Бахшҳо

Боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони омодагӣ ба теракт дар Маскав (ВИДЕО)

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) мегӯяд, дар шаҳри Москва чаҳор узви як гуруҳи террористиро боздошт кардааст, ки қасди анҷоми теракт дар марказҳои савдои пойтахти ин кишварро доштанд.

Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", се нафари боздоштшудаҳо шаҳрванди Тоҷикистон буда, бо қарори додгоҳ ду моҳ ба ҳабс гирифта шудаанд. Онҳо дар қочоқи маводи тарканда айбдор мешаванд. Яке аз дастгиршудаҳо ба гуноҳи худ дар додгоҳ иқрор шудааст. Аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон Сулаймон Бурҳонов, Сиёвуши Давронзода ва Давлатёр Ҳоҷиев ном бурда мешавад. Ба иттилои расонаҳо, Сиёвуши Давронзода 17 сол дорад.

Нафари чаҳорум, ки шаҳрванди Русия аст, дар бораи ҳабси ӯ ҳанӯз иттилоъ надодаанд. ФСБ мегӯяд, миёни боздоштшудаҳо яке гумоштаи гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва дигарӣ созандаи маводи тарканда буда, ду нафари боқӣ "террористҳои маргталабанд".

ФСБ борҳо аз боздошти тарҳрезони эҳтимолии амалҳои террористӣ дар шаҳрҳои Петербургу Москва хабар додааст. Охирҳои моҳи июл 7 зодаи Осиёи Марказиро дастгир кард, ки гӯиё қасди теракт дар Петербургро доштанд. Ҳамчунин моҳи ноябри соли 2016 гуфт, 10 касро бо гумони омодагӣ ба силсилаи амалҳои харобкорию теракт дар Москва ва Санкт-Петербург боздошт кардааст.


Мӯҳр
Агар ин се нафар баростӣ гунаҳгор бошанд, бигзор сазовори ҷазо шаванд. Агар бегуноҳ бошанд, Аллоҳ Таоло кӯмакашон кунад. Як нафарашон 17 сола будааст, тамоман ҷавон. Фанатикҳои иртиҷоӣ сари ана ҳамин хел кӯдаконро вайрон карда, аз онҳо маргталаб метарошанд. Ифлосҳо Тоҷикистонро шарманда, дунёро нотинҷ карданд. Дар ахбори ҷаҳон ҳар рӯз мусулмонҳо бо террор ном бароварданд. Солҳои пеш бо аҳли ислом бо эҳтиром муносибат мекарданд, ҳоло дигар бо шунидани номи мусалмон худро зуд ба канор мегиранд. Кӣ фоида диду кӣ беобрӯ шуд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)