Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 8 март 2021, 20:14

Э.Раҳмон курсии №1-ро дар Саридораи геология ба Файзуллозода Заробиддин дод

8 август 2017, 08:54

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон Ҷумъазода Мурод Холро аз вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат озод кардааст.

Дар қарори марбута далели озод кардани Ҷумъазода “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” гуфта шудааст. Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо як қарори дигар Файзуллозода Заробиддин Қудратро сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардааст.

Заробиддин Файзуллозода 13 феврали соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, соли 1989 Донишкадаи техникии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси корҳои куҳӣ хатм кардааст.

Солҳои 2006-2013 ба ҳайси муовини вазири энергетика ва саноат, 2013-2014 муовини вазири энергетика ва захоири об, 2014-2015 муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нав кор кардааст. 26 феврали соли 2015 муовини раиси вилояти Суғд таъин шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кабк кабки ...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!