ВКД: Сокинони Қубодиён ҳамдеҳаи худро латту кӯб ва зери об карда, куштаанд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти се сокини ноҳияи Қубодиён хабар додааст, ки дар анҷом додани куштор муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои ин ниҳод, ин се нафар 23 сол дошта, дар ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ин се нафар тахминан соатҳои 21:10-и 23 июли соли 2017, дар назди мағозаи хӯроквории ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён бо як сокини 24-солаи деҳаи Советободи ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудаанд: “Сипас, ӯро ба канали калони деҳаи Заркамар партофта, як чанд маротиба зери об карда, ба ҳалокат расонидаанд”.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |