Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 02:35

Раиси Агентӣ: Нисбати мансабдорони соҳиби душаҳрвандӣ фишор нест (ВИДЕО)

4 август 2017, 10:11

Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, нисбати мансабдорони соҳиби душаҳрвандӣ дар мақомоти давлатӣ фишоре нест.

Давлатов имрӯз, 4-уми август зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, доштани душаҳрвандӣ барои хизматчиёни давлатӣ мамнуъ шуд: “Мо соли 2016, қабл аз қабули меъёри мазкур мониторинг гузарондем ва маълум шуд, ки 20 нафар хизматчии давлатӣ дорои душаҳрвандӣ мебошанд. Баъди қабули қонун мо ҳозир мониторинг эълон кардеv ва натиҷаҳои он дар нишасти оянда маълум мешавад”.

Раиси Агентии хидмати давлатӣ таъкид намуд, ки нисбати хизматчиёни дорои душаҳрвандӣ фишоре нест: “Баъди қабули қонун тавсияҳои Агентии хидмати давлатӣ нашр ба сохторҳои дахлдор пешниҳод шуд. Имконияти интихоб дода шудааст. Нафароне, ки шаҳрвандии давлати дигар доранд, метавонанд яке аз шаҳрвандиро интихоб кунанд ва ҳангоми интихоби шаҳрвандии Тоҷикистон метавонанд дар хизмати давлтӣ боқӣ монанд. Фикр мекунам, ин масъала ташвишовар нест. Миёни 20 ҳазор хизматчии давлатӣ ҳамагӣ 20 нафар дорои душаҳрвандӣ буданд, ки ин боиси ташвиш нест. Мо қайд кардем, ки масъалаи ҳар шахс бемаҷбурсозӣ дар алоҳидагӣ баррасӣ шавад ва имконияти интихоб фароҳам гардад”.

Ҷумъа Давлатов афзуд, ки ин тартиботи ҷаҳонӣ аст: “Ин таҷрибаи худи Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо аст, ки махсусан дар хизмати давлатӣ доштани танҳо шаҳрвандии он кишвар талаб карад мешавад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кабиров Чурахон Хакимович собик сордори ШКД - и шахри Истаравшан генерал -майор низ аз руи маълумотхо тахмин меравад ,ки шахрванди Русия буда аз шахри Самара шахрвандиро ба даст овардааст...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар байни 20 ҳазор фақат 20 нафар, ин имкон надорад! Аксари онҳо дорои шаҳрвандии Русияро ошкор намнкунанд. Ками кам нисфи ин теъдод шаҳрвандии дуюм (Русия) доранд. Барои рӯзи икс.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!