Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 22 сентябр 2017, 23:59

Доғистон омӯзгоронеро, ки барои кор Тоҷикистон меоянд, интихоб кардааст

17 август 2017, 10:01

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Доғистон аз миёни 70 омӯзгори довталаб беҳтаринҳоро барои кор дар макотиби миёнаи Тоҷикистон интихоб кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии ин вазорат хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, 16 август Шоҳабос Шахов, вазири маориф бо омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон мераванд, дидор кардааст. Торнамои расмии Вазорати маорифи Доғистон навишта, ки омӯзгорони интихобшуда аз беҳтаринҳо буда, “барои мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи тадрис ба забони русӣ ба кишвари дӯсту бародар рафта аз фанҳои “забони русӣ”, “информатика”, “математика”, “химия” ва “биология” дарс мегӯянд”.

Манбаъ мефзояд, вазир ба омӯзгорон барои қабули даъвати кор ба Тоҷикистон изҳори сипос карда гуфтааст, “на ҳар кас метавонад ҷойи истиқомат ва тарзи зиндагияшро тағйир бидиҳад”. Ӯ таъкид намуда, ки баробари бозгашт ба Доғистон ҳар яки онҳо метавонанд ба ҷойҳои кории қаблии хеш барқарор шаванд.

Қаблан торнамои РИА Дербент иттилоъ дода буд, ки барои кор дар муассисаҳои миёнаи таълимии Тоҷикистон муаллимони забони русӣ, риёзӣ, информатика, физика, биология, кимиё бо таҷрибаи на камтар аз 5 сол даъват мешаванд: “Ҷониби Тоҷикистон муваззаф мегардад, ин омӯзгоронро бо манзил ва музди меҳнат (баробар бо маоши миёнаи муаллимони маҳаллӣ, тақрибан 14 ҳазор рубл) таъмин намуда, инчунин маблағи барои парвоз ба ин кишвар масрафшударо пардозад”.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати маорифи Русия дар навбати худ бо ин омӯзгорон қарордоди ҳамкорӣ имзо мекунад. Дар ин шартнома ба муаллимон пардохти 60 ҳазор рубл музди меҳнат, суғуртаи тиббӣ ва пардохти маблағи интиқоли боғоҷи онҳо кафолат дода мешавад. Муҳлати шартномаи омӯзгорони рус як сол бо имкони тамдиди он нишон дода шудааст. Гуфта мешавад, омӯзгорони рус дар литсейҳои президентии Тоҷикистон дарс хоҳанд гуфт. Моҳи сентябри соли 2013 Константин Косачёв, масъули “Россотрудничество” ба расонаҳо гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳукумати Русия хоҳиш кардааст, то Тоҷикистонро бо муаллимҳои забони русӣ таъмин кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • сарсонбой

  • 17 август 2017 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар кучои Точикистон музди мехнати муаллим ба 14000 рубл баробар аст?,магар дар худамон нестанд чунин омузгоронн?ва чаро аз Догистон чаро аз минтакахои русннишин не?догистонихо сатхи дониши русиашан кариб дар як сатх бо мо точикистохо мебошад,инчо ягон гап хаст,шояд тагии коса нимкосае бошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ҷои ба забони англисӣ таваҷҷӯҳи бештар диҳанд ва ба дунёи демократӣ наздиктар шаванд, инҳо домани русу Русияро ҳеҷ неки раҳо диҳанд. Худи тоҷикон дар ҳасрати хонаанд, ба доғистониҳо аз куҷо хона медода бошанд?
Посух додан
  • Муаллим

  • 17 август 2017 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
60 000 + 14 000=74 000 рубль, бар замри он сугурта, билетпули ба тараф, бо чойи хол таъмин кардан, яъне хона ё хобгох додан. бехтарин шароит. Нисфи хамин шароитро мухаё кунед, хазорхо муаллимони точикистони аз мухочират бармегарданд. Хам сохиби чойи кору маоши дилхох, хам дар Ватан, назди зану фарзанд. Мухимтар аз хама барои Ватани худ, маориф ва миллати худ хизмат хоханд кард. Зинда бод Точикистон! Нест бод гариби!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллим,
Беҳтарин суханҳо. Дарди миллатро гуфтед. Ҳазорҳо ҳазор муаллиму духтуру муҳандису ва дигару дигарон аз нагузаштани рӯзу рӯзгорашон Ватанро тарк карда ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Махсусан муаллимон. Онҳо дар Русия аз ҷумла ба кӯчарӯбӣ низ машғуланд. Беҳтарин донандаҳои забони русӣ ба нафақа рафта, дар хона шиштаанд. Чаро аз онҳо истифода накунем? Агар ба муаллим ду ё се ҳазор маош диҳед, аз хурсандӣ ӯ ҳатто дари хонаашро фаромӯш мекунад. Паст будани сифати дарсдиҳӣ дар макотиб аз паст будани маош аст. Натанҳо русӣ, балки сифати ҳамаи фанҳо пасттаринанд. Чаро яку якбора дилашон ба забони русӣ тапидаасту ба физикаву матему химия не?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!