Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 02:34

Мақоми 7-и Дилшод Назаров ва 39-и Кристина Пронженко дар Лондон

12 август 2017, 10:01

Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик дар даври ниҳоии гурзандозии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Лондон дар зинаи ҳафтум нишаст. Ӯ гурзро ба масофаи 77.22 метр ҳаво дод.

Дар даври ниҳоии гурзандозӣ 12 варзишгар ҳузур доштанд ва ҷойи аввал бо натиҷаи 79.81 метр насби Павел Фаҷдек аз Лаҳистон шуд. Бар иловаи нишони тилло ӯ соҳиби 60 000 доллар гардид. Валерий Пронкин (варзишгари бетараф) гурзро ба масофаи 78.16 метр ҳаво дода, медали нуқра ва 30 000 доллар гирифт. Войтсех Новитски аз Лаҳистон (78.03) медали биринҷӣ ва 20 000 доллар доданд.

Ҳамин тариқ Бигот Қуентин аз Фаронса (77.67 м) 15 000 доллар, Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 77.50 м) 10 000, Ник Миллер аз Британияи Кабир (77.31 м) 6000 доллар, Дилшод Назаров (77.22 м) 5000 доллар ва Сергей Марчиев аз Молдова (75.87 м) 4000 доллар гирифтанд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон Кристина Пронженко ҳам иштирок дошт. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа ширкат намуда, миёни 39 варзишгар бо натиҷаи 1:03.44 дар мақоми охир нишаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • тошболта

  • 13 август 2017 20:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
и читри шид итри шид...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!