Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:31

Тағйироти кадрӣ: Таъини сафирони нав дар Австрия, Қатар ва Озарбоҷон

7 август 2017, 15:22

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон бархе сафиронро аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо афроди дигарро таъйин кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон Насрединов Исматулло Ҳикматуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Австрия, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия), сафири Тоҷикистон дар Италия, Словакия, ва Маҷористон озод шудааст. Бо фармони дигар Президент Идибек Қаландарро сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин кардааст.

Соҳибзода Хисрав Соҳиб ба ҷойи Ардашер Қодирӣ сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъйин шудааст. Сабаби аз вазифа озод шудани Қодирӣ “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст.

Саидов Зоҳир Озодович ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон озод шудааст. Бо як фармони Президент, Рустам Солӣ сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз дастовардхои давраи сафириашон маълумот диханд, то ин ки донем аз номи мо мардуми точик маош гирифтанд ва барои мо чи коре анчом додаанд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!