Бахшҳо

Омбудсмен: Гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев асос надорад

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, хабарҳо дар бораи гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев дар маҳбас асос надоранд.

Ализода имрӯз, 3-юми август зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ин мавзӯъро баррасӣ карда ва маълум намудаанд, ки ин хабарҳо бепояанд. Зимнан, ба гуфтаи ӯ, хоҳари Ғаффор Мирзоев ба онҳо муроҷиат намудааст: “Мактубҳои хоҳараш омад, ки мехоҳад бо намояндаи ваколатдор мулоқот кунад. Мо гуфтем, марҳамат моҳи оянда боздид аз маҳбасҳо дар назар аст, мо мулоқот мекунем”.

Ахиран хабарҳо нашр гардиданд, ки Ғаффор Мирзоев, яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ӯ соли 2006 бар пояи 28 банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Ахиран Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, аз дохили маҳбас занг зада гуфтанд, ки Ғаффор даст ба гуруснанишинӣ зада, ӯро ба утоқи танҳоӣ бурдаанд ва феълан дар ҳамон ҷо нигаҳдорӣ мешавад”.

Ба гуфтаи Оиша Мирзоева, Ғаффор қаблан унвонии Дастгоҳи Президент ва ба раиси он Озода Раҳмон нома навишта, гуфтааст, агар посухе дарёфт накунад, даст ба гуруснанишинӣ мезанад. Мирзоева гуфта, ки бародараш ба ин бовар аст, ки номаҳояш ба раиси ҷумҳур ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳур намерасанд, вагарна бархӯрд ба ӯ бояд дигар мешуд.

Ғаффор Мирзоев 61 сол дошта, моҳи августи соли 2004 боздошт ва баъди ду сол зиндонӣ шуд. Ӯро аз ҷумла дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва куштор муҷрим шинохтанд. Моҳи май дар як нома ба расонаҳо ин генерали зиндонӣ навишта буд, ки иттилои расонаҳо дар бораи инки яке аз ҷурмҳои ӯ "хиёнат ба давлат" аст, воқеият надорад. Вай аз журналистон домангир шудааст, ки ин айбро ба гардани ӯ бор кардаанд. Ғаффор Мирзоев аз дохили зиндон паём дод, ки ҳаргиз бо моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “хиёнат ба давлат”, айбдор нашудааст.

Мирзоев дар гузашта ба ҳайси фармондеҳи Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст.
Мӯҳр
чаро моҳи оянда?ҳафтаи ояндаба вохуред..лекин нашунидаам,ки мушкили касеро ҳал карда бошед..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)