Бахшҳо

Муаллими қарздори шогирдони медалдор: Роҳкироямро намедиҳанд...(АКС)

Олимҷони Пираҳмад, омӯзгори фанни риёзиёти литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В», мегӯяд, хароҷоти сафараш бо шогирдон ба олимпиадаҳои Бразилия ва Ҳиндустон боиси қарздории ӯ гардидааст. Ба гуфтаи Пираҳмад шогирдонаш аз олимпиадаҳои мазкур бо медал баргаштанд, аммо худи ӯ 2400 долларро, ки қарз гирифту роҳкиро карда буд, то ҳол наметавонад аз Вазорати маориф бигирад.

Пираҳмад, 7 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, маблағи чиптаи сафарашон ба олимпиадаи Бразилия бояд аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пардохт мешуд, аммо ин ниҳод ба таъхиркорӣ роҳ дод ва маҷбур шуд, ки қарз гирад, то ҳамроҳи шогирдонаш ба олимпиада равад. Ӯ афзуд, аз 12 то 23 июл дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика баргузор гардид, ки Тоҷикистонро 6 хонанда муаррифӣ намуд: “Дар олимпиада аз 100 давлати дунё хонандагон иштирок карда, мактаббачаҳои тоҷик тавонистанд бо гирифтани 3 медали биринҷӣ ва се ифтихорномаи фахрӣ Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд. Дар ин олимпиада Муҳаммадҷон Бобоев аз «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе, Наимҷон Хонҷонов ва Комрон Абдуллоев аз Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В» сазовори медали биринҷӣ гардидаанд”.

Мусоҳиби “Озодагон” илова намуд, ки баъди олимпиадаи Бразилия, аз 25 то 31 июл дар олимпиадаи фанни риёзиёт дар шаҳри Лукнови Ҳиндустон қарор доштанд, ки дар он 550 толибилм аз 36 давлати дунё ширкат доштанд: “Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ 24 хонанда муаррифӣ намуд, ки 15 нафарашон соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд”.

Муаллими қарздори шогирдони медалдор: Роҳкироямро намедиҳанд...(АКС)Олимҷони Пираҳмад, ки дар ҳар ду олимпиада хонандагонро роҳнамоӣ намудааст, афзуд, ки барои чиптаи рафтан ва баргаштанаш аз олимпиада тақрибан 2400 долларро қарз гирифт ва ҳоло талош дорад ин маблағро Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илм диҳад, то ӯ қарзашро баргардонад: “Масъалаи ҷудо гардидани маблағи чиптаи ҳавопаймо дар фармоне, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар содир мешавад, пешбинӣ гардидааст, вале мутаассифона то ҳанӯз ин маблағ ба дасти ман нарасидааст. Қабл аз сафар ба Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳо рафта будам. Гуфтанд пул ҳоло ҷудо нашудааст. Пул нестай, пул надорем. Қабл аз рафтан ба олимпиада мушкилиҳо хеле зиёд буданд. Шахсоне пайдо мешаванд, ки ба кори мо халал мерасонанд, масалан мо даври интихобӣ мегузаронем, шогирдони ман бисёр мегузаранд, афроде аст, мегӯянд, шогирдони ту зиёданд, хат зан ба ҷои онҳо дигарҳо раванд. Ман маҷбур шудам номи ду нафарро, ки бояд ба олимпиада мерафтанд, хат занам ва ба ҷои онҳо дигар кас рафт. Дигар мушикил ин аст, ки фармоне, ки ҷиҳати ширкат дар олимпиада аз ҷониби Вазорати мариф ва илм тасдиқ мегардад ва тибқи он мо виза мегирем, бисёр бо таъхиру кашолакорӣ дастраси мо мегардад”.

Умед Сафаров, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳо дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, маблағи хариди чиптаи ҳавопаймоӣ барои Олимҷони Пираҳмад аллакай ҷудо шудааст ва ӯ ҳар вақте хост метавонад ин маблағро аз ширкате, ки чипта харидорӣ намудааст, дастрас намояд. Ӯ таъхиркориро ба мушкилоти бонкҳо рабт дода, ваъда дод, ки маблағро ба омӯзгори қарздор ҳар чӣ зудтар дастрас хоҳанд кард: “Мо маблағро нақд гирифта наметавонем, ба ширкате, ки онҳо парвоз мекунанд, мо маблағро ба ҳамон ширкат мегузаронем, ин ҷо ягон мушкил нест”.

Ин ваъдаи масъулин дар ҳолест, ки Олимҷони Пираҳмад мегӯяд, бо вуҷуди муроҷиатҳо посухи дақиқе нагирифтааст ва маълум нест, маблағеро, ки тибқи фармоиши Вазорат бояд барвақт ба ӯ расонда мешуд, кай дастрас мекунад.
Мӯҳр
Абдуло Каримов
Бояд вазорати маориф танхо олимпиадахои чахониро маблаггузори намояд ва чавобгар худи вазири маориф бошад. Вазири маориф инчунин масъули интихоби шафофи хамаи дастахои мунтахаби Точикистон бошад ва хар сол оиди натичаи иштироки дастахои мунтахаби Точикистон дар олимпиадахои чахони бояд дар назди президент ва журналисон хисоббот дихад. Агар дастахои мунтахаб пешрави кунад, корашро давом дихад, агар не бояд чояшро холи кунад. Давлат бояд ягон олимпиадаю олимпиадачаи дуюмдарачаю сеюмдарачаро маблаггузори накунад. Хамаи макомотхою марказхои калбаки бояд ихтисор шаванд, чунки онхо фасоду фиребгариро дар сохаи маориф афзоиш медиханд.

Cафар
Муалилми мухтарам, шояд дуъои хамон ду шогирдед, ки аз сафар хаташон задию гардонед гирифта бошад...

Тоҷикбача
Малимҷон чи сари бебалота дар бало мемони?

Нозир
Олимҷон, муаллими азиз ва бародари гиромӣ,

Бисёр ҷаҳди хубе кардӣ, ки каме ба мушкилоти ҷойдоштаи низоми маориф равшанӣ андохтӣ. Аммо, банда аз он дар ҳаросам, ки бо чунин шеваи рафторат аз ин пас сафарбар кардани худат аз ҷониби вазорати маориф ва илми кишвар ҳамчун роҳбалади мактаббачагони тоҷик ҷиҳати иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷавҳонӣ дар риштаи математика амале мешавад, ғайриимкон.

Чизи дигареро, ки мехостам равшанӣ андозам: тибқи гуфтаи Умедҷон Сафаров маблағи чиптаи ҳавопаймоӣ ба ширкати фурӯши чиптаҳои ҳавопайпо пардохт шудааст. Сафар-ку аллакай ба анҷом расидааст. Оё ширкат маблағи гузаронидаи Шуморо ҳамчун ҷуброни хароҷоти чиптаи ҳавопаймоии муаллим Олимҷон ба таври нақдӣ баргардонида метавонад? Равиши кор дар ин масъала каме нофаҳмо аст, мутаассифона.

P.S. аз хабаргузории "Озодагон" хоҳиш дорам, ки вобаста ба натиҷаҳои бадастовардаи мактаббачагони тоҷик дар ин ду олимпиадаи зикргардида маълумоти муфассалтареро пешниҳод мекардед. Қаблан сипосгузорам...

Нозир
Бовар кунед, дилам-ку аз қабл гувоҳӣ медод, ки умуман хабаргузории "Озодагон" ҳеҷ озодие надорад, аммо тайи якчанд рӯзи охир ба чунин будани ҳолат боварии комил ба даст овардам.

То ба ҳол ягон шарҳи бандаро дар ягон мақолае, ки нисбати он навиштаам, чоп накардааст! Маъмурони ин қисми сомона - "таҳлилгарон"-и мазмуну муҳтавои шарҳҳои навишта, намедонам аз рӯйи кадом талабот ягон навиштаи маро нашр намекунанд?!

Бинобарин, ба хабаргузории "Озодагон" маслиҳат медиҳам, ки ЛОФЗАНиятонро дар самти "озод буданатон" як сӯй монеду хабаргузориятонро БАНДЕД!

Боқӣ, ҳаволаатон ба Худо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)