Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:27

“Барои содир намудани камбудиҳо 6 нафар аз вазифа сабукдӯш шуд”

3 август 2017, 11:57

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аз ошкор шудани миллионҳо сомонӣ маблағҳои буҷа дар вазорату идораҳои давлатӣ хабар дод.

Фаррух Ҳамрализода, раиси ин ниҳод панҷшанбеи 3 август дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказ ва гуруҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 214 санҷиши аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 75,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян намудаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз маблағи умумии зарари молиявӣ талафи воситаҳои пулию молӣ 16,4 миллион сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 39,3 миллион, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 5,8 миллион, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2,6 миллион ва изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 11,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раиси Палатаи ҳисоб қайд намуд, ки дар самти назорат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба буҷети давлатӣ ва иҷроиши он дар вазорату идораҳо, сохторҳои тобеи онҳо ва дар дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ 138 санҷишҳои аудиториро гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 55,5 миллион сомонӣ ошкор намудаанд, ки аз он 10 миллион сомонӣ ба буҷет ва 4,8 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо барқарор карда шуд: “Бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷроиши буҷетҳои маҳаллии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Мир Саид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон, Файзобод, Айнии вилояти Суғд ва Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба анҷом расонида шуд, ки дар раванди он 126 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣқарор гирифта, зарари молиявӣ ба маблағи 6,8 миллион сомонӣ муайян гардид”.

Фаррух Ҳамрализода таъкид намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаҳои санҷидашуда тавсияву пешниҳодҳо ирсол шудааст: “Аз натиҷаи баррасии он бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 69 қарору фармон қабул гардида, барои содир намудани камбудиҳо нисбати 153 шахси масъули ҳисоботдиҳанда муҷозотҳои маъмурию моддӣ татбиқ ва 6 нафар аз вазифаашон сабукдӯш карда шудаанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!