Бахшҳо

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастурамали либосҳои тавсиявиро барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар нашр кардааст.

Тибқи "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар сомонаи Вазорати маориф нашр шудааст, “барои духтарон бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои шанбегӣ), либосҳои нимбараҳна, даридаю шикофтаи мӯдшуда, бо либосҳои таблиғоти ғайрдошта, ки дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо дар онҳо тасвир ёфтаанд (аз қабили либосҳои танги суратдор, нимурён, доманҳои аз ҳад зиёд танг ва кӯтоҳ, футболкаҳо ва нимостинҳои тасвирдор, куртаҳои пур аз навиштаҷот, шимҳои суратдору гулдор, сатр, ҳиҷоб, шарфҳои сафеди дароз), овехтани зиёда аз як гӯшвор дар гӯш, пӯшидани либосҳои сунъӣ (синтетикӣ)-и қиматбаҳо, рангу бори аз меъёр зиёди рӯю лабҳо, абрувон, расму тасвирҳои дар дасту пой рӯю бадан гулкоришуда (наколка), овехтани ҳар гуна ҷавоҳирот дар бинию гардан абрувону пешонӣ ва дасту пой, истифода намудани маводи ороишии аз андоза зиёд дар куртаву либосҳои тавсиявӣ ва ғайра ба дарс омадан манъ аст”.

Ҳамчунин дар дастурамал таъкид шудааст, ки “барои писарон бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар), бо муйҳои дароз, бо риши расида, бо нохуни расида, бо либосҳои таблиғоти ғайрдошта, ки дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо дар онҳо тасвир ёфтаанд (аз қабили футболкаҳои суратдор, шимҳои ҳарранга, куртаҳои тасвирдор ва свитерҳои дорои ҳар гуна навиштаҷот), бо ангуштарӣ, занҷири гардан ва дастпонаи тиллоӣ ё нуқрагин, гӯшвор овехтан, бо шими ҷинс, вилвет ва дигар либосҳои сунъӣ (синтетикӣ) ба истиснои фасли зимистон, бо шиму куртаҳои даридаву харошидаи мӯдшудаи кӯчагӣ, бо тасвиру суратҳои дар сару рӯю бадан гулкоришуда (наколка), бо шортик ва куртаҳои кӯтоҳ, тапочка, калӯш ва шимҳои чармини тангу кӯтоҳ ба дарс омадан манъ мебошад".


Акси либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва писарон:

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...
Мӯҳр
мехмон
Либосхои идонаи духтарон нагз ,дар мактаб хам пушидан мункин . Аммо либосхои мактабии духтарон нашуд! Хамон юбкааш макбул нест. Дар кишлокчойхо ин намуди либос намешавад. Чангу хок дар тобистон , обу лой дар зимистон имкон намедихад ки либоси сафед пушид.

аҳмад
Ассалому алейкум,
Озодагон хоҳиш мекунам пахш кунед.
бигзор мо либоси миллӣ ва фарҳангии худро пушем, Аммо Худое, ки мову шумо мепарастем дар оятҳои қуръони карим ба таври равшан ва шаффоф мегуяд занҳо бояд сари худро бипушонанд, тавре ки муйи онҳо, гушҳо ва гардани онҳо намоён набошад ва ҳамчунин мефармояд остинҳо дароз бошад фақат кафи даст намоён бошад, охир ин амри Худо аст ва тамоми мазҳабҳо ва уламои дини ислом онро эътироф доран ва касе ки ин фармоишот ро қабул накунад куфр ба парвардигор аст, охир чи кор бояд кард??? чи бояд кунем??

Чура
Боз юбка охир миллӣ мегуед тоҷик кай юбка дошт???

Либосҳои духтарона бояд гиребон дошта бошанд. Гардану қафаси сина ним метр луч. Барои духтари мусалмон зебанда ҳам нест, раво ҳам нест. Баъд, либоси тан бояд каме кушод бошад, ки андоми духтар маълум набошад. Ҳоло баъзан зану духтарони мусалмонро мебинӣ, дар тан чунон либоси тангу турш доранд, ки тамоми пастиву баландии андомашон маълум аст. Ин хел тарзи либоспӯшӣ на дар ислом раво асту на дар дигар динҳо.

масалан дар минтақаҳое ба мисли мургоб ва дигар ҷойҳо бо ин либосҳои роботӣ ях карда мемурӣ. Бас аст дигар роботсози аз мардум.

Citizen
Чура,

Худовандо окибаташро ба хайр гардон, рост мегуед азизон боз овардан юбкаро даровардан аккалан руймол бояд ичозат дода шавад

Тематеака
Бояд наколка ичозат дода шавад. Талабахо аз синфи 1 бояд тату кунанд. Тату хело хам зебо мекунад

гост
обурӯи фарҳангӣ тоҷикиро бурданд
бо ин таври либосашон

чоник
бо як бизнеси форма чи кор каданщона намедонан илму техналогия да асри кухна мондаги

Ба Ахмад ва Юсуф: холо гуед шумохо бо челак ва шорвори тик гаштен а?

дониш
Чаро дар бораи донишомузи сухане намегуянд?
Чаро натичахои пешравии илми точикро намегуянд?

Ба Алӣ. Истеҳзоят ба хотири чӣ? Мехоҳӣ, ки зану духтарат бо гиребону ним метр атрофи ноф луч гарданд? Сухан дар бораи напушидани либосҳои аз ҳад зиёд танг меравад: чӣ мард бошаду чӣ зан. Воқеан, барои мардҳо ҳам шимҳои бисёр танг пӯшидан ё бо бриҷа дар байни ҷомеа гаштан аз рӯи ахлоқи мусалмонӣ нест. Ҳоло барои ҷавонҳо мӯд шудааст. Чунон шими танг мепӯшанд, ки тамоми аъзои баданашон айён аст, чӣ аз пешу чӣ аз қафо. Магар ҳамин аз рӯи одобу ахлоқ аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)