Бахшҳо
03 авг 2017 16:51Тоҷикистон / Тема дня

Боздошти ҷавоне, ки ҷасади маъшуқаи ҳомилаашро оташ задааст

Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти як сокини 26-солаи ноҳияи Спитамен хабар дод. Ӯ дар куштори як ҷавондухтари 20-солаи ин ноҳия муттаҳам мешавад.

Аз Раёсати умури дохилии Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, боздошти ин ҷавон дар пайи аризаи наздикони Фарангис Рӯзиқулова сурат гирифтааст. Онҳо навиштаанд, Фарангис шаби 19 ба 20 октябри соли 2016 бедарак шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дастгиршуда бо вуҷуди оиладор будан бо Фарангис беш аз як сол “муносибати ошиқона” доштааст: “Гумонбаршаванда баъди он ки мефаҳмад Фарангис ҳомиладор аст, ӯро ба яке аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен бурда, бо усули буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад”.

Ба иттилои манбаъ, баъди ду рӯз ин ҷавон ба хотири нест кардани изи ҷинояти худ, ба маҳалли ҳодиса рафта, ба ҷасад маводи сӯхт мепошад ва онро оташ мезанад: “Баъдан, ҷасади нимсӯхтаро ба яке аз селроҳаҳои ноҳия мебарад ва зери хок пинҳон мекунад. Баъд тафтишоти густардаи ин ниҳод, аз ҷойи ҳодиса далелҳои шайъӣ, мисли телефону куртаи нимсӯхта ва кафши духтар ёфт шуд. Аммо худи ҷасад пайдо нагардид, эҳтимол онро сел бурдааст”.

РКД-и Суғд мегӯяд, феълан аз рўйи ин ҳодиса бо моддаҳои 104 ва 243-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)