Бахшҳо
17 авг 2017 11:18Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии ҷиддии Президент аз сатҳу сифати дониши хонандаҳо ва мизони таҳсили духтарон дар мактабҳои миёнаи Ҷайҳун

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони зиёда аз 19 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронидаанд, ки назар ба соли 1991-ум 1000 гектар кам мебошад.

Президенти кишвар субҳи имрӯз, 17 август зимни суханронӣ дар ҳузури роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун таъкид намудааст, ки “кишти пахта 6500 гектар, истеҳсоли гӯшт 1000 тонна, шир 900 тонна, пилла 112 тонна ва майдони токзор 90 гектар коҳиш ёфтааст”.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта масоҳати кишти картошка 100 гектар, сабзавот 210 гектар ва истеҳсоли картошка 1200 тонна кам шудааст: “Ҳолати дигари нигаронкунанда ин аст, ки дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ масоҳати заминҳои корами обии ноҳия беш аз 6200 гектар кам шудааст. То имрӯз қариб панҷуним ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 5100 гектар заминҳои корами обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд, ки 24 фоизи заминҳои партови вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки айни замон зиёда аз 26 ҳазор гектар заминҳои ноҳия бо об таъмин буда, имконияти обёрӣ намудани боз ҳазорҳо гектар мавҷуд мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз сатҳи таъсиси ҷойҳои корӣ нигаронӣ кардааст: “Ҳоло дар минтақаи мазкур 14 ширкат ба қайд гирифта шудааст ва то имрӯз ҷиҳати ба фаъолият оғоз кардани онҳо ҳамагӣ 7 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, 100 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Ин рақамҳо нисбат ба имкониятҳое, ки дар минтақа вуҷуд доранд, ночизанд”.

Дар идомаи суханронӣ Президенти Тоҷикистон гуфтааст, дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия умуман истеҳсолӣ нашуда, корҳои сохтмон низ иҷро нагардидаанд: “Бинобар ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин барои суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақа чораҳои фаврӣ андешанд”.

Ба гуфтаи ӯ, давоми солҳои 1997-2016 дар ноҳияи Ҷайҳун тавассути дастгириҳои давлат, инчунин, бо кумаки соҳибкорон даҳҳо бинои нави таълимӣ ва 271 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуда, дар маҷмӯъ, барои беш аз 7200 ҳазор нафар хонанда шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шудааст: “Лекин то имрӯз дар сатҳи паст қарор доштани сатҳу сифати дониши хонандагон, пурра фаро гирифта нашудани духтарон ба зинаи таҳсилоти умумӣ, сатҳи нокифояи таъминот бо омӯзгорони фанҳои дақиқ ва иҷро нагардидани Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар ноҳия боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад”.
Мӯҳр
Ноҳияи Ҷайҳун кадом аст? Магар Ҷайҳун номи дарёи таърихӣ набуд?

мехмон
Дар кадом нохияхо шир , гушт истехсол мешавад? О ин санадхо ва оморро аз кучо мегиранду ба президент хисоботи бардуруг медиханд? Боз 1000 тонна боло??!!! Ачоиб ? Сахти хочагихои аграри ва ширу гушт нисбат ба солхои СССР кариб 85% нисбат ба ахоли паст рафтааст. Дар баъзе оилахо норасоии Fизо баръало намудор хаст!! Асри 21 ва сулху амони хасту дуруг бисёр! Чаноби Олиро фиреб мекунанду омори изофанависи вучуд дорад !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)