Бахшҳо

Нақзи қонуни танзим: Мансабдор 25-у мулло 35 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз парлумон хостааст, ҷавобгарӣ барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пурзӯр карда шавад.

Тибқи тағйироте, ки ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст: “Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад”.

Бар асоси манбаъ барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросимҳо низ ҷавобгарӣ шиддат ёфтааст: “Барои ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад”.

Президант барои баррасии ин лоиҳа 23-юми август ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагонро даъват намуд.
Мӯҳр
8008
хаму расходе ки пеш дар туй мекарди акнун чарима кати друст шуда меравад яъне 150 касда таом медихи мондагиша бучетда месупори сад агар вайронам накуни танзима бояд барои хисоботи омори чандкаса чарима мекунанд

Сею хафту чилу сол хамаш мань карда шавад хамаи ин аз аввал дуруг буд ин салладоро аз аввал мардума ахмак карда омадисон то хозира

саид
дар мавриди хайрот- пуле, ки рузи чаноза дода мешавад. бо вучуди манъ кардан боз махфиёна медиханд, ки гуё рохкиро харч карда омадаанд. Хохиш мекардам хам хайротдиханда ва хам хайротгиранда чарима карда шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)