Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 02:34

Эътироф: “Барқи тоҷик” беасос мардумро қарздор кардааст

9 август 2017, 16:52

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” эътироф кард, қисми зиёди қарз аз ҳаққи барқ, ки масъулини ширкат ба мардум нисбат медиҳанд, асос надорад.

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” аҳолӣ ба ҳолати 1-уми июли соли равон аз барқ зиёда аз 760 миллион сомонӣ қарздор аст. Ба суоли “Озодагон”, ки тибқи ин омор ҳар оила дар кишвар ба ҳисоби миёна аз барқ ҳудуди 700 сомонӣ қарздор аст ва он шубҳаовар ба назар мерасад, Исмоилзода иқрор кард, ки ин ҳаҷми қарз пурра асоснок нест. Ҳудуди 700 сомонӣ қарз сари ҳар мизоҷ миёни мардум дар ҳолест, ки нозирони барқ дар ҳолати андаке таъхиркорӣ интиқоли барқро қатъ мекунанд.

Раиси “Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки ҳисобукитоби қарзи аҳолӣ аз барқ аз солҳои пешин боқӣ мондааст: “Мо ин масъаларо баррасӣ карда, барои аз эътибор соқит кардани қисми ин қарзҳо пешниҳод кардем”.

Ҳолдонҳо мегӯянд, масъулини “Барқи тоҷик” барои кам нишон додани талафот ва барқи дуздидашуда дар ҳисобот онро ҳамчун қарзи аҳолӣ нишон додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!