазиронаш мехостанд нархи сузишвориро баланд кунананд.
Бо овози баланду суханони қабеҳ зарбае бо он вазир зада гуфт.
"Вы для чего вообще чем вы занимаетесь ! Народ и без вас могут цену поднимать ,воспользуйтесь всеми возможностями запасами ,если не получится напишете заявление об увольнение . "
Ана дарси ибрат ёд гиред барои нархҳоро бо осмони ҳафтум расонидан шумо зарур нестед ,ягона манбае коне дар дохил истеҳсол мешавад шукрона Худованд бо оби ватан истеҳсол мешавад ҳамин барқ аст.
Аз уҳдаи ҳаминҳам намебароед ?

003
Мардума зиндагияш бе ин хам базур рафта истодааст боз Шумо як вазнинии дигар илова карда истодаед.

25698
Худшон эътироф мекунанд ки ахоли ки камбагал асту пули барка дода наметавонанд(харчанд ки карзи ахоли зиед аст ин шубханок метобад мумкин дар амал ин хел набошад)боз мехоханд ки киммат кунанд.
Мантикан агар хамин пули кама дода натавонанд зиедаша чи хел медиханд ку мантик?Бехтараш ки исрофи барк(дузди)-ро нест кунанд.Аз барои суст будани менечменти идоракунии соха халк набояд зарар бинад.
Агар боз киммат шавад мисли занчира тамоми молу махсулот низ киммат мешавад.Инро низ дар назар гирифтан лозим аст.Наход ки боз ягон рохи дигар набошад?

Ҳар қадар метавонед, халқро бор бандед. Худатон шоҳу таъбатон вазир аст. Мо дигар чизи гуфтанӣ надорем. Ба гуфтан ҳақ ҳам надорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)