Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:30

Мирзиёев раиси Кумитаи миллии телевизион ва радиоро аз мақом барканор кард

3 август 2017, 15:35

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон раиси Кумитаи миллии телевизион ва радиои он кишварро аз вазифа сабукдуш кардааст.

2 август Мирзиёев дар ҷараёни як ҷаласа Хуршед Мирзоҳидовро танқид карда буд. Мирзоҳидов моҳи феврали соли равон ба ҷойи Алишер Хоҷаев раиси Кумитаи телевизион ва радиои Узбакистон таъин шуда буд.

Президент Мирзиёев 30 март ҳам аснои як ҷаласаи корӣ ба мавзӯи фаъолияти телевизион дахл карда, ба зарурати ислоҳот дар ин бахш таъкид намуд. Дар он нишаст вай аз кори шабакаҳои “Узбакистон” ва “Ёшлар” танқид карда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!