Бахшҳо
17 авг 2017 08:13Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Бойкот”-пешниҳоди ноиби вазир алайҳи ҷаҳиши нарх дар идҳо

Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, танзими талабот ва “бойкот”-ро аз чораҳои самарабахш хонд, ки ба гуфтаи ӯ дар кишвари мо алайҳи болобарии сунъии нархҳо истифода намешавад.

Давлатзода ахиран зимни ҳамоиш дар мавзӯи “Инъикоси масоили ғизо дар ВАО” гуфт, дар иқтисоди бозорӣ ду омил-талабот ва таклифот калидиянд: “Мо фақат аз нуқтаи назари таклифот амал мекунем, ки барои чӣ дар бозор фалон молро пешниҳод намекунед? Аммо барои чӣ мо талаботи худро танзим намекунем? Яъне барои чӣ “байкот” намекунем, вақте ба тариқи сунъӣ нархҳоро ду баробар дар арафаи Иди Рамазону дигар баланд мекунанд, барои чӣ мехарем? Як кас не, вақте дастаҷамъона мо метавонем, “бойкот” кунем, бозор танзим мешавад”.

Давлатзода аз сафараш ба як кишвар мисол овард, ки дар арафаи ид савдогарон ба далели афзоиши талабот ба писта, нархи онро боло бурданд: “Бояд писта ҳатман болои дастархони идона бошад ва савдогарон нархро боло бурданд. ВАО ба по хест, руҳониён фатво доданд, ки ба далели гаронӣ шумо метавонед, хони идона бидуни писта ороед. Ҳатто фатво доданд, ки хариди он бо нархи гарон ҳаром аст, ба хотири он ки аз луқмаи фарзандатон мезанеду кам мекунед”.

Ба гуфтаи Давлатзода чунин иқдом боиси муфлисии афроде гардид, ки хостанд аз ниёзи мардум сӯиистифода кунанд ва кор бо он анҷомид, ки нархи писта беш аз пеш арзон шуд: “Аммо мо мутаассифона танзимро аз тариқи талабот ҳанӯз истифода намебарем. Маҷбур мекунем, ки деҳқон маҳсулоташро арзон кунад. Барои чӣ? Барои он ки мо фақат пули кисаи худамонро ҳисоб мекунем, ки маоши ман ин қадар аст. Фикри деҳқонро кам мекунем”.

Давлатзода инчунин пешниҳоди бархе аз рӯзноманигорон, масъулин ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро барои ҷой додани деҳқон дар бозорҳо қобили қабул намедонад: “Вақте деҳқон дар бозор мешинад, кори ӯро кӣ мекунад? Ҷараёни кишоварзӣ якрӯза нест, давоми сол меравад. Ҳар кас бояд кори худашро кунад”.

Ноиби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз мушкилоти аслии марбут ба танзими нархҳоро дар кишвар набудани як захираи иттилоотӣ хонд, ки метавонад барои пешгӯии нарху навои зироатҳо барои солҳои минбаъда мусоидат намояду деҳқон дар бораи дурнамои нархҳо иттилое дошта бошад.
Ба ақидаи Давлатзода бояд дар Тоҷикистон биржаи молу ашё дар шакли наву муосир эҳё шавад, ки тариқи он хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ низ роҳандозӣ гардад: “Тариқи электронӣ дар биржа иттилоъ пешниҳод мешавад, ки фарзан ман дар Ҷиргатол 10 тонна сабзӣ дорам ва нархаш сари замин фалон аст. Вақте иттилоъ пешниҳод мешавад, деҳқон ба ҳеч ҷо намеравад, савдогар мераваду меорад. Чун ҳамаи иттилоъ дар биржа пешниҳод шудааст, шумо аллакай медонед, ки маҳсулот аз сари замин чӣ қадар нарх дошт ва ба он хароҷоти интиқол зам мешавад. Дар ин сурат имкон дорад, ки меъёри фоидаи савдогар танзим шавад”.

Пешниҳоди Давлатзода барои “бойкот”-у танзими талабот дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи идҳо ба далели афзоиши талабот нархҳо боло мераванд.
Мӯҳр
сахро
Вақте деҳқон дар бозор мешинад, кори ӯро кӣ мекунад?
Ҳар кас бояд кори худашро кунад.
Ба гуфти шумо чои дехкон дар сахрою чои чалоб дар бозор.
Биржаи электрониатро факат дар девони вазирон чори кунед. Дар сахро на алока хаст ва на интернет.

Мухтарам ноиби Вазир ! Пештар кучо будед ? Бо кабули конуни нави танзим дастархони маънавии хоксорона меороем. Парво накунед.На факат пистаро хатто мавизу бодомро хам байкот эълон мекунем.Чунки нархашон дар осмон.
Лекин бе нону халво намешавад

898
Як рохи нисбатан осонтар хаст.Ин хам бошад ба тарики гирифтани андоз аз фоидаи беасос ба даст омада.Яъне хама нафароне ки ба савдо машгуланд андозсупоранда хастанд.Дар арафаи болоравии беасоси нарххо намояндаи андоз хронометраж гузаронида анозбанди намояд.Чун фурушанда мебинад ки андози калон месупорад нархро баланд намекунад.

Бойкот иқдоми хуб аст. Вале он дар мамолики пешрафта амал мекунад. Тоҷикон чӣ будани бойкотро намедонанд. Дар рӯзи ид беҳтар аз ҳама дастархони муқаррарӣ оростан аст. Шарт нест, ки ба хонаи ҳар як кас барои дуо бидароӣ. Барои дуохонӣ бояд ба он хонаҳо биравӣ, ки маргу мурдаи нав доштан. Ҳамон ҳам дар дохили дарвоза хона фотиҳа хонда, рафтан мумкин. Албатта хуб аст, ки дастархони ғанӣ дошта бошӣ, зеро хешу табор омаданаш мумкин. Лекин бо ин савдогарони беинсофи гӯрсӯхта дастархони идона оростан осон нест. Онҳо яе шиор доранд: "ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД." Ин масъала хеле мушкил буда, солҳост, ки ҳеҷ ҳалли худро намеёбад.

Салом
Хак ба чониби шумо ман таклиф мекунам як кумита дар бораи тафтиши дастархони идона ташкил шавад.

Ман тарафдори байкот. Биёед дар якчоя барои Иди Курбон як хафта пеш ягон чи аз бозорхо намехарем. Ки гуфт, ки вакте ба хонаи ман касе барои дуохони меояду мегуяд дар дастархонам хеч чиз нест?! Хубаш наояд! ЯК ХАФТА ПЕШ АЗ ИД ДАР БОЗОРХОИ КИШВАР БАЙКОТ ЭЪЛОН ШАВАД!!!

точик
бояд конунан дастархони идонаро бархам дод! Агар маблаги зиедати доред барои ягон камбагал 100 ё 200 сомони дихед савоб мегиред, на ин ки садхо ва ё. хазорхо сомонро ба исрофи бехуда сарф намоед.

коргар
К,онуну танзим х,ама барои 2-3 камбагали бечора! О намешад, ки х,амон тарабхонах,оро аз назар гузаронанд, ки бегох шид аз рох,и назди тарабхонахо аз мошина бисëриша гузашта намешад. Фикр намекунанд ки Точики
стони мо маоши медодагиаш ба як бегох дар тарабхона шиштан тамом мешавад. О вай тарабхонашино бо арусошон аз кадом хисоб ëфта маишат мекунанд! О танзимда хаминора дохил кнан, ки то харуза дар тарабхона нею як бегохинаша дар 2-3 камбагал дихад ин хам савоб аст Бародарои маслихатчи!

Баеқлак
Ҷаноби раис аз худатон канӣ як сар кунед. Бинед чӣ мешавад?
Лаънатии шикамро намешавад фиреб карда... чизеро як бор ҷо дод, боз мехоҳад, ин чашми беор ҳарчиро дид, боз беҳтарашро мехоҳад бубинад, сабилӣ ин пушти нарми ман, нармтар аз ончӣ ки болояш ҳаст онро мехоҳад....

Беҳтарин пешниҳод ва беҳтарин андеша. Воҷеан ҳам Давлатзода яке аз донандагони хуби иқтисоди муосир мебошанд. Агар ёдатон бошад, чанд соли пеш дар матбуоти чопӣ ҳам ба ҳамин монанд як бойкот пешниҳод шуда буд дар масъалаи нархи гӯшт. Раиси вақти Душанбе М. Убайдуллоев қариб ҳар моҳ роҳбарони бозорҳоро барои гарон будани нархи гӯшт ҷазо медоданд ё сабукдӯш мекарданд. Ба илова аз буҷаи шаҳр ба таври имтиёзӣ ба бозорҳо ҳам пул ҷудо карда мешуд, вале нарх ҳиҷ поин намерафт. Пас аз он ки дар ВАО пешниҳод шуд, ки "биёед, як моҳ гӯшт намехӯрем." нарх каме танзим шуд. Бояд бойкот эълон кард. Мардум мегӯяд, ки "Ё бора пеши хар ё хара пеши бор". Агар қонуну қоидаҳои исломиву дунявӣ виҷдону имони ин фурӯшандаҳоҷиҳои моро азият надиҳад, пас бояд бори онҳоро нахарид, то хар пеши бор биёяд. wink

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)