Ховалинг: Аз фаъолият мондани корхонаҳо 700 нафарро бекор гузошт
Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мегӯяд, дар пайи аз фаъолият бозмондани чор корхонаи коркарди тилло 700 нафар бекор мондааст.
Ба гуфтаи Нурулло Мирзозода, корхонаҳои “Ганҷ”, “Помир”, “Союз-зар” ва “Абдулазиз” аз моҳи январ ба ин сӯ бо далели дарёфт накардани иҷозатнома аз кор монданд ва дар пайи ин буҷа аз ҳисоби молиёт 2311,3 ҳазор сомонӣ камомад дорад.
Ҷаноби Мирзозода афзуд, дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 7 корхонаи коркарди тилло мавҷуд аст, ки ҳоло танҳо сетои он фаъол ҳастанд. Раиси ноҳия гуфт, барои ҳалли мушкили бамиёномада аз Ҳукумати Тоҷикистон кумак хостаанд ва интизори посух ҳастанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |