Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 10:35

Вазир дар бораи маоши табибон ва ҳамкорӣ бо доруфурӯшон

17 август 2017, 16:43

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон такроран таъкид намуд, ки ҳамкории табибон бо ширкатҳои доруфурӯшӣ дар кишвар мамнуъ мебошад.

Олимзода дар ин бора зимни як ҳамоиш бо рӯзноманигорон иттилоъ дода, таъкид намуд, ки манъи ҳамкории табибон бо доруфурӯшон аз талаботи Кодекси тандурустии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран дар кишвар қабул гардид.

Вазир иттилоъ дод, ки фаъолияти ҳудуди 12 ширкатро, ки бо табибон ҳамкорӣ доштанд, пурра қатъ намудаанд. Ӯ ҷой доштани ҳолатҳои коррупсиониро дар муассисаҳои тиббӣ тасдиқ карда, барои решакан кардани он шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ даъват намуд ва афзуд, ки бартараф кардани ин зуҳурот бидуни иштироки шаҳрвандон ғайриимкон аст.

Тибқи иттилои вазир ба ҳолати нимсолаи аввали соли равон маоши табибон аз 800 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сиёсатмадор

  • 17 август 2017 18:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
......ҳамкории табибон бо ширкатҳои доруфурӯшӣ дар кишвар мамнуъ мебошад
Мухтарам ВАЗИР!!! Пас духтур аз кучо медонад ки кадом намуди дору дар Чумхури вучуд дорад? Кадом доруро барои беморон нависад?
Вакте, доруфуруш сертификати доруи худро мегираду пешниход ба Халки ЧТ мекунад Вазорати Тандурусти вазифадор аст ки ба тамоми духтурони Чумхуруи руйхати дорухои сертификатдоро пешниход намояд.
Агар имруз духтурон хамкори бо доруфуршон накунанду номи дорухоро надонанд, пас дар руйхат номи доруро чунин менависанд: Дору барои дарди сар (номаш нест чун хамкори ичозат нест), Дору барои дарди дандон. дигару дигару дигар.
Бечораи бемор дигар доруи дарди сар кофта мегарда ки аз кадомаш хараду зуд табобат ёбад.
Дорухое ки Точикистон истехсол мекунад аз дорухои хорича кимматар аст. Хубтар мешуд дар вакти сертификати дору додан аввал СИФАТИ дорухоро месанчиден.
Байни духтуру доруфурш ягон кори корупсиони нест чун онхо ПУЛИ ДАВЛАТА ЧГЕЛ намекунанд. Ман сохтмончи хастам на духтур лекин Ин коре ки шумо ВАЗИР мекунед хато хаст хато. Пешниход кунед ба хамаи ДУХТУРОН дорухои сертификатдоштаро.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам вазир! Ришвахории табибон аз хама беш дар шахри Панчакент аст. Дар ин чо касе пишаки табибонро пиш гуфта наметавонад. Муносибати табибон бо беморон хеле нигаронкунанда аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Вазир! Имрузхо вакти ба синфи якум супоридани хуччатхои мактаббачахо аст. Барои як справкаи Тибби , духтурон руирост 50-60 сомони талаб мекунанд. Дар поликлиникаи назди Мелиорация тамоми кормандон саломатро бе пул кабул намекунанд. Як прививка аз 5 то 10 сомони арзиш дорад. Тамоми справкаи духтур аз 20 сомони сар мешавад то 50-60 сомони. Аламовараш он аст, ки онхо нотарсида руирост пул талаб мекунанд ва мегуянд, ки Вазорат ягон кор карда наметавонад...
Посух додан
  • Jora

  • 18 август 2017 09:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин мухтарам вазир бенихоят фикри хуб кардаед.. Хозира духтуро бенихоят ришвахур шудаанд наздашон барои дарди сар рави агар касали канд гуфта дорухои фирмави менависанду фоидаяшро гирифта зиндагони мекунанд....
Посух додан
  • Сиёсатмадор

  • 18 август 2017 10:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беном,
Якбор нархи давлатиша напурсиди? агар хато накунам нархи справкаи давлати 50 сомон аст.
ВАКТЕ БА БЕМОРХОНАХО МЕРАВЕД АВВАЛ НАРХИ ДАВЛАТИРО БИНЕД, КИ КАДОМ ТАБОБАТ ЧИ КАДАР АРЗИШ ДОРАД!!!
Нарххоро намебинен баъд дар сомонахо менависен ки рафтем ин кадар сум гуфтанд.
НАРХИ ДАВЛАТИРО БИНЕН АВВАЛ НАРХИ ДАВЛАТИ!!!
Табобати бепул дар ГУР аст тамом. Дигар хамачиз пулаки шудааст.

Jora,
Дорухое ки фирмави нестанд номбар кунед. Хаму парацетамола фирма меорад.
Посух додан
  • Беном

  • 18 август 2017 12:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам вазир якбор маркзаи пайвандсозиро назорат кунед охир! Чонамон ба лаб омад. Ин чи гап охир????Сиёсатмадор,
Сиёсатмадор,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳамкорӣ аз ҳамкорӣ фарқ мекунад. Вақте агенти доруфурӯш ба терапевт 100 доллар медиҳаду ҳатман ҳамин доруро ба бемор бинавис, мегӯяд, ин ҳамкорӣ не, ҷинояткорӣ аст. Бисёр доруҳо аналог доранд, аз аслашон чандин маротиба арзонтар, вале қувваи таъсираш як хел аст. Духтури порахӯри бевиҷдон дидаву дониста, аналогро мемонаду ба бемор дорӯи беҳад қиматро менависад. Зеро барои он пора гирифтааст. Пеш аз доруи гаронбаҳо (300-400 сом.) навистан, духтур бояд аз бемор пурсад, ки оё ӯ имконият дорад, ҳамин дорӯро бихарад? Агар бемор не гӯяд, духтур бояд дигар чиз пешниҳод кунад. Мутаассифона мо фақат дар дорухона шоҳиди он мешавем, ки ба мо духтур дорӯи бо нархи осмонӣ навистааст.
Посух додан
  • Сиёсатмадор

  • 18 август 2017 15:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
Духтур мепурсад, инчо АММО хаст.
Вакте духтур доруи арзон менависад баъдан бемор доруи арзонро харида шифо намеёбад дарав ДАР СОМОНАХО МЕНАВИСАД КИ ДУХТУРОН БЕСАВОДАН. Бемор фикр намекунад ки доруи арзон бесифат аст. Пеши як фолбин мераван ставкаш аз 50 сомон боло аст хатто то 3000 сомон. Фолбин дар ягончо намехонад факат кораш фиреб кардан аст. Лекин духтур 7 сол мехонад омада дар як мох ба 600 сомон кор мекунад.
Рафта ХАДАМОТИ ФАРМАСЕВТИРО пурсед ки чаро дорухо бесифатан?
Дорухои босифата ягон кас ба бемор 10-20 сомон намефурушад.
Масалаи дорухо АНАЛОГ доранду нархашон арзон ва кувваи таъсирашон якхел ИН САД ДАР САД хато хаст. Бовар накунен мархамат ана хамон аналоги 10 сомона (то 50 сомона) бо доруи босифати 100 сомона ( то 300 сомона ) санчед баъдан хулоса бароред. ИН МАСЪАЛАИ ДОРУ БОРИ АВВАЛ БА ПО МЕХЕЗАД ЛЕКИН ОБИ РАВОНИ КУХНА ХАМОН ОБИ РАВОНИ КУХНА АСТ.
ДОРУИ БЕСИФАТ ХАРИДЕД ЛЕКИН МУХЛАТИ ИСТИФОДАБАРИАШ ТАМОМ НАШУДААСТ ХАДАМОТИ ФАРМАСЕВТИРО ПУРСЕД КИ ЧАРО ИЧОЗАТ ДОД ЧУНИН ДОРУ ВОРИДИ ТОЧИКИСТОН ШАВАД.
Посух додан
  • Оскари доруфуруш

  • 18 август 2017 15:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби вазир ва атрофиёнашон системаи доруфуруширо таги даст карданианд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!