Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 02:35

Қатъи беш аз 2 миллион симкорт барои дубора сабти ном нашудан (ВИДЕО)

2 август 2017, 14:14

Дар Тоҷикистон хизматрасонии беш аз 2 миллиону 300 ҳазор симкорти телефонҳои мобилии шаҳрвандон бо далели нагузаштан аз марҳилаи азнавбақайдгирӣ қатъ шудааст. Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини якуми раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ӯ имрӯз, 2 август зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар кишвар 6 миллиону 125 ҳазору 240 симкорти телефонҳои мобилӣ азнав сабти ном шудаанд.

Қаблан масъулин эълон карданд, ки масъалаи азнавбақайдгирии симкортҳо баъди ошкор шудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии симкортҳои Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткор дар Афғонистон ба миён гузошта шудааст.

Илҳомҷон Атоев дар нишасти хабарии имрӯз дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, чунин ҳолат ҳанӯз ҳам ҷой дорад: “Қарори ҳукумат дар бораи тартиби бақайдгирии симкортҳо амалӣ шуд. Яке аз мақсадҳои ин қарор таъмини амнияти давлат, ҷамъият ва кишвар аст. Дар ҳақиқат симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бояд дар қаламрави кишвар истифода шаванд. Таҷриба нишон дод, ки симкортҳо дар хориҷ истифода мешаванд. Бо сабаби пешгирии ин зуҳурот қарори мазкур қабул шудааст. Баъди қабули ин қарор истифодаи симкортҳо ба танзим дароварда шуд”.

Ба гуфтаи Атоев, теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ дар кишвар 7 миллиону 353 ҳазору 192 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 4 миллиону 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Номбурда гуфт, дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ҳамкорӣ бо мақомоти интизомии кишвар 133 ҳолати фурӯши ғайрирасмии симкортҳоро ошкор намуда, нисбати қонуншиканҳо санадҳо тартиб дода ва онҳоро ҷарима намудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!