Бахшҳо

ВИДЕО: Филми ВКД дар бораи қатли Кенҷаев, Латифӣ... ва ҲНИТ-у Эрон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 8-уми август иттилоъ дод, ки омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ баъди 18 сол ошкор шуданд.

Тибқи гузориши ВКД, ки шоми 8-уми август тариқи шабакаҳои давлатии телевизион пахш гардид, Кенҷаев моҳи марти соли 1999 дар Душанбе бо дастури Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудааст.

Тибқи гузориши ВКД се шарики Ҳоҷӣ Ҳалим-Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов аз ӯ барои қатли афроди шинохта ва рӯшанфикрони тоҷик - Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 афсари пойгоҳи 201-уми Русия дастур гирифтаанд.

Манбаъ афзуд, ба гуруҳи сенафарӣ афроди зерин шомил будаанд, ки ҳар кадомашон барои қатли Кенҷаев аз Ҳоҷӣ Ҳалим 2 ҳазор долларӣ гирифтаанд:

Роҳбари гурӯҳ Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, бо тахаллуси "Рустами Норакӣ”, санаи таваллудаш 13 июли соли 1967, зодаи деҳаи Пехо ва сокини деҳаи Қибилии Норак. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Ашрапов Тағоймурод Сироҷович, бо тахаллуси "Алӣ”, санаи таваллудаш 2 сентябри соли 1970. Зодаи деҳаи Сичароғи ноҳияи Нуробод ва сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Қудратов Саймӯҳриддин Муҳибуллоевич, бо тахаллусҳои "Авлиё” ва "Эшон”, санаи таваллудаш 9 августи соли 1964, зодаи деҳаи Данғараи болои ноҳияи Данғара. Бо ҳукми Додгоҳии олии Тоҷикистон бо ҷурми куштор, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва тахрибкорӣ (диверсия) ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.

Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои олӣ, раҳбари сотсиалистҳо 18 сол сол пеш, 30 марти соли 1999, ҳангоме ки раёсати Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башари парлумони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, дар як хона дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе кушта шуда буд. Тибқи иттилои қаблан нашршуда дар террори Кенҷаев инчунин ду муҳофиз ва ронандаи ӯ низ ба қатл расонда шуданд.


Мӯҳр
Хочи Гариб
Катли Ленин хам шояд кори Дасти Хочи Халим бошад.

1
Ленинро ки кушт?

беном
Муҳтарам озодагон деҳаи Сичароғ аз Роғун мебошад на аз Нуробод

Бечора
Инро хочи Халим накардааст инро С.А.Нури супориш додааст. Ана каври мулло Нурира суд кунед.

амир
Ин чинояткор не инхо як хиёнаткор хастанд. Инхоро хукми катл дихед.

Мухочир
Ту ки аз мехнати дигарон бегами
Нашояд ки номат ниханд одами.

Гафор
Ин Хочи Халими бадбахт мехост,ки боз дар мамлакати мо нотенчи андозад аммо ниятхои нопоки онхо чомаи амал напушиданд.

Мансур
Ин хоинон худро бо долар фурухтанду одамони бегунохро куштанд.

Ленин
Эрон аз аввал оппозитсияи точикро дастгири менамуд. Ин ягтн чойи пинхони нест аз аввал ин корхо кори эрон буд. У давлати моро бе хнит ба худ як тахдид мешуморад барои он ки мехохад дар точикистон давлати исломи барпо гардад. Барои ин мо бояд дустонро аз дущман фарк карда тавонем ва саои вакт чавоби мувофик тайор на оем.

Солех
Хочи Халим ХНИТ-ро дастгири карда гумон кард, ки бо зуди моро чанг меандозад.

Беном
Амали А. Назарзода ва хаммаслаконаш зарбулмасали зеринро ба ёд меорад: "Чохкан зери чох"

Беном
Ё "кувати неки надори бад накун"

Беном
Мафруш ватан ки хор гарди...(дар нисбати ХНИТ-хо)

Хочи Халим дар хакикат террорист ва хоини милат будасти, кадр вазифа ва рутба накарди

Олим
Дар зери коса нимкоса ҳаст. Ҳоҷи Ҳалимро ки дастгир мекард.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)