Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 02:35

Раҳимзода: Набераамро Ашкиноз ном мондам, ки дар феҳрист нест

3 август 2017, 14:52

Маҳмад Раҳимзода, мудири Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Феҳрасти номҳои миллӣ хусусияти тавсиявӣ дошта, волидон метавонанд берун аз он низ фарзандонашонро номгузорӣ кунанд.

Раҳимзода 2-юми август, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, шахсан набераашро Ашкиноз ном ниҳод, ки дар Феҳрасти номҳои миллӣ нест: “Номро қабул карданд, шаҳодатнома гирифтам. Дар сурати зарурӣ комиссия номи пешниҳодкардаи волидонро баррасӣ мекунад, агар номи зебо бошад, қабул мекунад. Ин ба манфиати мо ҳаст. Ҳатто дар Русия нисбат ба тарзи дурусти номгузорӣ як таваҷҷуҳи хоса пайдо шуд. Кӯшиши аввал бекамбудӣ нест, бо мурури вақт такмил дода мешавад”.

Мудири Маркази миллии қонунгузорӣ афзуд, ки дар мақомоти САҲШ на ҳама ҳуқуқдонҳо кор мекунанд: “Нав қарор қабул шуд, ки ба ин мақомот танҳо ҳуқуқшиносон қабул гарданд. Бинобар ин камбудии як касро бори ҳама кардан дуруст нест. Шаҳрвандон агар номи зебое пешниҳод кунанду дар феҳраст набошад, метавонанд ба комиссия муроҷиат намоянд, он қабул хоҳад шуд”.

Ахиран Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, Фарҳанги номҳои миллӣ то ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шаҳрвандон пешниҳод мешавад. Ба иттилои ӯ, дар Кумитаи тобеаш гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки “ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандон ва дар феҳристи номҳои миллии тоҷикон набудани номи интихобнамудаи онҳо, хулосаи худро пешниҳод мекунанд. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби гуруҳи корӣ ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки аз он ба ду муроҷиат посухи рад дода шудааст”.

Ба иттилои масъулини Кумита, ду номи радшуда Асмоа ва Облоқул мебошанд: “Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоа буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд”.

Дар мавриди номҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла Ардвирасура, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, Шарофзода ба мунаққидон маслиҳат дод, ки ба манобеи қадимии суғдию бохтарӣ муроҷиат кунанд, ки дар он Ардивасура номи яке аз фариштаҳост.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо таваҷҷӯҳ ба вазифаатон аз шумо қабул карданд, вале бо мардуми оддӣ дигар хел муносибат мекунанд.
Дуввум инки, калимаи Ашкиноз (ашки ноз) бисёр ба калимаи "ашкиноз" шабоҳат дорад.
Посух додан
  • хаким

  • 3 август 2017 15:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асмоа не балки Асмо^ мебошад. Ва чамъи номхои Худованд мебошад.
ва номи яке аз шерзанони даврони хазрати Мухаммад с.а. мебошад.
барои чи номхои ардивасуру пардивасури гущхароши давраи сугди мешудасту- номхои давраи пайгамбарамон не?
Посух додан
  • Номдуст

  • 3 август 2017 16:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номхои Усмон, Хадича, Фотима, Абухурайраро лутфан маънояшро ба хонандагон фахмонед
Посух додан
  • ман

  • 3 август 2017 19:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бори дигар собит месозад, ки хама конуну кидахоятон танхову танхо барои мардуми одист!!!!
Посух додан
  • Тамошобини цирк

  • 3 август 2017 23:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як рафикам писарашро Гуломали е Мигрантбек ном кардани аст.
Посух додан
  • тошболта

  • 4 август 2017 09:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар мигрантбек як тараф ,х,амин хел рафтан гирад фарзандх,ояшонро картошка х,ам ном мегузоранд...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!