Хадамот: Ба ҳар 100 шаҳрванди Тоҷикистон 55 телефони мобилӣ рост меояд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳар 100 шаҳрванди кишвар беш аз 50 телефони мобилии фаъол рост меояд.
Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа имрӯз, 2 август дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ба ҳар 100 нафар 54,6 телефони мобилии фаъол рост меояд.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ дар кишвар 7 миллиону 353 ҳазору 192 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 4 миллиону 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Муовини аввали раиси Хадамоти алоқа таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон аз ҳар 100 шаҳрванд 29,6 нафараш истифодабарандаи интернет мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |