Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 21:52

Қонунгузори №1-и Президент: Ҳабс ягона роҳи ислоҳ нест

2 август 2017, 16:33

Маҳмад Раҳимзода, мудири Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар Кодекси нави ҷиноӣ дар бисёри ҳолатҳо ҷарима ҷои ҳабсро мегирад.

Раҳимзода имрӯз, 2-юми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, башардӯстӣ дар қонунҳои кишвар бартарият дорад: “Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ муайян шудаанд, ки ин гуманизм аст”.

Маҳмад Раҳимзода афзуд, ки дар қонунгузории марбути ҷиноятҳо бештар такя ба ҷарима мешавад: “Дар Кодекси нав қисми зиёди ҷиноятҳо ба ҷарима гузаронда мешавад. Дар 25 соли Истиқлолият ҳар 1,5 сол дар Тоҷикистон афв татбиқ мешавад, ин гуманнизм аст”.

Мудири Маркази миллии қонунгузорӣ таъкид намуд, ки инсонро танҳо ба ҳабс кардан тарбия кардан мумкин нест, аммо куллан бидуни ҳабс ҳам намешавад: “Баъзе роҳҳои дигари тарбия вуҷуд дорад. Дар қонунгузорӣ принсипи оқилона пешбинӣ шудааст, ки ҳатто ба суд имконият медиҳад, ки бо назардошти ин принсип амал кунад. Вазифаи мо тарбияи инсон аст, на қатлу ҷазо”.

Ӯ афзуд, ки дар маҷмуъ сатҳи қонунгузории Тоҷикистон аз давлатҳои дигар поинтар нест ва баъзан камбудию мухолифатҳое, ки ҷой доранд, бо мурури замон бартараф хоҳанд шуд.

Раҳимзода иддаоро, ки қонун догма нест, рад карда, изҳор дошт, ки модоме қонун қабул шудааст, бояд иҷро шавад ва аз ин нуқтаи назар қонун догма аст: “Қонунро қабул кардӣ, бояд иҷро кунӣ. Масъалаи ивазшавандагияш ин дигар аст. Мунтазам парлумон кор мекунад, институтҳо олимон ва ниҳодҳои дигар кор мекунанд, то қонунҳои кишвар такмил дода шаванд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Рахимзода Шумо бо ин чаримабандиатон сафи фасодкорону авбошонро сечанд мекунед,бо чашми худам дидам,ки баъди 120 хазор чарима барои заминфушиаш боз ба чои Раиси чамоат омад акнун (гурги борондида) такдири захматкашон чи мешавад?
Посух додан
  • Дарвеш

  • 2 август 2017 22:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон конун факат барои мардуми одди дахолат дорад, барои мансабдорону пулдорон конун нест.Дар назди конун бояд хама як хел бошад рафик Рахимзода
Посух додан
  • Noil

  • 2 август 2017 23:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чиноете ки бе чазо ме онад ба чиноети дигар тела медихад. Дигархо хам он чиноятро такрор хоханд кард. Дар натичаи боварии мардум ба суду прокурор намеионад ва судхои халки е судхои сарирохи чои онхоро мегирагд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!