Бахшҳо

Фикри фикри тоҷикиро кӣ мекунад?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Тоҷикистон дар 4-5 соли охир ба як кишвари идеологӣ табдил шудааст. Тақрибан ҳама сохторҳо дар ҳукумат ба бештари масоил идеологӣ бархурд мекунанд. Аз раиси ҷамоату мудири мактаб то сатҳи болои болои ҳукумат ҳама идеологӣ меандешанд. Ҳатто ниҳодҳои иқтисодиву молиявӣ низ ба масоили худ бархурди идеулужик мекунанд. Идеология ва идеологӣ андешидану бархурд кардан кори баде нест, агар идеология ҳисобшуда, илмӣ ва коркардшуда бошад. Аммо идеолгияе, ки бар асоси манофеи сиёӣ ва қудрати сиёсии як гуруҳи хос тарҳрезӣ шуда бошад ва манофеии куллии мардумро фаро нагирад, натиҷадор намебошад ва ба нокуҷо мебарад.

Усулан
ҷомеаҳое, ки идеологиягароянд дар фикри сохтусози ҷомеа ҳастанд ва таҳдобу зербинои давлати худро барои муддатҳои дароз бунёд мегузоранд. Зоҳиран дар Тоҷикистон ҳам гӯё чунин як кори барномавӣ пиёда мешавад. Вале як мушоҳида, ки ман зимни сафари охирин кардам ба назар расид, ки ҳамин сохту сози мо чандон босамар нест.

Дар ин авохир ба чанд рустои кишвар сафар доштам ва ҳангоми суҳбату баҳсҳо бо мардум онҳо вақте мехоҳанд, ки ҳарфи худро бароят собит кунанд зуд телефуни ҳамроҳи худро фаъол мекунанду дар интернет ҳамон мавзуъро меҷӯянд ва чун нуқтаи таммати баҳс ва далели раднопазир бароят пешниҳод мекунанд. Дар қадами аввал ин як кори хуб аст, ки мардуми мо, хусусан насли ҷавонтар аз фанновариҳи ҷадид истифодаи дуруст мекунанд. Аммо ба назар мерасад, ки ин насал дониш ва шинохти мустақим аз ҳаводис ва таҷоруби имрӯзро надоранд ва фикру мавқеи худро қурбони додаҳои интернет кардаанд.

Мусаллам аст, ки дар интернет фикр ва мавқеву назари миллату кишварҳое бартар аст, ки соҳиби фикри худанд ва фикри худро аз ин тариқ бар ҷаҳон мепарокананд. Агар ин раванд ба ҳамин минвол ҷараён бигирад, (ки ҳамин тур дар ҷараён ҳам ҳаст) пас насли нав соҳиби фикри тоҷикӣ намешаванд. Ин раванд барои шаклгирии фикри миллии мо бисёр хатарзост ва барои тарбияи насли озодаву озодфкри миллӣ сад(д) мегузорад. Вале масъала ба ҳадде нест, ки ин раванд дахлнопазир бошад ва нашавад коре кард. Пеш аз ҳама имконот ва роҳҳое вуҷуд доранд, ки бояд фикр ва мавқеи миллӣ ҳифз шавад. Барои он ки манзури мо мушаххастар шавад, зарур аст, ки қаблтар ду ҷанбаи масълаи тарҳкардаро равшантар тавзеҳ бидиҳам:
1. Манзур аз фикри тоҷикӣ чист;
2. Ангезандаи тарҳ кардани мавзуъ чӣ шуд.

Барои он ки мавзуъ содатар баён шавад аз ҷанбаи дувум шуруъ мекунем. Дар деҳ сари ин ки бузургони асримиёнагие чун Сино, Форобӣ, Розӣ, Берунӣ ва ғайра мутаалиқ ба кадом тамаддун ва миллат ҳастанд бо як гуруҳ вориди баҳс шудем. Онҳо бино ба додаҳои бозе, ки дар интернет мавҷуд аст ва донишномаҳои озоди интрнетӣ далел меоваранд, ки Берунӣ узбак аст, Форобӣ қазоқ аст, Розӣ интурӣ аст ва Сино онтурӣ. Хусусан дар масоили диннӣ як қадаме фаротар аз додаҳои интрнетӣ намераванд. Ҳарчанд қисме аз онҳо медонанд, ки маълумоти интернетӣ чандон сиҳат надоранд. Албатта дар ин баҳсҳо ба мо муяссар шуд, ки “бовари интернетӣ”-и ин гуруҳро бишканонем, вале агар масъаларо дар сатҳи кишвар (миллӣ) тасаввур кунем, рӯшан аст, ки чӣ миқдоре аз насли нави кишвар дучори гумроҳӣ мешаванд. Хусусан ин дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ асту ҳамин насл бояд миллат ва ҳувияти милливу давлатии моро ҳифз кунанд.

Вақте чораву дармони ин мушкилро меҷӯйем ба ин натиҷа мерасем, ки бояд муҳите дошта бошем ва ё шакл бидиҳем, ки фикрзо шавад ва василҳоеро, ки фикрзову фикрсоз ҳастанд истифодаи дуруст кунем. Қабл аз ҳама давлат масъули фароҳам кардани чунин як муҳит аст. Давлат масъулият дорад, ки дар фикри ҳифзи фикри тоҷикӣ бошад.

Фикри тоҷикӣ, ки мо онро як истилоҳи рамзӣ қарор додаем ин аст, ки бояд дар мо муҳите фароҳам бошад то насли мутаҳаррики ҷомеа бар асоси ҳамин муҳити ҳоким фикрронӣ кунанд ва ба хулосаву натиҷае бирасанд, ки барои саъодати миллии мо сабаб шавад. Албатта манзури мо сохтани як муҳити идеологие мисли даврони шӯравӣ ва ё Куриёи шимолӣ нест, ки давлат таъин кунад дар ин кишвар дар бораи чӣ суҳбат кардану фикр кардан мумкин асту дар бораи чӣ не. Балки бояд дар донишгоҳҳо, Академияи улум, мактабҳо, расонаҳо ва дигар ниҳодҳои фикриву тадқиқотӣ фазое вуҷуд дошта бошад, ки бар асоси дастовардҳо ва донишу таҷрибаи ҷаҳони муосир барои самт гирифтани фикри тоҷикӣ (миллӣ), ки ниҳояти он саъодат ва озодагии миллату давлат мебошад, мусоидат кунад. Дар ғайри сурат, бидуни талошҳо барои ҳоким кардани фикри тоҷикӣ, бидуни барномарезӣ кардани роҳбурду роҳкорҳои илмиву ҳисобшуда, намешавад ва имкон надорад, ки бар асоси идеологияи шабакаиаввалӣ роҳи наҷотро таъин кард. Ба ин манзур, ки ин идеология як идеологияи салиқаист ва ҳеч решаву пояи илмиву таҷрибаӣ надорад. Шиғбандӣ ва дар чаҳорчӯбаи идеологияи номушаххасе зӯробазӯр ғунҷонидани фикри тоҷикӣ ва марз кашидан, имкон намедиҳад, ки миллат озода шавад. Моро дар раванд шаклгирии тафаккури бардагӣ қарор медиҳад.
Мӯҳр
Худи нависандаи ин сатрхо ба дарди бузургманиши гирифтор хаст. Дар хамин синну сол масъалаи насли чавонро мавриди чарру бахс карор додан нишонаи номатлуб мебошад. дар Ванчи боло ин кабил одамро хурди калонкор мегуянд..

Беном
Бисер андешаи хуб. Агар хамин равд моро пеша гирад, мо аз асли худ дур хохем монд. Аз либоси точики ба европои.. мегузарем. Аз фикрони бо забони ноби точики бо забони омехтаи русиву узбеки мегузарем. Чавонони ин даврон хатто дар однокласники навиштанро гум кардаанд баьзехо сари калимаро менависанду охирашро гуе фаромуш карданд.

Аҳмадӣ
Бузурги ба ақл аст на ба сол. Соҳиби мақола мавзуйи "фикри тоҷикона"-ро хело возеҳ шарҳ додааст. Офарин

Попутчик
Рахмати калон. Маколаи хуб

мехмон
Аз хурди бояд худшинос бошем. Аз богчаи бачагона!

Рустами Достон
Мутаассифона имруз афкори мазхаби аксари чомеаи моро фаро гирифтааст ва афкори милли ва илмиро кариб ки пурра танг карда баровардааст. Фикри ин мардум ба гузашта ва ба он дунё равона карда шудааст. Мубалигон пайваста ба онхо гузаро ва беарзиш будани ин дунёро таъкид мекунанд, яъне барои ободии ин дунё коре кардан зарур нест. Ин гуна чамъият якинан таракки намекунад ва оянда надорад.

Джураев
Ин калимахоро нав фахмидем "салиқаист", "решаву пояи илмиву таҷрибаӣ", "шиғбандӣ"... ё мо точик нестем ё забонро расво карданд. Фахмо нависед, мухтарам рузноманигорон

Paymon
Джураев,
ё shumo точик нестеd yo zaboni tojikiro namedoned!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)