Бахшҳо

Футболбози тоҷиктабори “Зенит” ба тими миллии Русия гузашт

Далер Кузяев, ниммуҳофизатгари тоҷиктабори дастаи “Зенит”-и Санкт–Петербург ба ҳайати мунтахаби Русия пазируфта шуд. Дар ин бора торнамои “championat.com” хабар додаст.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати мунтахаби Русия пазируфтани Далер Кузяев мантиқист, зеро дар ҳайати “Зенит” дар шаш бозии ин мавсим 3 гол зада, як партофти головар анҷом додааст. Станислав Черчесов, сармурабии яккачини Русия дар баробари Кузяев аз “Зенит” дарвозабон Андрей Луневро низ даъват кардааст.

“Championat.com” мегӯяд, Далер метавонист дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад, зеро падараш Адам Кузяв дар Душанбе ба воя расидааст, аммо ӯ интизори даъват ба тими мунтахаби Русия нишаст. Далер Кузяев, нимҳимоятгари 24-солаи “Зенит” қаблан дар як мусоҳибааш далели ба мунтахаби футболи Тоҷикистон нарафтанашро шарҳ дода, гуфта буд, мехоҳад дар яккачини Русия бозӣ кунад. “Ман имкони бозӣ кардан дар тими миллии Тоҷикистонро, ки зодгоҳи волидонам ҳаст, доштам. Ба ин масъала падарам машғул буд. Аз таваҷҷуҳашон мамнунам, аммо мехоҳам дар ҳайати мунтахаби футболи Русия, кишваре, ки ба дунё омадаам, бозӣ кунам”,-афзудааст ӯ.

Далер Кузяев моҳи июн ба “Зенит”-и Петербург гузашт. Ӯ дар гузашта дар “Терек” ҳам бозӣ кардааст. Дар ин мусоҳибаи худ мегӯяд, Рашид Раҳимов, сармураббии пешини “Терек” барои рушди ӯ ҳамчун футболбоз нақши бузург дорад. Падари Далер дастаи “Нарва-Транс”-и Эстонияро тамрин медиҳад.
Мӯҳр
тошболта
Ач,або,ин Кузяева куч,ош точ,ик боша???

Darer dodar, holi bin chi khel munosibat mekunand. Dar Tojikiston khuni nofat rekht, Tura Tojik gufta da'vat kardand, ba Vatanat hamin qadar khizmat nakardi? Da yak 4-5 bozi dorad yo nadorad
Dar inja toji sar mebudi, dar unja bin chi meshi. Hama parazheniyoshba tu gunahkor meshi, agar havayam darorand da bozi

Jh
U tojiktabor nest. Totor ast. Padarash dar Tojikiston mezist. Daler zodai Rusiya ast.

Дигар ба ному насаб бовар карда намешавад. Ному насаби тоҷикӣ доранду худашон русу тотору ва дигару дигаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)