Бахшҳо

Боздошти гумонбар дар куштори ҳамсар ва хоҳари ӯ: Маст будааст...

Дар шимоли Тоҷикистон як ҷавони 32-сола бо иттиҳоми куштори ҳамсар ва хоҳари завҷааш дастгир шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати умури дохилии Суғд, боздоштшуда сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ҷиноятро “дар ҳолати мастӣ” анҷом додааст. Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Холиқов Тӯхтасин дар ҳолати сархушӣ бо ҳамсараш муноқиша карда, пасон бо корди хоҷагӣ ба бадани хоҳари 25-солаи ҳамсараш 2 маротиба ва ба бадани ҳамсари 26-солааш 11 маротиба задааст. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршаванда ҷойи ҳодисаро тарк намуда, бо гузашти 5 шабонарӯз аз ҷониби кормандони пулис дар шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст: “Феълан дар робита ба ин ҳодиса алайҳи гумонбаршаванда бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.

Ба омори Раёсати умури дохилии Суғд, дар шаш моҳи ахир дар қаламрави вилоят 8 ҳолати куштори одамон ва сӯйиқасд ба қайд гирифта шудааст: “Соли гузашта ин рақам 17 ададро ташкил медод”.
Мӯҳр
Кӯҳсор
Асалом алейкум масулини муҳтарами фарҳангистони забон ва адабиёти тоҷик!
Ин чи калимае ҳаст ки шумо барои одами маст интихоб карде (ҳолати сархуши) кадом сархуши инсон дар ҳолати хурдани наҷосати ба номи арақ ё ҳамон шароб аз вартаи инсони хориҷ мешавад ба таъбири Қурон аз ҳайвон пастар мешавад ба сабаби ғафлат аз ёди Худо. Ва дар у сифоти иблиси ҳувайдо мешавад ва даст ба ҳар ҷинояте мезанад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)