Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 19:14

“Wanderlust” “виза”-и Тоҷикистонро намунаи ибрат хонд

14 август 2017, 10:50

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводидро доранд.

Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust” хабар дода, афзудааст, Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводидро дорад.

Ба навиштаи маҷалла Тоҷикистон соли гузашта низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо пешниҳоди нусхаи шиноснома кофӣ мебошад.

Манбаъ муҳлати дастрас кардани раводиди Тоҷикистонро 1-3 рӯз арзёбӣ кардааст: “Танҳо ба шумо лозим аст, ки раводидро чоп намоед ва ҳангоми сафар бо худ бигиред. Оддӣ ва осон, ҳамон тавре, ки бояд бошад”.

“Wanderlust” ба панҷгонаи пешсаф-Озарбойҷон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Тоҷикистон ва Ветнамро ворид намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ҳама ҷо шарту шароити визадиҳӣ бо мақомоти дохилӣ ва амниятии кишвар вобастаа аст. Танҳо визаҳои дипломотиро бе санҷиши шахс медиҳанд, боқӣ барои ҳама виза пас аз санҷиши махсус дода мешавад. Сафоратҳо маъмулан "рӯйхати сиёҳ" доранд. Масалан, ба Жириновский баринҳо набояд виза дода шавад, зеро ӯ борҳо Тоҷикистон ва тоҷикҳоро масхара кардааст. Ин гуна рӯйхатро бояд коргарони сафоратхонаҳо тартиб диҳанд. Ба назар мерасад, ки сафоратҳои Тоҷикистон барои маблағ ба даст овардан ба ҳама виза медиҳанд, бидуни ягон санҷишу дарназардошти амнияту обрӯи миллату кишвар.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!