Бахшҳо
12 авг 2017 09:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тағйир дар кодекс: Ронандаҳои маст то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шаванд

Бар пояи тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад. Дар кодекси амалкунанда ҳаҷми ҷарима аз 2500 то 3500 сомониро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон
, раисҷумҳури кишвар рӯзи гузашта лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба кодекси мазкурро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон фиристод. Қарор аст, вакилони палатаи поёнии парлумон рӯзи 23 август дар ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон ин масъаларо баррасӣ кунанд.

Дар тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, афроде ки дар ҳолати мастӣ мошин меронанд, то 20 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум хоҳанд шуд. Дафтари матбуоти Президент дар шарҳи тағйиру илова ба ин кодекс мегӯяд, “барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда мешавад. Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахс гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад”.

Ба иттилои манбаъ, барои давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзӯр шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ мешавад. Бояд қайд кард, ки Кодекси амалкунанда фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишодиҳанда барои ҳисобҳоро (10 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ менамуд.
Мӯҳр
Ронанда
Ман як пешниход дорам; масъалаи сиёх кардани шишахои мошинхо, ки бенихоят кимат шудааст як таъгироте ворид мекардед бисёр хам хуб мешуд барои мардуми камбагал..... Охир давлати Точикистон офтоби аст. акалан 1000 сомони мекардед бисёр хуб мешуд, мо хам хамчун инсон хангоми сафар дар рондани мошин эмин аз шуълахои офтоб мемондем ва бо роҳат рохро тай мекардем. ......Боз хам халки камбагал аз бойхо дар рондани мошин фарк мекунад. . .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)