Бахшҳо

(ВИДЕО) Сафири Саудӣ: Гуруҳҳо ва ҷамоатҳое ҳастанд, ки барои бад кардани чеҳраи Ислом фаъолиятҳо мекунанд

Дар ин авохир мавзӯи буҳрони кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс дар сархати расонаҳо қарор гирифт, ки ҳамчун “буҳрони қатарӣ” маъмул шуд. Иршод Сулаймонӣ дар ин маврид ва мушкилоти дигари ҷаҳони Ислому перомуни равобити Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ҷаноби Абдулазиз бин Муҳаммад Албодӣ мубоҳисае орост.

Озодагон: Ҷаноби Сафир, имрӯз яке аз доғтарин мавзуъоти расонаҳо буҳронест, ки дар ҳавзаи кишварҳои Халиҷи Форс ба вуҷуд омад ва он ҳамчун “буҳрони Қатар” маъмул шуд. Назари Шумо дар маҷмӯъ ба заминаҳои ба вуҷуд омадан ва пайомадҳои ҳамин буҳрон чист?

Муҳаммад Албодӣ:
Сабабҳо ва ангезаҳои ин буҳрон, мисле ҳама медонанд сиёсатҳои нодурустест, ки раҳбарияти давлати Қатар имрӯз пеш гирифтааст. Ва дурӣ ҷустану риоят накардани ин кишвар аз масъулият ва уҳдадориҳоест, ки дар доираи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ дорад. Вақте ин гуна масъулиятҳо ва уҳдадориҳояшро иҷро накард, мутаассифона чунин буҳрон сар зад. Бинобар ин Арабистони Саудӣ ба хотире, ки Қатар ба чунин ихтилофот роҳ дод, равобити дипломатӣ, иқтисодӣ ва дигар равобиташро қатъ намуд. Ва дар баробари ин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боз таъкид ҳам мекунад, ки мардуми Қатар бо мо бародар ҳастанд, ҳамхун мебошанд ва мо ҳеч гоҳе онҳоро мавриди азияту муҷозоте қарор нахоҳем дод. Фикр мекунам ҳаллу фасли ин буҳрон хеле осон ҳам ҳаст. Бояд давлати Қатар ба тааҳҳудоти худ вафодору пойбанд боқӣ бимонад ва аз сиёсатҳои душманонаи худ дар баробари Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои ҳамсоя даст бикашад.

Озодагон: Аз назари Шумо сиёсатҳои душманона ва нопойбандии давлати Қатар ба уҳдадориҳое, ки мегӯйед кадомҳоянд?

Муҳаммад Албодӣ:
Дар фурсатҳои наздик як баёнияе, ки давлати Қатар бояд чӣ кунад, то ин буҳрон ба хотима бирасад, содир хоҳад шуд. Ва дар он гуфта мешавад, ки чӣ фаъолиятҳои душманонае дорад. Аммо ин ки чаро ба тааҳҳудоташ пойбанд намонд, посухро бояд худи давлати Қатар бигӯяд.

Озодагон: Метавонед бисёр кутоҳ посух бигӯйед, ки ҳамин буҳроне, ки ба вуҷуд омад ба сафири ахири раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба Саудӣ ва ҳамоиши кишварҳои арабию исломӣ робте дорад?

Муҳаммад Албодӣ:
Бояд бигӯям, ки дар ин робита эъломияи ҷониби Саудӣ интишор шуда буд, ки он ҷо ба таври бисёр возеҳ ва сареҳ гуфта шудааст, ки ин буҳрон ҳеч алоқа ва робитае ба боздиди расмии Трамп надорад. Ин мавзуъест, ки пештар ҳам чунин буҳрон рух медод ва кишвари мо ба ин масъала борҳо дахл карда буд.

Озодагон: Мо умедворем, ки ин буҳрон дар минтақае, ки мо бо он пайванди таърихию тамаддунӣ дорем бо пайомадҳои бисёр мусбат ҳал мешавад.

Муҳаммад Албодӣ:
Мо ҳам аз ҷониби худ изҳори умед мекунем, ки раҳбарияти давлати Қатар низ ба худ меояд ва ин мавзуъро таҳлил намуда ба хулосаи дурусте мерасад, ки ин буҳрон ҳар чи зудтар хотима дода шавад.

Озодагон: Агар рӯйи равобити Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ тамаркуз кунем, дар ҳоли ҳозир ба назар мерасад, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон ҳамкориҳои танготангеро роҳандозӣ кардааст. Ҳоло бо таваҷҷуҳ ба ин марҳила дар кадом риштаҳои иқтисодиёти кишвари мо сармоягузорӣ хоҳед кард ва дар сармоягузорӣ ба чӣ гуна барномаҳое авлавият дода мешавад?

Муҳаммад Албодӣ:
Бояд бигӯям, ки муносибот миёни Шоҳигарии Арабаистони Саудӣ ва Тоҷикистон алоқаҳои таърихӣ, бостонӣ ва хеле қавӣ ҳам мебошанд. Ҳарчанд Сафоратхонаи Саудӣ дар Душанбе соли 2010 боз шудааст, вале Бунёди саудии рушд аз соли 2003 инҷониб дар сармоягузории лоиҳаҳову тарҳҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзад. Тақрибан ҳаҷми сармоягузориҳое, ки ин Бунёд барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ба унвони қарзи имтиёзнок ихтисос додааст, ҳудуди 148 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин илова бар ин, Маркази Малик Салмон дар умури корҳои башардӯстона дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки як силсила лоиҳаҳои хайриявӣ ва инсондӯстонаро роҳандозӣ кардааст. Тақрибан, якуним моҳ пеш аз ин имзои як Созишнома сурат гирифт, ки ёрии башардӯстонаи ин Марказ барои истеҳкоми соҳилҳои дарёӣ дар ҷануби Тоҷикистон равона шудааст ва он 2 миллион долларро дар бар мегирад. Мо ҳоло дар сафорат барои ташвиқи роҳандозии сафарҳои кории сармоягузорони худ талош мекунем, то биоянд ва ҳузурӣ бо имконот ва зарфиятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ошноӣ пайдо бикунанд. Умед дорем, ки дар фурсатҳои наздик байни Тоҷикистон ва Саудӣ ҳамкориҳои зиёди сармоягузорӣ, иншоаллоҳ сурат хоҳад гирифт.



Озодагон: Аммо ҷаноби Сафир, коршиносони равобити Тоҷикистон Саудӣ бар ин назаранд, ки имконоти мавҷуд дар ин замина бисёр босамар истифода нашудаанд. Масалан, эродҳо ҳаст, ки Саудӣ тарҳҳои иқтисодии бузургеро то кунун сармоягузорӣ накардааст. Имрӯз тақрибан аз ҳузури ширкату корхонаҳои саудӣ дар Тоҷикистон нишоне нест. Теъдоди гардишгарони кишвари Шумо ҳам бисёр кам аст. Оё дар ин заминаҳо мушкилоте вуҷуд дорад?

Муҳаммад Албодӣ:
Мисле, ки гуфтам Бунёди саудии рушд солҳост, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва чандин лоиҳаҳоро сармоягузорӣ намудааст. Ҳамчунин бояд бигӯям, ки ин Бунёд имконоти бисёр хуби сармоягузорӣ дорад ва хеле аз кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад. Як рӯйхате дорад, ки дар он ба кишварҳо ва лоиҳаҳои сармоягузори авлавият дода мешавад. Дар ҳамин рӯйхати авлавият Тоҷикистон ҳам ворид аст. Дар мавриди сармоягузорӣ, ман орзуманди онам, ки дар Тоҷикистон шароит, муҳит ва фазои хеле хуби сармоягузорӣ ба вуҷуд биояд, ки сармоягузорон барои ин кор бештар ташвиқ шаванд. Равобит ва дидорҳои мутақобилаи ҳам сармоягузорони Тоҷикистон ва ҳам Саудӣ ба ин фазо бештар таъсир хоҳад гузошт.

Дар мавриди гардишгарӣ бояд бигӯям, ки воқеан ҳам Худованд ба шумо неъматҳои хеле гаронмояро арзонӣ доштааст. Чунин як табиати хеле зебову дилкашу афсонавии Тоҷикистон ва мардуми бисёр меҳмоннавозу боиззати тоҷик метавонанд яке аз василаҳои асосии ҷалби гардишгарон ба кишваратон бошад. Мо медонем, ки Ҳукумати Тоҷикистон як қатор чораҳоро барои истеҳкоми зерсохтҳои гардишгарӣ андешида истодааст, ки инҳо барои ҷалби сайёҳони мо ҳам муассир воқеъ мешаванд.

Озодагон: Яке дигар аз масъалаҳои равобити Тоҷикистону Саудӣ масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишвари Шумост. Солҳост дар ин маврид гуфтугӯҳо вуҷуд дорад, вале пешрафти чашмгире дида намешавад. Ҷаноби сафир, мешавад бигӯйед, ки ин масъала чиро бо ин қадар кундӣ пеш меравад?

Муҳаммад Албодӣ:
Фикр мекунам мушкиле вуҷуд надорад ва оянда ҳам мушкилоте эҷод нахоҳад шуд. Ҳоло шаҳрвандони бисёре аз Тоҷикистон барои кор ба Саудӣ мераванд ва мо талош мекунем, ки теъдоди ин гуна муҳоҷирон бештар шавад. Шояд яке аз иллатҳое, ки ин раванд бисёр мутташаккил ҷараён нагирифтааст омили забонӣ бошад. Аммо тавре ман дарк мекунам, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле ҳавасманданд, ки муҳоҷирати меҳнатии кишвари шумо ба хориҷ аз шумули ихтисосмандҳо бошад. Мехоҳанд, ки ба кишварҳои хориҷ ба ин василаи таҷрибаи кори ихтисосманҳои худ, аз ҷумла табибону муҳандисон ва дигарҳоро пешниҳод намоянд. Дар ин замина, ман умедворам, ки дар оянда низ шумори зиёди муҳоҷирини ихтисосманди тоҷик дар Арабаистони Саудӣ кор мекунанд.

Озодагон: Ҷаноби сафир, Шумо дар ҳоле аз адами мушкилот дар ин замина суҳбат мекунед, ки чанде пештар як хонуми ҳамватани мо аз вуҷуди як силсила мушкилот ва ё шарити нохуби кор барои муҳоҷирон сухан гуфт ва ин бозтоби густардае дар расонаҳо ва ҷомеаи мо дошт.

Муҳаммад Албодӣ:
Албатта ман намехоҳам, ки дар мавриди ин ё он қазияи мушаххас суҳбат кунам. Хусусан қазияеро, ки Шумо ёдрас шудед тафсилоташ то кунун ба таври комил возеҳ нест. Агар Шумо дар мавриди хонум Шамсия суҳбат мекарда бошед, ин хонум ду маротиба ба Саудӣ ҳамчун муҳоҷир рафтааст. Агар чунин мушкилот вуҷуд медошт бояд дар мавриди сафари аввал ҳам ба ин гуна мушкилот мувоҷеҳ мешуд. Агар чунин мушкилоте ҳам вуҷуд дорад ва ё агар миёни корфармо ва коргар падид биоянд, Арабистони Саудӣ дар ҳама минтақаҳояш дафтарҳои хоси муҳоҷирати меҳнатӣ дорад ва шахси гирифтори мушкилшуда метавонад ба ин дафтарҳо муроҷеъ шавад. Ҳамчунин ҳамтои мо, сафири шумо дар Саудӣ Сироҷиддин Қосимӣ дар ин мавзӯъ вориданд ва ҳамеша пайгирӣ мекунанд, ки агар чунин мушкилоте вуҷуд дорад ба он расидагӣ менамоянд.

Озодагон: Албатта, мо шоҳиди чашмгиртари ҳузури Саудӣ дар бахшҳое аз Тоҷикистон мешавем. Мисле, ки ҷаноби Сафир дар оғоз гуфтед, мо як пешинаи ҳамгироии 1300-сола дорем. Аммо мо ҳузури марказҳои фарҳангиву илмиву забономӯзии Саудиро дар Тоҷикистон тақрибан намебинем. Дар факултаҳои шарқшиносии донишгоҳҳои Тоҷикистон, Академияи улум ва дигар ниҳодҳои фарҳангӣ нияти таъсиси Гӯшаҳои Арабистони Саудӣ, марказҳои забономӯзиро доред? Оё барои ҳамкориҳои расонаӣ талошҳое вуҷуд дорад ва масъалаи боздидҳои рӯзноманигорон ҳам мавриди назар ҳаст?

Муҳаммад Албодӣ:
Дар мавриди ҳамкориҳои фарҳангӣ мехостам ба маълумоти Шумо бирасонам, ки мо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон як гӯшаи фарҳангӣ дорем. Дар ин гӯша забони арабӣ барои алоқамандон ройгон омӯзонида мешавад. Ҳамчунин дар ин гӯша китобҳои зиёди арабӣ мавҷуд аст. Фикр мекунам мо дар умур метавонем дар оянда низ корҳои дигареро анҷом диҳем. Ҳафтаи гузашта дидорҳое дар Академияи улуми Тоҷикистон ва Донишкадаи забонҳои Тоҷикстон ба номи Сотим Улуғзода доштам. Дар ин ду ниҳод бо бахшҳои арабӣ ошно гаштам. Бо раҳбарони ин ниҳодҳо ба хулосае расидем, ки дар оянда байни ин муассисот ва ниҳодҳои Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои хуберо ба роҳ бимонем.

Озодагон: Чанд сол аст, ки Тоҷикистон дархост медиҳад, ки теъдоди саҳмияҳо барои зоирини Тоҷик дар маросими Ҳаҷҷ бештар карда шавад. Оё тасмим ва имкони бештар кардани саҳмия барои зоирини тоҷик вуҷуд дорад?

Муҳаммад Албодӣ:
Дар мавриди ҳиссаи Тоҷикистон барои Ҳаҷ бояд бигӯям, ки ин масоил, яъне теъдоди ҳоҷиён бар асоси қарори Созмони Ҳамкории Исломӣ аз соли 1987 танзим карда мешаванд. Мутобиқи ин қарор барои 1000 нафар як ҳоҷӣ муқаррар карда шудааст ва каму зиёд будан ва ё шудани он та шумораи аҳолии ҳар кишвар бастагӣ дорад.

Озодагон: Албатта, ин тартибро мо ҳам медонем ва Тоҷикистон фаротар аз ин тартиб пешниҳод дода буд, зеро довталабони Ҳаҷҷ дар кишвари мо хеле зиёданд.

Муҳаммад Албодӣ:
Шумо мегӯйед, ки чунин дархосте шудааст, вале ман аз вуҷуди ин хабар надорам.

Озодагон: Пештар аз омадани Шумо, ҷаноби Сафир, дар давраи сафорати пешин ҳамин гуна пешниҳодҳо буд. Кумитаи дини Тоҷикистон ҳамеша мегуфт, ки мо дархост додаем ва мунтазири посухи ҷониби Саудӣ ҳастем.

Муҳаммад Албодӣ:
Мо чунин дархостро нагирифтаем.

Озодагон: Ба назари мо яке аз бахшҳои хуби ҳамкорӣ табодули донишҷӯён миёни ду кишвар аст. Вале дар чанд соли охир масъалаи фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба Саудӣ ба мушкил мувоҷеҳ мешавад. Иллат чист ва оё ҷониби Шумо аз вазъи феълӣ қаноатманд мебошед? Ва аслан ин мушкили кадом тараф аст: Тоҷикистон ё Саудӣ?

Муҳаммад Албодӣ:
Аслан ман ҳамин вожаи мушкилро чандон хуш намепазирам. Ҳоло мисле, ки донишҷӯёни кишварҳои дигар дар Саудӣ таҳсил доранд, донишҷӯёни тоҷик ҳам таҳсил мекунанд. Ҳамчунин мавриди истиқболу писанди ҷониби мо қарор ҳам гирифтаанд. Чанде пештар мо аз Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳсили 50 нафари дигар дархост гирифтем. Агар хотираам фиреб надиҳад 40 ҷой барои давраи бакалавр ва 10 ҷой барои давраи мостарӣ. Рӯйхатро ба кишвари худамон ирсол кардем ва ҳоло мақомоти гуногуни кишвари мо ин масъалро доранд меомӯзанд. Ва тартиби пазируфтану ирсоли ин донишҷӯён тибқи механизме, ки дар Саудӣ амал мекунад, сурат мегирад. Ман интизор дорам ва умедворам, ки бишавад дар оянда теъдоди донишҷӯёни ҳар ду кишвар дар якдигар зиёд шавад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 донишҷӯйи Саудӣ таҳсил мекунанд, ки мо талош мекунем бештар шаванд. Зеро ба шинохти ман дар Тоҷикистон донишгоҳҳои бонуфузу муътабар хеле кам нестанд.

Озодагон: Таъкиди мо сари ин буд, ки ҳамин ду соли ахир хабарҳое дар бораи шуморе аз донишҷӯён нашр мешавад, ки мушкили рафтан доранд. Яъне дар сатҳҳои расмӣ масъала ҳалшуда аст, вале дар рафтан мушкил вуҷуд дорад.

Муҳаммад Албодӣ:
Ман фикр мекунам, ки мушкиле вуҷуд надорад. Шояд ин қазия аз он ҷо бархоста бошад, ки вақте дархостҳо тавассути конолҳои дипломотӣ дода мешаванд, мераванд ба мақомоти дахлдор ва ҳар як донишгоҳ ва то ин ки ин масоил баррасӣ мешаванд як замони мушаххасе сипарида мешавад. Ман бо бовар гуфта метавонам, ки фурсатҳои наздик посухи ин дархостҳо мерасанд, ки алабатта ҷавобҳои мусбат хоҳанд буд.

Озодагон: Ҷаноби Сафир, шахси Шумо дар маҷмуъ аз сатҳи равобити Тоҷикистон бо Саудӣ қаноатманд ҳастед ва оё ниёз ҳаст, ки дар Саудӣ Ҷамъияти тоҷикон таъсис шавад ва барои ҳамгиротар шудани муносибот?

Муҳаммад Албодӣ:
Мисле гуфтам муносиботи дуҷониба мо решаҳои хеле таърихӣ доранд. Байни ду кишвар муносибатҳои хеле хуби сиёсиву иқтисодиву амниятӣ вуҷуд дорад. Ман бо Шумо розӣ ҳастам, ки муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии мо ҳоло дар сатҳе нест, ки бояд бошад. Вале ба хубтар шудани ин равобит мо талош мекунем.

Озодагон: Имрӯз ҷуғрофиёи Ислом ҳомилу ҷангу бесуботиҳои зиёде ҳаст. Ин омил боис шуда, ки дар дунё чеҳраи бисёр хашину ҳаросатафкане аз дини мубини Ислому мусалмонҳову кишварҳои мусалмонӣ тарсим карда шавад. Ҳоло фикр мекунед ҷаҳони Ислом дар баробари ин қадар даъвову иҳонату зӯр чӣ барномаҳое барои тағйири тафаккури ҳосилшуда дошта метавонад?

Муҳаммад Албодӣ:
Бо шумо ҳамфикрам, ки имрӯз чеҳраи Ислом ва мусалмонон ба гунаи нодуруст ба сабаби кирдорҳои баъзе гуруҳҳое, ки даъвои Ислом мекунанд, муаррифӣ мешавад. Табъан базе гуруҳҳо ва ҷамоатҳое ҳастанд, ки барои бад кардани чеҳраи Ислом фаъолиятҳо мекунанд. Бадбахтона ин гуруҳҳо афкоре доранд, ки ба назари худи онҳо барои дӯстии ислому муслиминанд. Дар асл ин афкор аз Ислом хеле дуранд. Фикр мекунам, ки барои хунсо кардани ин афкор ва ин чеҳратарошиҳо бояд кишварҳои исломиву мусалмонӣ дар ду бахш фаъолтар бошанд. Яке мубориза ва мухолифат бо чунин гуруҳҳову қувваҳо. Ба хотири мубориза бо тудгаройӣ чанде пештар Шоҳи Саудӣ, ходими Ҳарамайни Шарифайн дар дидор бо Доналд Трамп ва дар ҳузури сарони кишварҳои иштирокдори ҳамоиши ахир, ки Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат дошт, Маркази эътидолро барои тарғиби Ислом дар Риёз боз карданд.

Самти дигар аксулаъмал нишон додан ба ин гуна афкору ақоид аст. Таъкидан бояд бигӯям, ки ибрози симои ҳақиқии Ислом вазифаи ҳар фарди мусалмон аст. Кишвари мо дар ин бахш ҳам фаъолона ширкат мекунад ва тавре медонед пештар бо ташаббуси Саудӣ Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм низ боз шуда буд ва он марбут ба СММ мебошад. Дар мавриди муҷобила ба ин падидаҳо ҳамчунин Маркази шоҳзода Муҳаммад ибни Ноиф боз шудааст, ки дар умури насиҳат ва сарпарастӣ кор мекунад. Ба назари ман давлати Тоҷикистон ҳам дар ин ду бахш фаъоли чашмгир дорад.

Озодагон: Оё гуфта метавонед, ки омори дақиқи шаҳрвандони Арабистони Саудӣ, ки дар саффи гуруҳҳои ҷангҷӯву террористӣ ҳастанд чӣ миқдор аст?

Муҳаммад Албодӣ:
Албатта, шаҳрвандони кишвари мо, мисли шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон дар сафи ин гуна гуруҳҳо ҳастанд. Ин мусаллам аст, аммо шумори дақиқи онҳоро надорем.

Озодагон: Суоли охирин. Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои пештози исломӣ ҳаст. Вале дар ин авохир ишораҳои ниҳону ошкорои расонаиву дипломатие вуҷуд дорад, ки гӯё яке аз пуштибонҳои ДОЪИШ кишвари Шумост. Мавқеъ ва посухи Шоҳигарӣ ба ин гуна ишорот чист ва дар маҷмуъ Саудӣ чӣ барномае барои ҳалли низоъи Сурияву Ироқ дорад?

Муҳаммад Албодӣ:
На ҳама чизе, ки интишор мешавад дуруст аст. Мутаассифона туҳматҳо дар ҳаққи кишвари мо хеле зиёданд. Вале ҳеч далеле вуҷуд надорад. Дар мавриди буҳрони Сурия дар асоси муқаррароти ҷомеаи байналмилал ва Шӯрои Амнияти СММ, ки ба ҳифзу сулҳу амнияти ҷаҳон дахл дорад, амал мекунад.
Мӯҳр
"...баъзе гурӯҳо ва созмонҳо..." Ҳеч яке инҳо он гурӯҳҳоро бо номашон намегиранд. Намегӯянд, ки ин гурӯҳо ДИИШ, Толибон, Боко Ҳарам ва дигарҳоянд. Кайҳо маълум аст, ки ин гурӯҳҳои террористиро худи миллиардерҳои Саудия маблағгузорӣ мекунад. Мазҳаби расмии он кишвар "салафия" аст. Роҳбарони саудӣ кӯшишҳо мекунанд бо ҳар роҳе, ки набошад салафияро дар мамалики мусалмонҳо ҷорӣ намояд.

Муслманин
Мусохибаи хеле хуб. Сафири доно менамояд. Муносибат бояд бо хама хубу нагз бошад. Журналист хам саволхои чудоям нагз додаст. офарин!

сари ҳар 1000 нафар як касба ҳаҷ ки иҷозат бошад барои чи мо тоҷикон ки 8 миллионем инҳо ба 8 000 иҷзозати ҳаҷ наметиян? Ин ҷо ки айбдор аст? ин тараф ё он тараф? Канӣ як ҳисоб карда буроетон будас

Чаро назари моро чоп намекунед, Озодагон? Озод бош.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)