Бахшҳо

Худдории “Тоҷиксуғурта” аз кӯмак ба зарардидаҳо: Одат мекунанд...

Абдулло Абдуллоев, муовини директори “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, минбаъд ба аҳолии минтақаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ, ки шартномаи суғурта надоранд, ҷубронпулӣ пардохт нахоҳанд кард.

Абдуллоев ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ дар пойтахт изҳор дошта, афзуд, “қаблан бо дастури Президент мо новобаста аз доштани шартнома, ба зарардидагони офатҳои табии ноҳияҳои Шуғнон, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва шаҳри Кӯлоб маблағ пардохт карда будем. Аммо ин маблағ баъди ба тасвиб расидани қонуни нав дар бораи суғурта дигар пардохт нахоҳад шуд”.

Ноиби раиси “Тоҷиксуғурта” таъкид намуд, ки аз ҳукумати ҷумҳурӣ низ дастур гирифтаанд, ки мувофиқи қонунгузорӣ минбаъд ҷуброни зарар ба нафароне, пардохт шавад, ки шартнома доранд: “Надошта бошад, дигар он супоришҳое, ки солҳои пешин шуд, ҳукумат ҳам намедиҳад. Барои он ки агар мо инхел кардан гирем мардум дигар суғурта намекунад. Худи қонунгузорӣ ҳам гуфтааст, ки агар шартнома набошад мо ҳуқуқи пардохт кардан надорем”.

Ба гуфтаи Абдуллоев, дар пайи як санҷиш муайян карданд, ки қисме аз хонаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ худсарона дар минтақои хатарнок бунёд шудаанд: “Кумитаи ҳолатҳои фақулода низ дар хусси ҷойҳо хатарнок огоҳ мекунад, ки хона накунед, аммо ба ин нигоҳ накарда дар ҳамон ҷойҳои хавфнок хона бино мекунанд ва мо ба он хонаҳое, ки дар минтақаҳои садамавӣ бунёд гаштаанд, шартнома намебандем”.

Дар мавриди онҳое, ки шартнома доранд, Абдуллоев гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 5878 шахсони хуқуқию воқеӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 5 миллиону 176 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кардаанд.
Мӯҳр
Фалак
Аслан хамин Точиксугурта барои ки лозим, ягон корро ичро намекунад.

тошболта
5176000:5878=880 сомони ба х,ар як зарардида (х,исоби миёна), даркор нест ёрдаматон ,дарамро так, так, накунед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)